Барои бо ахбори ногузир ва рӯзмарра таъмин гардидани шаҳрвандони ҷумҳурӣ, аз фаъолияти мақомоти идоракунӣ ва ҳокимияти давлатӣ бохабар гардидани онҳо қонун «Дар бораи шаффофияти фаъолияти мақомоти идоракунӣ ва ҳокимияти давлатӣ» аз 5 майи соли 2014, ба тасвиб расид.
Ин ҳуҷҷати ҳуқуқӣ дар ҳамоҳангӣ бо якчанд банди Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар қонунҳо офарида шудааст.
Чунончи, дар Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон омадааст, ки ҳар як шаҳрванд барои ахбори даркориро гирифтан ҳақ дорад. Инчунин, ҳуқуқ дар қонун «Дар бораи принсипҳои гирифтани ахбор ва кафолатҳои он» низ акси худро ёфтааст. Имрӯз вақти он расидааст, ки ҳар як идораи давлатӣ фаъолияти рӯзмарраи худро тавассути хидматҳои ахбор инъикос намояд.
Дар ин ҷода нақши хидматҳои ахбор, ки дар мақомоти идоракунӣ ва ҳокимияти давлатӣ торафт зиёд ифтитоҳ меёбанд, калон аст. Кумитаи масъалаҳои рушди инноватсионӣ, сиёсати ахбор ва технологияҳои ахбори Олий Маҷлис якҷоя бо садорати ҳудудии Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба наздикӣ дар маҷлисгоҳи рӯзномаҳои вилоятӣ барои рӯзноманигорон ва ходимони хидматҳои ахбор семинар гузаронд.
Депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, муовини роҳбари Кумитаи оид ба масъалаҳои рушди инноватсионӣ, сиёсати ахбор ва технология Эркин Холбӯтаев доир ба шаффофияти ахбор ҳарф зад. Назар ба гуфти ӯ ҳоло барои таъмин намудани иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи шаффофияти мақомоти идоракунӣ ва ҳокимияти давлатӣ» Шӯрои ҷумҳуриявӣ таъсис ёфтааст, ки рафти корҳоро назорат мекунад.
Дар семинар сармутахассиси садорати ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии вилоят Сайёра Мавлонова дар мавриди ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои таъмин намудани шаффофият суханронӣ намуд. – Нарасидани маблағ барои пешрафти кор монеъ мегардад, – гуфт ӯ.
20 сентябри соли 2019 Қарори Президент «Дар бораи ҷорӣ намудани коммуникатсияҳои ахбор ба соҳаи сохтмон»» ба имзо расид. Ин ҳуҷҷат, қабл аз ҳама, барои решакан намудани порагирӣ дар ин соҳа аҳамият касб кард.
Дар анҷуман роҳбари хидмати ахбори ҳокимияти вилоят Акмал Биноқулов ва дигарон дар бораи нақш ва аҳамияти шабакаҳои иҷтимоӣ, намунаҳои беҳтарини амалиёт, нақши хидматҳои ахбор дар роҳи таъмин намудани шаффофияти фаъолият изҳори ақида намуданд.
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Ҷиззах.