ТАМАЪГАРӢ – БАДНАФСӢ, ОҚИБАТАШ ШАРМАНДАГӢ

Тамаъгарӣ, ки бо номҳои ришвагирӣ, порахӯрӣ, ҳаромхӯрӣ, баднафсӣ, ҳақимардумхӯрӣ, коррупсия доман густурдааст, ҳоло ҷомеаи ҷаҳонро сахт ба ташвиш овардааст.

Тамаъгарӣ, ки бо номҳои ришвагирӣ, порахӯрӣ, ҳаромхӯрӣ, баднафсӣ, ҳақимардумхӯрӣ, коррупсия доман густурдааст, ҳоло ҷомеаи ҷаҳонро сахт ба ташвиш овардааст. Зеро дар ҳар ҷое, ки ин иллат ҳаст, дар он ҷо на ҳақиқат ҳасту на адолат. Вай маризиест, ки сафедро сиёҳ, сиёҳро сафед, ҳалолро ҳарому ҳаромро ҳалол, ҷоҳилро доною оқилро ҷоҳил, гуноҳкорро бегуноҳу бегуноҳро гуноҳкор, соҳибиқтидорро белаёқату кӯрсаводро соҳибилм медонад. Аз ин рӯ дар олам бадтар аз ин душмани пешрафту тараққиёт нест.
Аҷиб он аст, ки мардуми оддӣ ба нимта нони ҳалоли ёфтаи худ қаноатманданду давлатманду аҳли амал баръакс... Шояд тоифаеро норасоии иқтисодӣ, ё ки камии маош ба ин маризӣ гирифтор карда бошад, вале ба коррупсия муттаҳам гашта, на фақат аз вазифа сабукдӯш, балки ҳабс шудани баъзе роҳбарони давлатҳои хориҷӣ чӣ маънӣ дорад?! Саъдии бузург дуруст гуфтааст: «Чашми танги марди дунёдорро ё қаноат пур кунад ё хоки гӯр!»

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТАМАЪГАРӢ – ТАЛАБИ ЗАМОН

Солҳои охир баҳри пешгирӣ намудани ин иллати кӯҳнаи ҷомеа дар сатҳи давлатӣ чораю тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 29 июни соли 2020 «Дар бораи чораҳои иловагии такмили сохтори мубориза алайҳи коррупсия дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон», созмон ёфтани Агентии мубориза бо коррупсия, лоиҳаи Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи чораҳои фароҳам овардани муҳити оштинопазир бо коррупсия, куллан коҳиш додани коррупсия дар идоракунии давлатӣ ва густариш додани иштироки мардум дар он» ва қарор «Дар бораи чораҳои иловагӣ бобати ба роҳ мондани фаъолияти самарабахш бар зидди коррупсия» аз ҷумлаи онҳост. Ин чорабиниҳо, бешубҳа, баҳри коҳиш додани коррупсия дар рӯзгори мо нақши муҳим мебозанд. Боиси хурсандист, ки алъон адолат дар соҳаи қабули донишҷӯён ба мактабҳои олӣ бештар қарор меёбад. Яъне алҳол мебинем, ки ба ҷавонони соҳибиқтидор ва дорои илму дониш бахти донишҷӯӣ бештар насиб мекунад. То ба наздикӣ буданд оилаҳое, ки пулро ягона мушкилкушои ҳамаи «чигилҳо» мешумурданд, тайёр буданд ба шахси фарзандашонро ба мактаби олӣ ҷойгиркарда калиди автомобили нав ё манзили истиқоматиро дар пойтахти мамлакат инъом кунанд.Вале ҳаёти кунунӣ, ҷараёнҳои умедбахши ислоҳот ақидаи онҳоро ба зиндагӣ дигар мекунад. Баъди умедвориҳои чандинсола эшон ниҳоят фаҳмиданд, ки замон тағйир меёбад ва роҳи ягонаи бамақсадрасӣ ин амиқ омӯхтани илм аст. Ҳамин тариқа, дар Ӯзбекистони нав шуури одамон низ тадриҷан тағйир ёфта, мардум ба оянда бо чашми умед менигаранд.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: