ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ЭКОЛОГӢ

Дар Маркази матбуоти миллӣ бо ташаббуси Шӯрои журналистони экологии назди Иттиҳоди эҷодии журналистон ва воситаҳои ахбори оммавӣ доир ба мавзӯи «Дар инъикоси масъалаҳои экологӣ ҳамҷиҳат шавем» нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Дар он раиси Шӯрои журналистони экологӣ, доктори илмҳои филология Наргис Қосимова, муҳаррири Xabar.uz Барно Султонова ва роҳбари  Хидмати матбуоти Кумитаи давлатии экология ва ҳифзи муҳит Бунёд  Абдуллоев суханронӣ карданд.
Чорабиниро раиси Иттиҳоди эҷодии журналистон Олимҷон Ӯсаров кушода, таъкид намуд,  ки таъмини бехатарии экологӣ, ҳифзи муҳити атроф аз масъалаҳои муҳиме мебошанд, ки дар назди инсоният гузошта шудааст ва ҳар як нафар вазифадор аст, барои тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва экология саҳми худро гузорад. Ҳаёти имрӯза тақозо менамояд, ки инсон на танҳо дар хонаву ҷойи зист, балки дар ҳар гӯшаву канори Замин ба қоидаҳои экология риоя намуда, об, ҳаво, хок, ҷангалу бешаро бояд тоза нигоҳ дорад. 
– Бо зиёдшавии аҳолӣ дараҷаи истеъмол низ зиёд мегардад. Аз ин боис дар ҷойи махсус гузоштани партов ва бо истифода аз технологияи нав аз нав кор кардани партови маишӣ талаб карда мешавад. Мамлакати мо барои таъмини бехатарии экологӣ, ҳифзи муҳити атроф, баланд бардоштани маданияти экологии аҳолӣ, аз захираҳои табиӣ оқилона истифода бурдани онҳо корҳои назаррасро ба роҳ мемонад, ки албатта, ба саломатии инсон ва безараргардонии ҳаёти ҷонварони дигар аз аҳамият холӣ нест, – гуфт раиси Шӯрои журналистони экологӣ Н. Қосимова. 
– Дар соҳаи  азнавкоркарди партови маишӣ дар ҳама вилоятҳои ҷумҳурӣ, каластерҳои саракунӣ ва азнавкоркарди партови маишӣ созмон дода шуд. Чорабиниҳои назоратии экологӣ яке аз омилҳоест, ки барои барқарор кардани муҳити тозаи экологӣ, истифодаи оқилона аз захираҳои табиӣ мусоидат мекунад, зеро ҳар сол чандин қонуншиканӣ дар ин бобат ба назар мерасанд, – мегӯяд  Б. Султонова. 
Дар нишаст таъкид гардид, ки оиди самти асосию устувори фаъолияти кумита – ташкил кардани низоми идоракунии маҷмӯии партови маишӣ, дар корхона вобаста ба партов такмил додани идоракунии давлат ва назорати экологӣ эътибори алоҳида бояд  дод. Мутаасифона айни ҳол бисёр моддаҳои ифлоскунандаи ҳаво ба назар мерасанд, ки ҳам барои саломатии одамон, ҳам барои олами ҳайвонот ва растаниҳо таъсири манфӣ расонда, боиси вайрон шудани мувозинати муътадили экологӣ мегарданд.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: