ТАЛОШ

Эй хоҷа, ҳама суфра талоши ту шавад, Гар ин накунӣ, куҷо маоши ту шавад? (МУШФИҚӢ)

Субҳи босафое буд. 
Офтоби аз ақиби Боботоғ сар бароварда деҳкадаҳои Синаю Ӯшор, Поҷӯру даромадгоҳи Дараи Ниҳонро акнун музайян мегардонид. Аз роҳҳои мумфарши Санггардаку Хондиза ягон-ягон мошини сабукрав ё аспсавору харакӣ ин сӯю он сӯ рафтуо доштанд.
Аспакиҳо ҳамин, ки ба ягона осиёи қадимии сари роҳи Поҷӯр мерасиданд, ҷилавро дошта, ҳамон сӯ тоб мехӯрданд. Аммо савораи аспи сияҳмушкин он ҷо расиду савораи маркаби сафеди беҳад харобу лоғарро дида, бозистод. Ҳарду ҳам – Пардапаҳлавону Сулаймон шоир фуромада, бағал боз карда вохӯрданд. Хушҳол буданд.
– Дар ин бомдод сафар бахайр? – дандонҳои бар асари нос каме зардшудаашро намоиш дода пурсид шоир Сулаймон. – Хона меравем.
– Як вақти дигар, – оҳиста гуфт паҳлавон. – Шумо куҷо равонед?
– Ман як мушт гандум ба осиё оварда будам. Агар орд карда бошанд, мебарам.
– Бо мо Поҷӯр намеравед, – гуфт он марди қоматбаланд. – Он ҷо бузкашӣ мешавад. 
– Шумо зӯр, тавоно! Бузкашӣ кори  ҳар кас не.
– Шумо ҳам метавонед, Сулаймон. Як аспи соз даркор. Лозим донед, ёрӣ медиҳем. Якҷо асп метозем, – гуфт бо табассуми самимона Пардапаҳлавон.
– Барои интихоби асп, медонам, ёрӣ дода метавонед. Аммо дар майдони бузкашӣ-чӣ? Ин гуна ҳунар надорам. Вале тамошояш мефорадам.
– Пас, рафтем, Соҳибовро мебинем – директори мактабе, ки мову шумо чанде он ҷо кор карда будем, сари кӯҳи баланд.
– Сари кӯҳи баланд, най мекашад ёр, – мисраи аввалини дубайтии халқиро хонд шоир.
– Ин гапи дигар.
– Кӣ тӯй доштааст?
– Ака Ҷалил Ӯрунов... Як моҳ пеш ба атроф хабар рафта буд. Бузкашҳои номдор меоянд.
– Ана бинед, – ба саворони аз ду тараф омадаистода ишора намуд Парда паҳлавон.
Тахмин бист аспакӣ оби Санггардаксойро чарахса кунондаю пиёдаҳо аз помонакҳои сангӣ  ҷаҳида гузаштанд.
Устод Сулаймон маркабашро, ки ба хасу хошок даҳан мезад, луч карда сар дод ва бо табассум «Рав, чарида гард, тулфор!» – гуфт.  – Агар гург-пург ҳамла орад, натарс, амаки осиёбон ҳастанд. – Ӯ сӯйи пирамарди саропо чанги осиё нишаста ишора кард.
Пардапаҳлавону осиёбон аз гапҳои шоир завқ мебурданд.
– Рафтем. Чаро истода мондед? – Аз халтачаи селофанӣ нос таги забон кард ӯ.
– Сабр бикунед. Аз Хондиза Низом чавандоз меоянд... Бинем, ки бо киҳо меоянд... Аспи нав харидаанд. Таъриф карданд.  Бақувват будааст. 
Инҳо хомӯш ба роҳ ва атроф – манзараи дилнишини кӯҳсор назар меафканданд.
Шуввоси оби Санггардаксой ба кӯҳу камар бархӯрда, нафис ба гӯш мерасад.
Интизории онҳо ба омадани ака Низом, ки Хуктоз лақаб дошт, дер давом накард. Ӯ бо ду-се савораю аспҳои салти бо расани дароз бастаашон аз пайроҳаи баландкӯҳ нишеб шуданд. Аспҳои салташон барои ҳар эҳтиёт...
– Ассалому алейкум, – овозҳо печиданд бо ҳам.
– Су-лай-мо-о-н!  Ту ҳам ба тамошо меравӣ? Ана, ба он асп биншин. Натарс, явош аст, – гуфт акаи Низом.
Ӯ ба касони аз худаш хурдсол «ту-ту» гӯён муроҷиат мекард.
– Хӯш, тақсир, — гуфту савор шуд ӯ.
Дар як дам ҳама аз об гузашта, гӯё ба бадани кӯҳу талҳо часпида пеш мерафтанд.
– Парда маъ-ли-и-м! – гуфт бо виқор ака Низом. – Ҷалил Махсум ба кӯчаҳо хабар фиристодагӣ?
