ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ОИЛАҲОИ КАМТАЪМИН

Низом “Дар бораи тартиби муайян намудани реестри ягонаи ҳифзи иҷтимоии оилаҳои камтаъмин тавассути низоми ахбор, ҳамчунин ба онҳо таъин намудани нафақаи иҷтимоӣ ва додани ёрдампулӣ” аз 1 апрели соли равон ба амал тадбиқ гардидааст.

Низом “Дар бораи тартиби муайян намудани реестри ягонаи ҳифзи иҷтимоии оилаҳои камтаъмин тавассути низоми ахбор, ҳамчунин ба онҳо таъин намудани нафақаи иҷтимоӣ ва додани ёрдампулӣ” аз 1 апрели соли равон ба амал тадбиқ гардидааст. Вале на ҳамаи шаҳрвандон дар ин хусус тасаввурот доранд. Аз ин рӯ, онҳо қариб ҳар рӯз ба ин мазмун муроҷиат менамоянд. 
Даромади миёнаи якмоҳае, ки ба як аъзои оила рост меояд, аз моҳи расман муроҷиат кардан барои гирифтани нафақа ба оилаҳои фарзанддор ё нафақа барои парвариши бача бо роҳи ҳисобу китоб кардани даромади се моҳи охири ҳар як аъзои оила ва тақсими маблағи ҳосилшуда ба шумораи умумии аъзои оила ва рақами се (се моҳи охир) муайян карда мешавад. 
Ба таркиби оила зану шавҳари никоҳашон қайдшуда, фарзандони онҳо ва фарзандони таҳти парастории онҳо қароргирифта, ҳамчунин, фарзандони аз 18 сола болои оиладоре, ки бо падару модар зиндагӣ мекунанд ва ба оилаҳои танҳо дохил мешаванд. (Аз ин бачаҳои дар таъминоти давлат қарордошта, барои тарбия қабулшуда, шахсони аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрумгардида мустасноанд).
Дар ҳисоб кардани миқдори даромади миёнаи якмоҳа даромадҳои зерини оила ба назар гирифта мешавад:
даромад дар шакли пардохти ҳаққи меҳнат; даромади молу мулк; меъёри даромаде, ки нисбати шаҳрвандони ба соҳибкорӣ машғул ё худро бо шуғл таъминнамуда пешбинӣ шудааст, воридоти пул, ҳамчунин миқдори пули гузарондаи аъзои оилае, ки дар хориҷи кишвар бо соҳибкорӣ ё дигар кор машғуланд; тибқи тартиби дар ҳуҷҷатҳои қонунӣ пешбинишуда музди меҳнате, ки ба шахс барои иштирок дар корҳои пулакӣ  пардохта мешавад; даромадҳои меъёрии шахсони ҷисмоние, ки ба онҳо аз ҷониби мақомоти меҳнатӣ барои фаъолияти соҳибкориро ба роҳ мондан, ба сифати соҳибкори якка (шахсони бекор) аз рӯйхат гузаштан, аз рӯйхати давлатӣ гузарондани корхонаҳои хурд ва микрофирмаҳо; гирифтани штампу муҳр, имзои электронии рақамдор, пардохти хароҷоти таълим дар соҳаи соҳибкорӣ, ҳамчунин, сохтмони гармхонаҳои конструксияашон сабук, хариди тухмии кӯчат ва воситаҳои обёрикунанда, даромаде, ки аз замини рӯйиҳавлӣ ё хоҷагиҳои деҳқонӣ ба даст омадааст, меъёри даромадҳои пешбинишуда ба шахсоне, ки чорво ва парранда парвариш менамоянд, даромадҳои дигаре, ки дар ҳуҷҷатҳои қонунии Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст, аз рӯйи миқдори даромади пардохт ва ҳаққи меҳнат ба ҳисоб гирифта мешавад. Агар дар доираи “Ҳар як оила – соҳибкор” микрокредит гирифта шуда бошад, аз ҳамон сана, даромади яксолаи соҳибкорӣ ба таркиби даромади оила дохил намешавад. 
Нафақа ба оилаҳои фарзанддор, нафақае, ки барои парвариши бачаҳои қабулшуда дода мешавад ё кӯмакпулиҳо, бо назардошти ҳаҷми маблағи буҷети маҳаллӣ, дар навбати аввал ба оилаҳои камтаъмине, ки даромади ҳар як аъзои оила аз меъёри пешбинишуда зиёд набошад ва даромадашон аз дигар оилаҳо кам аст, таъин карда мешавад. 

Раҳмоналӣ АБДУВАЛИЕВ,
сардори шуъбаи Фонди нафақаи ғайрибуҷавии ноҳияи Чусти
 вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: