Тавре ки маълум аст, аз 5 январ то 1 феврали соли ҷорӣ дар Аморати Муттаҳидаи Араб мусобиқаи Ҷоми Осиё баргузор мешавад.
Дар он 24 дастаи мунтахаби миллӣ талош меварзад.
Ҷамоаҳо ба 6 гурӯҳ тақсим шудаанд. Аз ҷумла, дар гурӯҳи «A» Аморати Муттаҳидаи Араб, Таиланд, Ҳиндустон, Баҳрайн, дар гурӯҳи «B» Австралия, Сурия, Фаластин, Урдун, дар гурӯҳи «C» Куриёи Ҷанубӣ, Чин, Қирғизистон, Филиппин, дар гурӯҳи «D» Эрон, Ироқ, Ветнам, Яман, дар гурӯҳи «E» Арабистони Саудӣ, Қатар, Лубнон, Куриёи Шимолӣ ва дар гурӯҳи «F» Ҷопон, Ӯзбекистон, Уммон ва Туркманистон ҷой гирифтаанд.
Обрӯйи дастаи яккачини миллии моро дар ин мусобиқаи бонуфуз футболбозони боиқтидори мамлакат, ки аз ҷониби сармураббии даста Эктор Купер интихоб шудаанд, аз ҷумла, дарвозабонҳо: Игнатий Нестеров («Локомотив»), Ӯткир Юсупов («Қуқон-1912»), Санҷар Қувватов («Насаф»), ҳимоятгарон: Егор Криметс («Пахтакор»), Анзур Исмоилов («Локомотив»), Достон Турсунов («Ренофа Ямагучи», Ҷопон), Ислом Тӯхтахӯҷаев («Локомотив»), Олег Затеев («Локомотив»), Фаррух Сайфиев («Пахтакор»), Акмал Шораҳмедов («Пахтакор»), Даврон Ҳошимов («Навбаҳор»), нимҳимоятгарон: Одил Ҳамробеков («Насаф»), Одил Аҳмедов («Шанхай СИПГ», Чин), Отабек Шукуров («Шаржа», АМА), Фозил Мусоев («Жубило Ивата», Ҷопон), Ҷалолиддин Машарипов («Пахтакор»), Азиз Турғунбоев («Навбаҳор»), Достон Ҳамдамов («Анжи», Русия), Ҷавоҳир Сиддиқов («Қуқон-1912»), Икром Алибоев («Сеул», Куриёи Ҷанубӣ), Элдор Шомуродов («Ростов», Русия), ҳуҷумгарон: Марат Бикмаев («Локомотив»), Сардор Рашидов («Локомотив») ҳимоя мекунанд.
Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби Ӯзбекистон 9 январ бо Уммон, 13 январ бо Туркманистон ва 17 январ бо Ҷопон бозӣ мекунад.
ЧАНД САНАД ДАР БОРАИ МУСОБИҚАҲОИ ҶОМИ ОСИЁ
Ҷоме, ки ба ғолиб супурда мешавад, аз 15 килограмм нуқра тайёр карда шудааст.
***
Маблағи мукофоти Ҷоми Осиё – 2019-ум 14,8 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ба ғолиб 5 миллион, ба ҷойи дуюм 3 миллион ва ба дастаҳое, ки то нимфинал баромадаанд, 1 миллион долларӣ супурда мешавад. Ҳамчунин, ҳар кадом 24 даста, ки соҳиби роҳхати Ҷоми Осиё гардидааст, 200 ҳазор долларӣ мукофоти пулӣ мегирад.
***
Ҷамоаи миллии Австралия барандаи дарамали Ҷоми Осиё мебошад. Дастаи мазкур соли 2015 дар бозии ниҳоӣ, ки мусобиқа дар майдони вай баргузор гардид, бо дастаи мунтахаби Куриёи Ҷанубӣ талош варзида, дар вақти иловагӣ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда буд.
***
Соли 2015 дар сабқати Ҷоми Осиё, ҳуҷумгари дастаи мунтахаби Аморати Муттаҳидаи Араб Алӣ Мабҳути 25-сола бо 5 гол тӯбзани беҳтарин гардидааст.
***
Мувофиқи маълумоти мавҷуда, то имрӯз 8 дастаи мунтахаб дар Ҷоми Осиё пирӯз шудаанд. Агар дастаи мунтахаби Ҷопон дар ин мусобиқаҳо 4 маротиба пирӯз шуда бошад, Арабистони Саудӣ ва Эрон 3 борӣ Ҷоми Осиёро ба даст овардаанд. Куриёи Ҷанубӣ 2 дафъа ғалаба кардааст. Дастаи яккачини Исроил соли 1964 ҳанӯз дар таркиби КФО будан як бор, дастаҳои мунтахаби Кувайт, Ироқ ва Австралия як маротибагӣ ғолиб омадаанд.
***
Ҳуҷумгари машҳури ҷамоаи Эрон Алӣ Доӣ тӯбзани беҳтарини мусобиқаҳои Ҷоми Осиё маҳсуб меёбад. Вай дар таркиби дастаи худ ҷамъ дар 3 чемпионат бозӣ карда, ба дарвозаи ҳарифон 14 тӯб задааст.
М. ҚОДИРЗОДА.