ТАЪМИН БО ШУҒЛ – ДАР МАРКАЗИ ЭЪТИБОР

Марбут ба таъмини аҳолӣ бо шуғл, такмили механизмҳое, ки ба ташкили ҷойҳои корӣ нигаронида шудаанд, чораю тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.

Бошуғлфарогирии ҷавонон, бонувон, аъзои хонадони аз нигоҳи иқтисодӣ ночор, хусусан, мавриди эътибор. Ҷоннокшавии фаъолияти бозори меҳнат дар масъалаи дарёфти шуғл ва фароҳамории ҷойҳои доимии корӣ баръало ҳис карда мешавад. Баҳри такмил ва баланд бардоштани самаранокии корҳои таъмини аҳолӣ бо шуғл, дар навбати аввал, мақомоти давлатӣ ғамхорӣ менамояд. Барои ҷалби аҳолӣ ба фаъолияти меҳнатӣ, ҳавасманднамоии субъектҳои соҳибкорӣ, ки ҷойҳои нави корӣ фароҳам меоранд, шароитҳои мусоид офарида мешаванд.
Дар доираи қарори Президент «Дар бораи чораҳои такмил додан ва баланд бардоштани самаранокии кори таъмини аҳолӣ бо шуғл» аз 14 июли соли 2018 аз ҳисоби Буҷаи ҷумҳурӣ барои соли равон ба Бунёди давлатии ба шуғл кӯмакрасонии назди Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии ҷумҳурӣ 150 миллиард сӯм ҷудо карда шуд. Барои соли оянда бошад, боз ҳам афзудани ҳаҷми маблағи иловагӣ мавриди назар аст.
Таъсис дода шудани бунёдҳои минтақавии назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, ки ташкилкунандагони ҷойҳои нави кориро ҳавасманд месозанд, низ ба ҳаллу фасли масъалаи таъмин бо шуғл мусоидат менамояд.
Дода шудани имтиёзҳо ба соҳибкорони деҳот онҳоеро, ки ба сартарошӣ, дӯхтани сарулибос, таъмири пойафзор ва амсоли инҳо машғуланд, дилгарм менамояд. Онҳо то 1 июли соли 2023 аз пардохти тамоми андозҳо озод карда шудаанд.
Роҳ ба тиҷорати оилавӣ васеътар кушода мешавад. Пештар одамон барои кушодани он аз як идора ба идораи дигар сар халонда, вақти зиёд ба харҷ медоданд. Муомила бо бонкҳо машаққати зиёд дошт. Акнун бонкҳо ба хонадонҳо мактуб роҳӣ карда, онҳоро ба соҳибкории оилавӣ ҷалб ва рӯҳбаланд менамоянд.
Баъзе оилаҳое, ки майл ба соҳибкорӣ доранд, дудила мешуданд, шахси ҳуқуқӣ гарданд ё аз баҳри тиҷорат бароянд. Акнун соҳибкори оилавӣ бидуни шахси ҳуқуқӣ будан ҳақ дорад то 3 нафар ходими доимиро бо қарордоди шартномаи меҳнатӣ бо онҳо ба иҷора гирад ё дигар хешовандони наздики худро, ки ба синну соли қобили меҳнат расиданд, ҷалб намояд.
Онҳое, ки воми кӯчак гирифтаанд, дар давоми ним сол аз пардохти андоз озоданд. Онҳое ҳам, ки чун ронандаи нақлиёти боркаш соҳибкорӣ мекунанд, дар пардохти андоз аз имтиёзҳо истифода карда метавонанд. Мисолан, аз хидмат барои кашондани бор бо нақлиёти автомобилии ҳаҷми борбардориаш зиёда аз 3 тонна бино бар миқдори 2 каратаи музди камтарини меҳнат андози ҳармоҳа супурдан лозиму халос.
Дар баробари кӯмак ба шахсони бекоре, ки дар марказҳои кӯмак ба шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта шудаанд, хусусан табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночор барои ба касб фарогирии онҳо, ҷалбсозиашон ба курсҳои бозомӯзӣ ғамхориҳо зоҳир карда мешаванд.
Тавре ба оянда аз имрӯз омодагӣ мебинанд, интихоби касб ё худ оянда кӣ шудан яке аз масъалаҳои муҳим дар ҳаёти хонандагони мактабист. Дар асоси қарори зикршудаи роҳбари давлат оиди таъмини аҳолӣ бо шуғл аз соли хониши 2018-2019 дар муассисаҳои таълими умумӣ барномаи касбомӯзӣ, гузаронидани курсҳои омӯзиши касб барои донишандӯзони синфҳои болоӣ муқаррар ва мавриди амал қарор гирифта истодааст. Дар ташкили ҷойҳои нави корӣ ва назорати низомнок аз болои он дар сартосари ҷумҳурӣ фаъолияти гурӯҳҳои корӣ самара мебахшад. Дар навбати аввал ба шаклҳои самараноки шуғл, ба кор дароварда шудани объектҳои нави истеҳсолӣ, истифода аз биноҳое, ки холӣ хобидаанд, васеъ сохтани доираи фаъолияти корхонаҳои мавҷуда ва афзун гардондани иқтидори онҳо, ривоҷ додани тиҷорати оилавӣ ва хонакорӣ, тараққӣ додани шаклҳои гуногуни хидматрасонию сервис эътибор нигаронида мешавад.
Масъалаи таъмин бо шуғл дар деҳоти дурдасти ҷумҳурӣ, минҷумла, кӯҳистони Сӯхи вилояти Фарғона низ тавъам бо масъалаҳои иҷтимоӣ ҳаллу фасл мегардад. Тавре ба назар мерасад, ривоҷи иҷтимоии хонадонҳоро бе тиҷорати оилавӣ ва хонакорӣ тасаввур кардан душвор. Соҳибкорон аз деҳаи Янгиариқ Завҳаров ва Мӯсоев бо барпои тӯйхонаи замонавӣ ва маҷмӯи тиббии хусусӣ якчанд ҳамдеҳаашонро ба кори доимӣ таъмин намуданд. Кӯчаҳои марказии ноҳия, чун кӯчаҳои шаҳр, ҳамеша сермошин. Чароғакҳои раҳнамо ҳаракати автомобил ва пиёдаҳоро ба низом медароранд. Ба наздикӣ дар ин ҷо автосалони хусусӣ кушода шуд. Фаъолияти корхонаҳои ба автомобилҳо хидматрасон қобили таваҷҷӯҳ. Бо барпои автосалон ва азхуд шудани 1 миллиарду 915 миллион сӯмина лоиҳаҳои мақсаднок 10 нафар бо шуғли доимӣ таъмин гардиданд.
Дар як-ду соли охир симои деҳоти ноҳия куллан дигаргун гардид. Сохтмон ҳамон дар авҷ. Дар доираи барномаи «Деҳаи обод» корҳои васеъмиқёс ба амал бароварда мешаванд. Аз омӯхтани ҳолати иҷтимоии 575 хонадон маълум шуд, ки 55 оила дар вазъи ногувор қарор дорад. Аз имкониятҳои дохилӣ истифода карда, бо 228 миллион сӯмина маҳсулоти  сохтмону таъмир манзили ниёзмандон аз таъмир бароварда шуд. Бо шарофати барномаи «Деҳаи обод» чандин ҷавонони сӯхӣ ба кор таъмин шуданд.
Аснои ташрифи Президент ба вилояти Фарғона моҳи июни соли равон ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор ва аз тариқи он сӯхиён хоҳиш карда буданд барои пурмазмун гузаронидани вақти холии ҷавонон ва таъмини бонувон бо шуғл боғи истироҳат ва корхонаҳои дӯзандагӣ ташкил карда шаванд. Алъон дар деҳаи Деҳварон корхонаи дӯзандагӣ барои сад нафар барпо мегардад. Биноҳои холӣ дар соҳили дарёи Сӯх муваққатан истифода ва ба ин ҷо 120 адад мошини дарздӯзӣ оварда мешаванд. Кор дар ду баст ташкил ва 200 нафар бо шуғл фаро гирифта мешаванд. Маҳсулоти он, интизор меравад, ба бозори берунӣ низ бароварда шавад. Дар корхонаи дигари дӯзандагие, ки дар ин ҷо барпо мегардад, ба шуғл фаро гирифта шудани 240 нафар бонувон мавриди назар аст.
Умуман, дар доираи қарори Девони Вазирони ҷумҳурӣ оиди рушди маҷмӯии иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Сӯх 130 лоиҳаи мақсаднок ба амал бароварда мешавад.

М.ШОДИЕВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: