Боиси ифтихору хушнудист, ки нашрияи машҳури Осиёи Марказӣ – «Овози тоҷик», ки таърихи ғаниву рангин дорад, ҷашни фархундаи 100-солагии таъсисёбии хешро истиқбол мегирад.
Рӯзнома ба шарофати талошҳои эҷодии равшанфикрону ҷадидҳои замон дар Самарқанд таъсис ёфт. Тӯли ин солҳо рӯзнома анъанаҳои неки наслҳои пешинро ҳифз карда, замони пурсамару хотирмонро тай намудааст.
Солҳои таҳсил дар мактаби миёнаи рақами 16-уми ноҳияи Самарқанд аъзои маҳфили «Адабиётчиёни ҷавон» будем ва устод, шоири зуллисонайн Бердӣ Ҳамроев (рӯҳашон шод бод!) ба мо аз рӯзномаи «Овози тоҷик « шеъру ҳикояҳои тозанашрро қироат карда, меҳру муҳаббатамонро ба нашрия афзун мекарданд.
Нахустин хабари ман дар ин рӯзнома соли 1968 рӯйи чопро дид. Ҳамдабистонони мо Адаш Истад, Нормурод Каримзода, Бахтиёр Ҷумъа, Зоҳир Ҳасанзода, Хуршед Қамар ва дигарон низ бо матбуоти даврӣ ҳамкорӣ доштанд, ки дертар ҳамчун адиб, хабарнигор ва муҳаррир шинохта шуданд.
Соли 1990 рӯзномаи «Овози Самарқанд» таъсис ёфт, ки ман гоҳ-гоҳ хабару мақолаҳои хешро ба он ирсол менамудам. Рӯзе муҳаррир, раҳматӣ Нор Остонзода ба идораи хоҷагии мо занг зада, хоҳиш кард, ки ба идораи рӯзнома равам.
– Мирсафо, матолибе, ки ба рӯзномаи мо ирсол мекунед, бо ҳусни хати хуб ва бо риояи пурраи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ навишта шудаанд, – иброз дошт ӯ. – Ман мушоҳида намудам,ки шумо одами пухтакор, босавод ва донандаи жанрҳои журналистика ҳастед. Пӯсткаллаи гап ҳамин, ки шуморо ба кор таклиф мекунем. Ман ба раиси хоҷагӣ мактуб навишта, он касро розӣ мекунам...
Ана ҳамин тавр ҳаёти ман бо матбуот вобаста шуд ва то нафақа «чангу бӯй»-и рӯзномаро хӯрдам.
Ҳоло даврони пирӣ меронам, аммо мутолиаи нашрияҳои даврӣ ҷону дилам аст.
Ба бахти ман, ба маркази маҳаллаи Чунгули ноҳияи Самарқанд ройгон чанд нусха «Овози тоҷик» меояд. Ман онро гирифта, бо маводи хонданибобаш шинос мешавам. Навиштаҳои Абдулло Субҳон, Муҳаммадҷон Шодӣ, Паймон, Саодат Бекназарова, Амрулло Авезов, Шариф Халил, Ӯзбакбойи Раҳмон, Мирасрор Аҳроров, Зоҳир Ҳасанзода ва дигарон ҷолиби диққатанд.
Агар нек бингарем, мебинем, ки шахсони номдори Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон, адибон, шоирон, олимон, варзишгарон, аҳли фарҳанг муаллиф ё қаҳрамонони асосии маводи «Овози тоҷик» ҳастанд.
Афсӯс мехӯрам, ки баъзе ҳамзабонони мо ба масъалаи рӯзнома аз паси панҷа менигаранд, вале ба дабдаба, харидҳои гаронбаҳо, ташкили маъракаҳои ҳайратовар маблағҳои зиёд харҷ намуда, худнамоӣ мекунанд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки рӯзнома, маҷалла ва китобҳо таъриханд. Масалан, дар бойгонии ман рӯзнома ва маҷаллаҳои чопӣ аз солҳои 1970 то имрӯз маҳфуз мебошанд. Дар байни онҳо «Овози тоҷик», ки нахустин хату хабарҳои ман дар онҳо чоп шудааст, ба назарам ниҳоят гаронбаҳо ва пурқиммату дилнишин метобад.
Бо ин санаи таърихӣ ҳайати эҷодӣ, хонандагони арҷманди «Овози тоҷик»-ро табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорем, ки рӯзнома ҳазорсола шаваду кам набошад!
Мирсафо КАМОЛӢ,
собиқадори матбуот.
Вилояти САМАРҚАНД.