ТАЛОШИ ДИПЛОМАТҲО

Намояндагони ваколатхонаҳои дипломатии дар кишварамон сабтиномшуда ғайр аз фаъолияти доимӣ дар ҳаёти иҷтимоиву мадании мамлакатамон низ фаъол иштирок менамоянд.

21-май дар Экопарки шаҳри Тошканд бо ташаббуси Бюрои хидмат ба ваколатхонаҳои дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дар байни ҷамоаҳои ваколатхонаҳои дипломатӣ ва намояндагиҳои байналхалқӣ бозиҳои варзишӣ баргузор шуд.
Дар чорабинӣ ғайр аз намояндагони ваколатхонаҳо узви оилаи онҳо низ ширкат ҷустанд.
Иштирокдорон аз рӯйи намудҳои тенниси рӯйи миз, волейбол, бадминтон, шоҳмот бозиҳои миллии арғамчикашӣ ва ғайра қувваозмоӣ карданд. Дар бозиҳо сафоратхонаҳои Чин, Русия, Ҳиндустон ва намояндагии Созмони Милали Муттаҳид фаъолнокӣ нишон доданд.
Бояд ёдрас намуд, ки Экопарк ягона истироҳатгоҳест, ки дар он ҷо аттраксионҳо набошанд ҳам, барои баргузор намудани бозиҳои варзишӣ дар оғӯши табиат ҳамаи шароит фароҳам оварда шудааст. Оббозӣ дар ҳавзи сунъӣ, сайру гашт дар ролик ва велосипед ба истироҳаткунандагон ҳузур мебахшад.

Н. НОДИРОВА,
хабарнигори
 «Овози тоҷик».
Суратгир: Т. ХОВАРӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: