Баҳри таъмини иҷрои қарори Девони Вазирон аз 31 декабри соли 2018 «Дар бораи рушди соҳаи сайёҳӣ дар вилояти Тошканд дар солҳои 2019-2021» як қатор корҳои сохтмон ба амал бароварда мешаванд.
Баҳри таъмини иҷрои қарори Девони Вазирон аз 31 декабри соли 2018 «Дар бораи рушди соҳаи сайёҳӣ дар вилояти Тошканд дар солҳои 2019-2021» як қатор корҳои сохтмон ба амал бароварда мешаванд.
Вилояти Тошканд яке аз ҳудуди қулай ва аз ҷиҳати логистикиву иқлими табиӣ дорои имкониятҳои васеъ дар рушди сайёҳӣ ба шумор меравад. Махсусан, минтақаи озоди сайёҳии «Чорбоғ», Боғи миллии Угом-Чотқоли ноҳияи Бӯстонлиқ, табиати назаррабову маскани агросайёҳии Паркент, маҷмӯи зиёратии Зангиато, объектҳои маданиву таърихии ноҳияҳои Оҳангарон, Бӯка ва Чиноз диққатҷалбкунанда буда, ба рушди сайёҳӣ мусоидат менамоянд.
Вазорати вазъиятҳои фавқулодда баҳри таъмини бехатарӣ аз сӯхтор дар сохтмони бинову иншооти банақшагирифташудаи ин ҳудудҳо як қатор чорабиниҳоро пешбинӣ намудаанд. Аз ҷумла, оид ба бехатарии биноҳо дуртар аз ҳудуди селравӣ ва тармакӯчӣ ҷудо кардани замин, майдонҳо,ҷавобгӯ будан ба қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар объектҳои назоративу тамошоҷойҳо тавсияҳо медиҳанд. Сметаи ҳуҷҷатҳои лоиҳаи объектҳои сохтмонро аз назар гузаронида, дар объектҳои сохтмони бунёдшуда талабҳои бехатарӣ аз сӯхторро таъмин менамоянд.
Соли 2019 аз ҷониби Корхонаи давлативу унитарии «TOSHBOSHPLANLITI» Консепсияи минтақаи сайёҳии «Чимён – Чорбоғ» кор карда шуда, дар асоси он нақшаи созмондиҳии ҳудуди сайёҳӣ тасдиқ гардидааст. Мувофиқи он дар объектҳо ва ҳудудҳои аҳолинишин баҳри таъмини бехатарӣ аз сӯхтор дар деҳаҳои Чимёну Юсуфхона 2-тоӣ ва Янгиқӯрғону Бурчимулло 1-тогӣ сохтани депои сӯхторхомӯшкунӣ ба нақша гирифта шудааст.
Мансур МИРЗОХОҶАЕВ,
роҳбари шуъбаи меъёри техникии идораи вазъиятҳои фавқулоддаи вилояти Тошканд.