Ҳизби сотсиал-демократии Ӯзбекистон «Адолат» дар Барномаи пешазинтихоботии худ, ки барои солҳои 2025-2029 пешбинӣ шудааст, ба сифати яке аз мақсад ва вазифаҳои устувори ҳизб – нигоҳ доштани иштироки давлат тавассути таъмини озодии иқтисодӣ, баробарии иҷ-тимоӣ, иқтисоди бозоргонии ба самти иҷтимоӣ равонашуда, инчунин, як қатор ғояву ташаббусҳои муҳимро, ки ба андози одилонаву босамар ва татбиқи сиёсати буҷет нигаронида шудаанд, пешниҳод менамояд.
Ҳизб рушди устувори иқтисодиёти мамлакатро яке аз вазифаҳои муҳимтарини худ медонад. Дар ин самт эътибори асосиро ба пешгирии табақабандии шадид дар ҷамъият тавассути тақсимоти одилонаи даромадҳо равона мекунад.
Мақсади мо – тақсимоти одилонаи даромадҳо, ки дар натиҷаи фаъолияти иқтисодӣ ба даст омадаанд
Ҳизби сотсиал-демократии Ӯзбекистон «Адолат» дар самти иқтисодии барномаи пешазинтихоботии худ тақсимоти шаффоф ва одилонаи андозҳоро, ки аз даромади шаҳрвандон ситонида мешавад, ҳамчун масъалаи асосӣ муайян кардааст.
Ҳизб барои татбиқи ин мақсад, ният дорад, ки тавассути андоз ва дигар воситаҳои азнавтақсимкунӣ фарқи байни даромади аҳолиро кам намояд, мувофиқи тамоюли «даромадаш бештар, зиёдтар андоз месупорад», инчунин, бо мақсади татбиқи сиёсати андоз ва буҷети одилонаву самаранок ставкаҳои прогрессивии андозбандиро дар ҳаёт ҷорӣ кунад ва ба ин васила нобаробарии даромадҳоро кам кунад.
Бо як сухан, шаҳрвандоне, ки маоши баланд намегиранд, нисбат ба имрӯз камтар андоз месупоранд ва кормандоне, ки маоши зиёд доранд, андози бештар мепардозанд ва адолати иҷтимоӣ дар пардохти андоз аз даромади шахсони воқеӣ ба давлат хубтар зоҳир мегардад.
Ҳама қоидаҳое, ки соҳибкоронро ӯҳдадор мекунад, бояд танҳо тавассути қонун роҳандозӣ шавад
Имрӯз ҳатто як хатои хурди соҳибкорон бевосита ба фаъолияти онҳо таъсир мерасонад ва дар баъзе мавридҳо ин бетаваҷҷуҳии онҳоро ба кор дар асоси низоми шаффоф зиёд мекунад. Дар натиҷа баъзе соҳибкорон маҷбур шуда истодаанд, ки фаъолияти иқтисодии худро пинҳонӣ пеш баранд.
Ҳоло барои дар давоми як сол бори аввал содир кардани ҳуқуқвайронкунӣ ҷарима ба андозаи 2 дарсади даромади соф, ки дар семоҳаи охирини ҳисоботӣ гирифта шудааст ва дар сурати дар давоми як сол такрор шудани ҳолат, ҷазои молиявӣ ба андозаи 20 дарсади даромади софи дар семоҳаи охирини ҳисоботӣ гирифташуда муайян шудааст.
Ғайр аз ин, ҳоло нисбат ба соҳибкорон барои як ҳуқуқвайронкунӣ оид ба андоз, ҳам санксияи молиявӣ ва ҳам ҷаримаи маъмурӣ истифода мешавад. Аз ин рӯ, Ҳизби сотсиал-демократии Ӯзбекистон «Адолат» бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон, пешгирии пинҳон кардани даромад аз ҷониби андозсупорандагон ва афзунсозии савдои ғайринақдӣ, пешниҳод менамояд, ки ҳаҷми муҷозоти молиявӣ (ҷарима) нисбат ба онҳо қатъӣ муайян карда ва дар ин вобастагии ҷаримаҳо ба даромади онҳо бекор карда шавад.
Ҷонибдори онем, ки имтиёзҳо на ба шахсон, балки ба соҳаҳои мушаххас дода шавад
Дар баробари ин, дар барномаи ҳизб бо мақсади рушди босуръати иқтисодиёт, дар доираи ислоҳоти низоми андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои таъмини муҳити солими рақобат, ҳадди аксар маҳдуд кардани амалиёти пешниҳоди имтиёзоти андоз ва гумруки инфиродӣ, додани имтиёзу сабукиҳо, асоснокӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ ва системаи баҳодиҳии самарадории онҳо, инчунин ба такмили механизмҳои мониторинги истифодаи онҳо диққати махсус дода мешавад. Аз ин рӯ, ҳизб ҷонибдори такмилдиҳии имтиёзҳои гумрукӣ ва андоз, таъмини тақдими имтиёзҳо на ба шахсони алоҳида, балки ба соҳаҳои мушаххас мебошад.
Минтақаҳои хурди саноатӣ рушди ҳудудҳоро метезонанд
Инчунин, дар Барномаи пешазинтихоботӣ бо назардошти аҳамияти минтақаҳои хурди саноатӣ ва кластерҳои саноатӣ дар афзунсозии иқтидори саноатии мамлакат ва рушди пайвастаи минтақаҳо, ҳизби мо ташаббуси қабули қонун «Дар бораи минтақаҳои хурди саноатӣ»-ро пешбарӣ мекунад, ки ин дар ояндаи наздик имкониятҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакатамонро васеъ менамояд. Зеро, минтақаҳои хурди саноатӣ имконият, имтиёз ва бартариҳои зерсохторӣ доранд, ки дар дигар минтақаҳо вуҷуд надорад.
Ин ташаббус, ки такмили минбаъдаи низоми ҳамоҳангсозӣ ва идоракунии фаъолияти минтақаҳои хурди саноатӣ, сифатан беҳтар намудани шароити фаъолият барои иштирокчиёни онҳо ва кумакрасонӣ ба фурӯши маҳсулот, фаъолсозии ҷалби сармояро дар назар дорад, имкон медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсолот дар ҳудуди минтақаҳои хурди саноатӣ ба сатҳи баланд бароварда шавад.
Бо мақсади бартараф намудани иқтисодиёти пинҳонӣ такмили минбаъдаи фаъолияти инспексияҳои давлатӣ, ки дар соҳа функсияи назоратро амалӣ менамоянд, инчунин, роҳандозии бонизоми чораҳои ташаккулдиҳии дониш ва таҷрибаи ҷамоатӣ дар бораи иқтисодиёти рақамӣ низ аз вазифаҳои устувортарини ҳизб маҳсуб мешавад. Агар ин ташаббусҳо амалӣ гарданд, самарадории иқтисодӣ меафзояд, шаффофӣ ва ошкороӣ таъмин мегардад, монеаҳои бюрократӣ бартараф карда мешавад.
Мо тарафдори истифодаи инноватсия дар ривоҷдиҳии хоҷагии қишлоқ ҳастем
Ҳизби сотсиал-демократии Ӯзбекистон «Адолат» дар он назар аст, ки рушди босуръати инноватсионии кишоварзӣ, дар асоси илмӣ ташкил кардани истеҳсолот дар хоҷагии қишлоқ, таъмини муштаракии фан ва амалиёт, дар ояндаи наздик дар татбиқи имкониятҳои бузурги Ӯзбекистон дар соҳаи аграрӣ, ҳалли мушкилоти камбизоатӣ натиҷаҳои мусбат медиҳад.
Барои ин:
– зиёд кардани квотаҳои қабул дар асоси фармоиши давлатӣ аз рӯйи касбу ихтисосҳои соҳаи кишоварзӣ дар сохтори таълими олӣ;
– васеъ ҷорӣ намудани агротехнологияҳои муосир, бозомӯзии агротехнологияҳои нав ба деҳқонон;
– бо назардошти афзоиши хатарҳо, аз қабили номусоидиҳои табиат, норасоии об, шӯршавии замин дар соҳаи кишоварзӣ таҳияи механизмҳои нави суғуртаи аграрӣ, пеш аз ҳама, такмилдиҳии асосҳои ҳуқуқии соҳа, аз ҷумла, қабули Қонун «Дар бораи суғуртаи таваккалкориҳои хоҷагии қишлоқ» барин як қатор чорабиниҳои самарабахшро пешниҳод мекунем.
Истифодаи энергияи муқобил – талаби замон
Ҳизби мо солҳост, ки ғояи истифода аз манбаъҳои муқобили энергия ва технологияи сарфакунандаи захираҳоро ба миён мегузорад. Ҳизб бо мақсади дар иқтисодиёт васеъ ҷорӣ кардани технологияҳои нав, сарфакунандаи захираҳои энергия, ривоҷдиҳии манбаъҳои муқобили энергия, ноил шудан ба сарфаи энергия татбиқи як қатор чорабиниҳоро зарур меҳисобад.
Бахусус, дар 5 соли оянда масъалаҳои аз ҳисоби манбаъҳои муқобили энергия ташкил кардани на кам аз 30 дарсади иқтидорҳои мавҷудаи энергетикӣ, дар асоси технологияҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ, дар автосаноати миллӣ азхуд кардани истеҳсоли автомобилҳои сабукрав, автобус ва мошинҳои боркаш бо муҳаррикҳои электрикӣ ва то соли 2030 ба воситаҳои нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тоза иваз кардани камаш 30 фоизи воситаҳои нақлиётии дорои муҳаррикҳои дарунсӯзро дар амал татбиқ хоҳад кард.
Бо як сухан, чун дар ҳама самтҳои барномаи ҳизб, босамар татбиқ намудани ғоя ва ташаббусҳои пешқадами дар самти иқтисодӣ пешбаришуда, дар баробари фароҳам овардани шароити мусоид ба аҳолӣ, рушди устувори иқтисодиёти мамлакатамонро дар панҷ соли оянда таъмин мекунад.
Дар ҷойе, ки адолат ҳаст, ҳаёт барқарор, тараққиёт бардавом мешавад!
Мақсуд ҚУРБОНБОЕВ,
Шаҳзода АБДИРАМАНОВА,
номзадҳо ба депутатии Палатаи қонунгузории
Олий Маҷлис.