ТАЪМИНИ ОЯНДАИ БИДУНИ БЕМОРИИ СИЛ ӮҲДАДОРИҲОИ СИЁСИРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

Шаҳри Тошканд дар баробари мизбонии як анҷумани байналмилалӣ, ҳудуди сад нафар намояндагони сохторҳои гуногуни ҳукуматӣ, аз ҷумла вакилони парлумонҳо, вазорату идораҳо, иттиҳодияҳо, марказҳои марбута ва вакилони ҷомеаи шаҳрвандиро аз Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ гирдиҳам овард.

 Онҳо тайи ду рӯз вазъи кунунии паҳншавии бемории сил, мизони баланди бемории сили тобовар ба доруҳо (DR-TB) ва мушкилоти рафъи ин бемориро ошкоро ва доманфарох баррасӣ карданд. 
Анҷуман дар чаҳорчӯби ташаббуси Паймони мубориза бо бемории сил таҳти пуштибонии молии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) роҳандозӣ гардид. Дар он намояндагони 13 кишвар – Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Лаҳистон, Ҷумҳурии Молдова, Руминия, Тоҷикистон, Туркманистон, Украина ва Ӯзбекистон ширкат намуданд, ки гирифторони бемории сил дар онҳо зиёд мебошанд. 
Ба роҳбарон ва коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Шарикии боздошти бемории сил намояндагони созмонҳои байналмилалии Хазинаи глобалии мубориза бо СПИД, сил ва вараҷа, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд низ ҳамроҳ шуданд. Иштирокчиёни анҷуман дар робита бо таҳкими ӯҳдадориҳои сиёсӣ, афзоиши маблағгузории дохилӣ ва татбиқи усулҳои инноватсионии маблағгузорӣ, инчунин эҷоди ташаббусҳои минтақавӣ барои хотима додан ба бемории сил табодули назар намуданд.
Тавре ки дар анҷуман тазаккур ёфт, дар тӯли даҳсолаи охир Ӯзбекистон талошҳои худро дар самти пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории сил ва DR-TB такмил дода, ҳамзамон сатҳи муваффақиятро пайваста беҳтар мекунад. Он дар афзоиши маблағгузории мақсаднок барои татбиқи барномаҳои мубориза бар зидди бемории сил ва сармоягузории зиёд ҷиҳати хариди доруҳои лозима намоён мегардад. Гуфта мешавад, ки дар кишвари мо ба бемории сил то соли 2050 хотима бахшида хоҳад шуд.
Бино ба гуфтаҳои иштирокчиёни анҷуман дар соли 2022 дар минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ тақрибан чоряк миллион ҳодисаи ба бемории сил мубтало шудани одамон ба қайд гирифта шудааст, ки маъмултарин бемории сироятии қотил дар ҷаҳон пас аз COVID-19 мебошад. Сарфи назар аз пешравиҳо дар мубориза бо ин беморӣ, бемории сил ва, бахусус ДР-ТБ, ҳамчунон як мушкили асосии саломатии аҳолӣ ва сабаби марги бармаҳал дар тамоми минтақа боқӣ мондааст. 
Таснифи бемории сили ба доруҳо тобовар (ё DR-TB) як навъи беморӣ арзёбӣ гардид, ки аз бактерияи Myco-bacterium Tuberculosis (MTB) ба вуҷуд меояд ва он мутатсияи генетикӣ ё воситаҳои дигарро ба вуҷуд меоварад. Дар натиҷа доруи мушаххаси зидди сил ҳаргиз бар зидди ин намуди беморӣ самараи нек ба бор намеоварад.
Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи СҶТ, аксарияти мутлақи кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ва Осиёи Марказӣ дар самти рафъи бемории сил ба пешравиҳои назаррас ноил шудаанд. Бо вуҷуди ин, шумораи зиёди гирифторони бемории сил боқӣ мондаанд. Ҳарчанд ин беморӣ пешгирӣ карда мешавад ва муолиҷашаванда мебошад, ҳамасола дар саросари ҷаҳон 1,6 миллион нафарро ба ҳалокат мувоҷеҳ мекунад, ки қисме аз ин шумор маҳз ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ рост меояд.
– Мо итминон дорем, ки ин минтақа ба ҳама чиз қодир аст ва пешдастиро дар мубориза бо сил нишон хоҳад дод. Ҳамаи 13 кишваре, ки дар ин анҷуман намояндагӣ мекунанд, инчунин ҳамаи ҷонибҳои мухталифи манфиатдор метавонанд, ки бемории силро барои шаҳрвандони худ ба таърихи гузашта табдил диҳанд. Мо аз ҳамкории тарафҳои манфиатдори миллӣ, инчунин бюрои аврупоии СҶБ сипосгузорем. Мо дар иттиҳод ин бемории хавфнокро бартараф хоҳем кард ва дар таҳкими системаҳои миллии тандурустӣ боз бештар муваффақ хоҳем шуд, – гуфт мудири иҷроияи шарикии «Силро боздоред» доктор Люсика Дитиу.
Ба ақидаи иштирокчии дигари ин анҷуман – доктор Ҳанс Ҳенри П. Клуге то ҳол ба мағлуб кардани бемории сил дар минтақаи Аврупо ноил нашудаанд, аммо умедашон калон аст, ки ба ин ноил хоҳанд шуд. 
– Маълумоти нав нишон медиҳад, ки нақшаи кӯтоҳшудаи табобати 9-моҳаи бемории сили ба доруҳои гуногун тобовар сатҳи муваффақияти табобатро то 83 фоиз ташкил медиҳад. Дар гузашта барои табобати бемории сили ба доруҳои зиёд тобовар то 3 сол лозим мешуд. Азбаски дигар сӯзандоруҳо истифода намешаванд ва аз доруҳо низ хеле кам истифода сурат мегирад, беморонро мустақилона метавон муолиҷа кард, – иброз дошт доктор Ҳанс Клуге.
– Ҳадафи анҷумани дурӯза ҷамъ овардани ҷонибҳои асосии манфиатдор аз минтақа, таҳияи стратегия барои таҳкими минбаъдаи вокуниши миллӣ ва минтақавӣ ва пешбурди ҳадафи умумии хотима додан ба эпидемияи сил то соли 2050 мебошад. Хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол ба коҳиши теъдоди мубталоёни бемории сил ва муолиҷаи он ноил мешавем. Дар ин самт табодули таҷрибаи  ходимони соҳаи тандурустии ду кишвари дӯст – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон низ самараи худро медиҳад, – гуфт  мудири кафедраи филиопулмонологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Сино ва сармутахассис оид ба бемории сил, профессор Ӯктам Бобохоҷаев.   
Ногуфта намонад, ки Паймони боздошти бемории сил як созмони беназири СММ мебошад, ки дар шаҳри Женеваи Швейтсария қароргоҳи худро дорад. Он ӯҳдадор аст, ки барои решакан кардани ин беморӣ то соли 2030 инқилоб кунад. Созмони номбурда беш аз ду ҳазор шариконро дар саросари ҷаҳон муттаҳид мекунад, ки барои пешбурди ҳамкориҳои байнисоҳавӣ муштаракан талош ба харҷ медиҳанд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: