ТАЪМИНИ ШАФФОФИЯТИ ИНТИХОБОТ

Интихобот яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ мебошад, ки дар он мардум номзадҳои арзандаро интихоб мекунанд.

 Ба ин хотир, ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки дар ин маъракаи муҳим фаъолона иштирок кунад. 
Комиссияҳои интихобот барои мувофиқи талабҳои демократия баргузор кардани интихобот нақши муҳим доранд. Нишон додани номзадҳо ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Шӯроҳои намояндагони халқи вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ, ба рӯйихат гирифтани онҳо ҷараёни муҳими маъракаи интихобот буда, барои қонунӣ, адолатнок, холисона ва дар сатҳи баланд ташкил ва гузарондани ин ҷараён ба мақсади номзадҳои муносибро интихоб кардани интихобкунандагон хидмат мекунад.
Мувофиқи  моддаи 37-уми Кодекси интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои пешниҳоди номзад ба депутатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, депутатии Шӯроҳои маҳаллӣ фақат ҳизбҳои сиёсӣ ҳақ доранд.
Дар интихоботи соли ҷорӣ яке аз навигариҳо ин аст, ки бинобар моддаи 10-уми Кодекси интихобот, агар  интихоботи депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ дар як вақт гузаронда шавад, бинобар баргузор кардани интихоботи депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ аз ҷониби комиссияҳои ҳавзаи интихобот қитъаҳои ягонаи интихобот ташкил карда мешаванд.
Ин ва дигар навигариҳои оид ба қонунгузории интихобот дар маркази эътибори тренинги хонише, ки 25 октябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Комиссияи марказии интихобот барои раисони 150 ҳавзаи комиссияҳои интихоботӣ оид ба баргузор намудани интихоботи депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, раисон ва котибони Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд ташкил гардидааст, қарор гирифт.
Ҳадаф аз баргузор кардани семинар-тренинг ба интихоботи 22 декабри соли ҷорӣ ба савияи баланд тайёрӣ дида, баланд бардоштани донишу малака ва таҷрибаи амалии иштироккунандагон оиди омодагӣ ба интихобот ва гузарондани он мебошад.
Дар тадбир роҳбарият ва намояндагони Комиссияи марказии интихобот, мутахассисон оид ба қонунгузории интихобот ва мазмуну моҳияти ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ, тартиби дар амалиёт истифода бурдани онҳо маърӯза карданд.
Таъкид гардид, ки Комиссияҳои ҳавзаи интихоботие, ки ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис интихоботро ташкил мекунанд, аз 9-11 нафар иборат буда, камаш то 70 рӯзи интихобот аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот созмон дода мешаванд. Номзадҳо ба узвияти Комиссияҳои ҳавзаи интихобот аз ҷониби Жӯқорғи Кенгеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, шӯрои депутатҳои халқи вилоятҳо  ва шаҳри Тошканди тавсия карда мешаванд. Барои гузарондани интихоботи депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ 150 ҳавзаи интихоботии ҳудудӣ ташкил карда мешавад. Бояд таъкид намуд, ки аз ҳар як ҳавзаи интихоботӣ як нафар депутат интихоб карда мешавад. 
Ҳамчунин, оиди рӯйихати ягонаи электронии интихобкунандагон сухан рафт. Рӯйихати ягонаи электронии интихобкунандагон захираи ахбори давлатие ба ҳисоб меравад, ки оиди шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки синни 18-ро пур карда, доимӣ ё муваққатӣ дар рӯйихат меистанд ва дорои лаёқати муомила мебошанд (беш аз 20 млн. нафар шаҳрвандон), маълумотҳоро фароҳам овардааст. 
Дар маҷлис маърӯзаҳо оиди масъалаҳои ташкил кардани таркиби Комиссияҳои қитъаи интихоботӣ, барӯйихатгирии номзадҳо ба депутатӣ, бо маблағ таъмин кардани фаъолияти комиссияҳои интихобот, тартиби истифода аз маблағҳои аз буҷети давлатӣ ҷудошуда, ташкил ва гузарондани ташвиқоти пешазинтихоботӣ, хусусиятҳои кор бо нозирони байналхалқӣ ва хориҷӣ шунида шуд.   

Х. ҲАМИДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: