Президенти мамлакат дар яке аз мулоқотҳояш бо ҷавонон гуфт, ки онҳо илмро қадр кунанд, кӯшишашонро ба омӯзиши он сарф намоянд, як дақиқаи вақташонро беҳуда сарф накунанд, зеро дониш сарватест, ки дар оташ намесӯзад, дар об ғарқ намешавад ва касе онро гирифта наметавонад.
Дарҳақиқат, илм махзанест, ки ҷавононро метавонад соҳиби дастовардҳои зиёд ва пешравиҳо гардонад.
Таълим бо тарбия ҳамеша тавъам аст. Он дар оила ва кӯдакистонҳо шурӯъ шуда, домани худро дар мактаб фарохтар месозад. Дар суҳбате, ки бо мудири шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳияи Фарғона Ғуломҷон Ортиқов доштем, ба сифати кори таълиму тарбия ва дастовардҳои ин ноҳия вобастагӣ дорад.
– Дар ноҳияи мо 221 муассисаи таълимӣ мавҷуд буда, аз он 63 мактаби таҳсилоти умумӣ, 1 мактаб-интернати давлатии тахассусӣ, 2 муассисаи таълими ғайридавлатӣ, 55 муассисаи давлатии томактабӣ, 10 муассисаи хусусии таълими томактабӣ, 12 муассисаи таълимии томактабии ғайридавлатӣ дар шакли шарикӣ-давлатию хусусӣ, 77 муассисаи таълими томактабии оилавии ғайридавлатӣ ва 1 мактаби бачагонаи «Авлоди комил» фаъолият мекунанд. Ҳамаи корҳо бар асоси стандартҳои давлатӣ ба роҳ монда шудаанд, – гуфт ҳамсуҳбати мо.
Ба гуфтаи Ортиқов дар соли таҳсили 2023-2024 теъдоди донишомӯзон 35 ҳазору 939 нафарро ташкил намудааст. Таълим дар се забон: ӯзбекӣ, русӣ ва қирғизӣ ба роҳ монда шудааст.
– Дар робита бо фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таълими томактабӣ метавон гуфт, ки аз 16 ҳазору 487 нафар кӯдакони аз 3 то 7 сола 14 ҳазору 715 нафарашон ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанд.
Тибқи шумораи ҳисобсурати мактабҳо ва муассисаҳои таълими томактабӣ, дар сметаи хароҷот барои соли гузашта беш аз 193,4 миллиард сӯм пешбинӣ шуд. 134 миллиард сӯми онро музди меҳнат ташкил дод. Ҳамзамон барои хазинаи директори мактаб 55,5 миллиард сӯм ихтисос ёфт, ки аз ин ҳисоб ҳудуди 3,4 миллиард сӯм ҳамчун маоши иловагӣ ё мукофотпулӣ, 2,2 миллиард сӯм барои рағбатноккунӣ ва кумакҳои молиявӣ барои омӯзгорони пешқадам сарф карда шуд, – изҳор дошт Ғ.Ортиқов.
Ғуломҷон Ортиқов яке аз паси дигар рақамҳои калонро ба забон меовард ва ман итминон ҳосил менамудам, ки ҳусни таваҷҷуҳ ва ғамхории сарвари давлат нисбати рушди мактабу маориф ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҳимоя гардидани кормандони соҳаи таълиму тарбия беш аз пеш меафзояд. Зеро дар баъзе мактабҳо муаллимоне фаъолият мекунанд, ки маошашон аз 1000 доллари амрикоӣ зиёд аст ва ҳатто аз он ҳам маблағи бештарро ташкил мекунад.
Тибқи Фармони Президент сентябри соли 2023 дар «Рӯзи омӯзгорон ва мураббиён» барои садоқат ба кори таълиму тарбия ва фаъолияти шоиста дар ин соҳа чаҳор нафар омӯзгорони вилоят сазовори мукофотҳои давлатӣ гардидаанд. Аз ин ду нафар – Шуҳрат Ӯринбоев, муаллими фанни санъати тасвирӣ ва нақшакашии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 бо ордени «Меҳнат шуҳрати», муассиси муассисаи таълимии ғайридавлатии «LE CRAYON», муаллими фанни химия Ҳаётҷон Холмирзоев бо медали «Шуҳрат» мукофотонида шуданд. Инчунин як нафар бо нишони сарисинагии «Фидоии таълими халқ»-и Вазорати таълими томактабӣ ва мактабии ҷумҳурӣ ва чаҳор нафар мудирони мактабҳо ба гирифтани «Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон» ноил шудаанд.
– Дар муассисаҳои таълимӣ тадриси забонҳои хориҷӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Аз 2 ҳазору 79 нафар хатмкунанда 143 нафар ба гирифтани медалҳои нуқра ва тилло сазовор гардиданд, 771 нафар (37,1 фоиз) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва 37 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус дохил шудаанд, – зикр намуд Ғ. Ортиқов.
Ба гуфтаи мудир соли гузашта 11 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ мақоми «Мактаби замонавӣ»-ро гирифт. Имрӯз дар маҷмӯъ 22 муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ (34,4%) ба чунин мақом ноил гаштаанд. Ду нафар шогирдони мактабҳои ноҳия дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, ҷойҳои ифтихориро ба даст овардаанд. Аъзамҷон Нурматов аз синфи 1-уми мактаби таҳсилоти умумии рақами 44-ум дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни арифметикаи менталӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи 1-ум шудааст.
Дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, мисли шоҳмот, шашка, футбол, давидан ба масофа, ҷаҳидан ба баландӣ, баскетбол ва амсоли он низ шогирдони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ шарафи ноҳия ва вилояти худро ҳимоя намуда, ба чанд дастоварди муҳим ноил шудаанд.
– Тарбиячии ташкилоти давлатии томактабии рақами 3-юм Зарнигор Эминова дар марҳилаи вилоятии озмуни «Беҳтарин мураббии сол-2023» ва директори муассисаи давлатии таълими томактабии рақами 45-ум Нилуфархон Юсуфова дар марҳилаи вилоятии озмуни «Зани оқила-2023» ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд, – мегӯяд Ғ. Ортиқов.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.