Пӯшокҳое, ки дар «Insha»-и шаҳри Ҷиззах дӯхта мешаванд, бо сифати баланд ва ороиши ба худ хос манзури харидорон мегарданд.
Либосҳое, ки бо роҳбарии соҳибкори якка Шоҳида Ниятова истеҳсол мегарданд, сад фоиз аз ашёи хом тайёр карда мешаванд. Айни замон дар ин ҷо 6 нафар кор мекунанд. Миқдори коргарон дар оянда ба 10 нафар расонда хоҳад шуд.
– Баъди хатми мактаби миёна бо дӯзандагӣ мустақилона машғул мешудам, – мегӯяд Шоҳида Ниятова. – Барои соҳибкорӣ низ дониш ва малака лозим будааст. Дар назди кумитаи занону духтарони вилоят хонда, малакаамро афзун гардондам.
«Маркази соҳибкорон»-и таҳти муассисии кумитаи занону духтарони вилоят барои ба тиҷорат ҷалб кардани занон самаранок фаъолият дорад.
Дар даври гузаштаи соли ҷорӣ наздик ба 1 ҳазору 800 нафар занон ба сифати соҳибкор ба рӯйихат гирифта шуда, аз ҷониби онҳо 3 ҳазору 840 ҷойи корӣ офарида шуд.
Бо ташаббуси Кумитаи занону духтарони вилоят дар 60 сех 1 ҳазору 154, дар асоси низоми «Устоду шогирд» бинобар ҳунармандӣ 125, бинобар косибӣ 191 ҷойи корӣ фароҳам оварда шуд. Дар 277 кӯдакистони оилавӣ 579 ҷойи нави корӣ ба вуҷуд омад.
Соли ҷорӣ ба 1 ҳазору 791 нафар занону духтарон ба миқдори 87 миллиарду 305 миллион сӯм воми имтиёзнок дода шуд. 78 миллиарду 686 миллион сӯми воми мазкур аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ, 8 миллиарду 619 миллион сӯмаш аз тарафи Бунёди ҷамоатии дастгирии занону духтарон ва оила ҷудо карда шудааст.
Тошқул БЕКНАЗАРОВ,
мухбири ӮзА.