– Мувофиқи шунид, – гӯён аспашро ба саманди ӯ наздик бурд, – ба Файзӣ Бобо, Чорӣ Чобағон, Шобердии бойсунӣ, Тӯраи шӯрчигӣ, Ғулом паҳлавон, Суннат Охунди синавӣ, Тӯйчӣ ва  додараш Сулаймони утрорӣ,  Холбойи деҳнавӣ, паҳлавонҳои Ҳисор – Дониёру Расул, барқия фиристонданд. Ба Чоршингаи  туркман ва Тирмиз хабар расидагӣ.
Дигараш ба худатон ва Ҳукум паҳлавон маълум.
– Ҳа-а, маълум-маълум! – гуфт ӯ, ки дам ба дам, бо қирраи чашм ба Сиёҳмушкини ӯ нигоҳе меафканд ва шояд ҳам аз дил мегузаронд, ки имрӯз бо ҳамин асп афту дарафт мекунанд.
***
Онҳо дигар то сари баландӣ хомӯш асп ронданд. Вақте ки аз байни бодомзор мегузаштанд, ака Низом ба ҷилваҳои Сиёҳмушкин ҳавас карда пурсид:
– Пар-да-а, ин аспат аз зоти Хатлӣ (Хатлонӣ) не?
– Шумо аспшинос... Бале, – гуфт бо фурӯтанӣ.
Ин солҳо Парда муаллим акнун ба асптозӣ майл намуда, ном бароварда буд.
«Ғайрати палангу нерӯи шерро дорад», мегуфтанд паҳлавонон.
Ака Низом инро шунида буд. Охир, худаш ҳам аз ҳамин қабил асптозҳост. Боз бо ҳунари «хуктозӣ»-яш фарқ мекард.
Раҳораҳ ӯ ҳам ба тулфору саманди хуктоз зеҳн мемонд. Ҳар ҷо, ки аспи хубе медид, аз «Шоҳнома» Рахш пеши чашмаш ҷилвагар мешуд.
Аспҳо бо шитоб ба ҳавлии тӯйдор расиданд. Атроф пури одаму асп буд.
Ногоҳ ака Низом ба Сулаймони шоир чашмони калон-калонашро дӯхта гуфт:
– Ин аспи зери поятро ба тӯйдор тӯҳфа диҳам, меарзад?
– Ме-ар-зад. Кошкӣ, ба мо ҳам чунин як асп мерасид, – хандид ӯ.
– Навмед мабош, шоир. Агар писартӯй диҳӣ, дон, ки чунин той тӯҳфа мебарам.
Атрофиён аз ин гап хушҳол шуданд.
***
Мардум ин гурӯҳи саворонро ҳам дар тӯйхона хуш истиқбол намуданд. Дар меҳмонхонаи алоҳидае ҷой доданд, ки дастархонаш пури нозу неъмат буд: нон, себу анор, ноку ангур... Баъд табақ-табақ танӯрию гӯштбирён, коса-коса иликшӯрбо, ниҳоят палави ошпазҳои номии Поҷӯр аз биринҷи «оқпар»-у «девзира»-ро оварданд.
Маълум, ки соҳиби тӯй дӯстони зиёд доштааст... Ҳар кадом мувофиқи тавони худ тӯёна меовардааст: баъзеҳо бузу бузғола, гӯсфанду барра, танаю уштурбача, товусу тазарв, соат, радио, телевизор, магнитафон... Ӯ низ дар маъракаи онҳо чизеро дареғ намедоштааст.
Ин таомул дар кӯҳистон аз байн нарафта буд. Давом дошт. Ба мардум дилхушӣ, мардонагӣ ва субот мебахшид.
Хурду калон, зану мард, баъд аз таом, бо ҳавас ба тамошои мутрибу раққосон баромаданд. Баъд навбат ба тамошои бузкашӣ расид.
***
Ҳамон рӯз, чоштгоҳӣ ба майдон як серкаи алои зоти покистониро сар зада, ба майдон, барои асптозҳои ҷавон партофта буданд. Ҷавонпаҳлавонҳо, аллакай, чанд бор онро ба марра расонида, ҷоизаҳои худро мегирифтанд.
Фурсати бузкашии паҳлавонони калон фаро мерасид.
Ногоҳ, ҳаками давра – бакавули калон Носиркал (ӯ аз доштани чунин лақаб ор надошт, марди шӯху дилоро буд) савори аспи Гулибодом ба майдон даромад. Ҷойи марра ва атрофро хабар гирифт. Марраҷо дар саргаҳи аспрез, байни ду арчаи пуршоху барги азим қарор дошт. 
– Ку ҷавонҳо, «пӯстакатон»-ро кашед! – гӯён Носиркал онҳоро аз майдон баровард. Сипас ба аспи Пардапаҳлавон наздик шуда, хоҳиш кард, ки «дар озмуни баровардани «буз»-у ҳаққи ҳалол ёрӣ диҳад, касе дилмонда нашавад».
– Ба чашм, – гуфт ӯ дар ҳузури дӯсташ Сулаймони шоир.
(Давом дорад).
Истад ҚОСИМЗОДА, 
ноҳияи Деҳнави 
вилояти Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: