ТАЪМИН СОХТАНИ УСТУВОРИИ САРҚОНУН ВА ҚОНУНҲО МИЗОНИ МУҲИМИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДИ ДЕМОКРАТӢ МЕБОШАД

ПОЙДЕВОРИ МУСТАҲКАМИ ҲАЁТИ МУСТАҚИЛ ВА ОЗОДИ ХАЛҚ

Ба муносибати 27-солагии қабул гардидани Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон 7 декабр дар кохи анҷуманҳои байналхалқии «Ӯзбекистон» маросими тантанавӣ баргузор гардид. Дар он арбобони давлат ва ҷамъият, намояндагони истеҳсолот, илму техника, маданият, санъат ва варзиш, ҷамъияти васеъ, вакилони ҳайатҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналхалқие, ки дар мамлакатамон фаъолият доранд, иштирок намуданд.
Президент Шавкат Мирзиёев мардумро бо ин иди муқаддас табрик намуда, дар бораи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, ки дар Сарқонун муайян гаштаанд, самтҳои устувор дар роҳи барпо намудани давлати ҳуқуқбунёди демократӣ, ҷамъияти шаҳрвандии озод дар мамлакат маъруза кард.
Ӯзбекистон дар роҳи тараққиёти нав қадам ба қадам пеш меравад. Дар тамоми соҳаҳо ислоҳот, ки босуръат пеш меравад, пеш аз ҳама фаровонии халқро чун мақсад ба пеш гузоштааст. Ҷашни Сарқонун, ки дар соли хотимаёбанда ба сарҳисоби ба худ хос табдил ёфтааст, корҳои соли гузашта аз пеши назарамон мегузарад, муваффақиятҳоямон маълум мегардад ва дар иҷрои кадом вазифаҳо ба сустӣ роҳ гузоштем – чунин саволҳо кундаланг гузошта мешаванд.
Роҳбари давлат дар маърӯзаи худ ба ин масъала эътибор нигаронд. Дар бобати вазифаҳои таъмини қонунмандӣ дар мамлакат, дар идораи давлат ва ҷамъият, барқарор намудани тамоилҳои шаффофӣ ва ошкороӣ дар ҳаёти рӯзмарра, розӣ намудани халқ таваққуф намуд.
Дар Сарқонун инсон, ҳаёти ӯ, озодӣ ва шаъну қадри он ва дигар ҳуқуқҳои дахлнопазири он чун арзиши олӣ муқаррар гаштааст. Таъкид гардид, ки дар мамлакат се сол пеш аз ин шакли комилан нави мулоқот бо халқ – Қабулхонаҳои халқӣ ташкил гардид, ки онҳо дар бобати ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон омили муҳим гардид. Имрӯз дар муассисаҳои давлатии тамоми дараҷаҳо кор бо муроҷиат, гӯш додан ба одамон ва ҳалли мушкилоти онҳо аз вазифаҳои аввалдараҷа гардид. Дар одамон боварӣ ба адолат, волоияти қонун пурзӯр гардид. Аз ҳама муҳимаш, дар ҳамватанони мо хоҳиши иштирок дар ҳалли масъалаҳои мавҷудаи ҳаёт, ҷараёнҳои иҷтимоӣ меафзояд.
Ҳамзамон барои он, ки қонунҳои мо бо қувваи пурра амал намоянд, ба татбиқи пурраи робитаи байни шахс, ҷамъият ва давлат мусоидат карда шуд, ба суханони дигар, барои татбиқи амалии ислоҳот дар шаҳрвандон шуури ҳуқуқӣ ва маданияти ҳуқуқӣ бояд ташаккул ёбад. Фақат агар дар одамон, роҳбарони тамоми дараҷаҳо эҳсоси эҳтиром нисбат ба Сарқонун ва қонунҳо, ногузирии риояи онҳо собит гардад, ҳаёти ҷамъият, ҳаёти мо тағйир меёбад.
Президент Шавкат Мирзиёев дар нутқи худ махсус таъкид кард, ки таъмини волоияти Сарқонун ва қонунҳо маҳаки сохтмони давлати ҳуқуқбунёди демократӣ дар мамлакат ба шумор рафта, ин мутобиқати ҷиддӣ ва бечунучарои амали шахсони соҳибмансаби тамоми дараҷаҳо ба Сарқонун ва қонунҳои мамлакат, ҳуҷҷатҳои қабулнамудаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идораҳо мебошад. Роҳбари давлат таъкид кард, ки дар дастёбӣ ба волоияти Сарқонун ва қонунҳо аз назорати ҷамъиятӣ мутаассиртар василаи босамар вуҷуд надорад. Ҷамъият ва воситаҳои ахбори оммавӣ «бедор шуданд» ва дар ҷараёнҳои таҳкими қонунмандӣ, муқовимат бар зидди поймолсозии қонун фаъолона иштирок доранд.
Шавкат Мирзиёев ногузирии бидуни танаффус идома додани корро дар заминаи баланд бардоштани дарки қонун ва маданияти ҳуқуқӣ дар ҷамъият, дар ин рӯҳ тарбия намудани кӯдакон аз синни хеле поён таъкид кард.
Принсипҳои инсонпарварие, ки дар Сарқонун акс ёфтааст, дар амал татбиқ мегарданд. Дар солҳои охир Президент 8 фармонро дар бораи авф, ки бинобар онҳо аз ҷойҳои иҷрои ҷазо беш аз 4 ҳазор нафар озод карда шуданд, имзо кард.
Дар остонаи ҷашн роҳбари давлат боз як чунин фармонро имзо кард.  92 нафар авф гардид, ки таҳтидилона аз карда пушаймон гардида, қатъан ба роҳи дуруст даромадаанд. Соли ҷорӣ пӯшида шудани ҳабсхонаи шаҳраки Жаслик низ мисоли навбатии сиёсати инсонпарварӣ гардид.
Дар се соли охир 9692 нафар ба шаҳрвандии Ӯзбекистон қабул гардиданд, ки 5868 нафари онҳо ба соли ҷорӣ рост омад.
Президент Шавкат Мирзиёев таъкид кард, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот идорае гарданд, ки танҳо бо назардошти манфиати халқ кор мебаранд.
Дар чорабинӣ Мадҳияи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон садо дод. Иштирокдорони ҷашн дастони худро ба сари сина гузошта, ба иҷрои суруди истиқлолият ҷӯр гардиданд.
Дар дастёбӣ ба қуллаҳои баланди гузошташуда дар замони имрӯзаи зудгузар, ба вуҷуд овардани шароити на камтар аз дигарон барои мардумамон, инкишофи босуръати иқтисодиёт, аз ҳама муҳимаш дар дохил шудани мамлакатамон ба қатори давлатҳои демократии тараққиёфта, Сарқонуни мо, ки пойгоҳи боэътимоди инкишоф, озодӣ ва ҳаёти мустақил ба шумор меравад минбаъд низ чун манбаи адонашавандаи нирӯ ва иқтидори мо хидмат хоҳад кард.
Дар маросими тантанавӣ барномаи консертӣ бо иштироки устодони санъат ва иҷрогарони ҷавон намоиш дода шуд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: