Таъмини озодии сухан ва матбуот

Маърӯзаи Президенти навинтихобшудаи Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими мутантани ба вазифа оғоз кардан дар ҷамъомади муштараки палатаҳои Олий Маҷлисро мардум ҳаматарафа таҳлил ва дастгирӣ менамоянд.

Маърӯзаи Президенти навинтихобшудаи Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими мутантани ба вазифа оғоз кардан дар ҷамъомади муштараки палатаҳои Олий Маҷлисро мардум ҳаматарафа таҳлил ва дастгирӣ менамоянд. 
Ба ҳамин муносибат дар Маркази матбуоти миллӣ бо ташаббуси Шӯрои эҷодии журналистон таҳти мавзӯи “Ислоҳот оид ба таъмини озодии сухан ва матбуот ба рушди мамлакат хидмат мекунанд” семинар ба амал омад. Дар он аъзои шӯро, сармуҳаррирони ВАО, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияҳои оммавии Ӯзбекистон иштирок намуданд. 
Семинарро раиси Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон Олимҷон Ӯсаров ҳусни ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки Президент дар маърӯзаи худ, дар баробари дигар соҳаҳо, ба  соҳаи воситаҳои ахбори оммавӣ низ ҳусни таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, аз ҷумла, гуфт: “Барои дар мамлакатамон боз ҳам амиқтар намудани ҷараёнҳои навсозии демократӣ, таъмини озодии сухан ва матбуот, дастрасии шаҳрвандон ба ахбор ва паҳн намудани он, озодона баён кардани фикр ва нуқтаи назар чорабиниҳои муҳим ба ҳаёт тадбиқ мегарданд. Ба ин мақсад, пурзӯр намудани қонунҳои ҷорӣ барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони мансабдори мақомот ва ташкилотҳои давлатие, ки ба фаъолияти ВАО мамониат мекунанд, сензура ҷорӣ мекунанд, ба ходимони идораҳои воситаҳои ахбор фишор ва тазйиқ меоваранд, ғайриқонунӣ аз пеши онҳо мавод ва воситаҳои техникиро мегиранд, дар назар дошта шудааст. Тамоми журналистон ва блогерҳое, ки фаъолияти қонунӣ мебаранд, пас аз ин низ зери ҳимояи қонун ва Президент қарор мегиранд”. 
Ректори Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияҳои оммавии Ӯзбекистон Шерзодхон Қудратхӯҷаев доир ба мавзӯи “Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав – пурзӯр намудани нақши ВАО  яке аз масъалаҳои муҳим”, ҷонишини раиси Кумитаи масъалаҳои таъмини рӯшодӣ дар сиёсати ахбор ва мақомоти давлатии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фарҳод Боқиев таҳти мавзӯи “Ӯзбекистони Нав – давлати халқӣ ва инсонпарвар” маърӯза карданд. Чорабинӣ бо саволу ҷавоб ва баҳсу мунозираҳои доманадори иштирокдорон ба поён расид.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: