Ҳизби халқиву демократӣ ба тамоюлҳои устувории қонун, баробарии иҷтимоӣ ва таъмини ҳуқуқҳои инсон, таҳкими ҳамҷиҳатии шаҳрвандон ва барқарории иҷтимоӣ доим содиқ мебошад. Дар замири ғоя ва ташаббусҳое, ки дар барномаи пешазинтихоботии имсола ҷой доранд, руҳияти садоқат ба манфиатҳои электорат ва ҳифзи тамоюлҳои асосиро дарк кардан мумкин.
Ҳокимияти мардумпарвари ба баробари иҷтимоӣ асосёфта
Дар ғояҳои Ҳизби халқиву демократӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ ҷорӣ кардани низоми идоракунии давлатии ошкоро, шаффоф, халқпарвар ва демократии ҳокимияти халқии ба баробарии иҷтимоӣ асосёфта аҳамияти устувор касб намудааст.
Дар ин самт, пеш аз ҳама, бо мақсади таъмини маҳорати баланди касбии идоракунии давлатӣ мо ташаббусеро ба миён мегузорем, ки тибқи он дар сатҳи қонунӣ муқаррар кардани талабот бобати ба вазифаи роҳбари мақомоти ҳокимияти иҷроияи ҷумҳурӣ тавсия додани мутахассисони соҳибихтисос, ки дар ин соҳа на камтар аз даҳ сол таҷрибаи корӣ доранд, гузошта мешавад.
Ин пешниҳод ба тамоюлҳои ҷорӣ намудани низоми ошкоро, шаффоф, мардумпарвар ва демократии идораи давлатӣ мувофиқ аст. Ғояи мазкур ба таъмини идораҳои давлатӣ бо кадрҳои касбӣ ва ботаҷриба, офаридани низоми одилона ва шаффоф дар интихоби номзадҳо ба вазифаҳои роҳбарӣ хидмат мекунад.
Ин ташаббус ба вазифаи устувор – мақсади ноил шудан ба баробарии иҷтимоӣ ва давлати одил, ки дар роҳи манфиатҳои халқ хидмат мекунад ва дар барномаи пешазинтихоботии мо муқаррар гардидааст, комилан мувофиқ аст. Дар сатҳи ҳуқуқӣ мустаҳкамсозии ин пешниҳод ба рушди тамоюлҳои идоракунии демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон дар мамлакат хидмат мекунад.
Иштироки бонувон дар қабули қарорҳои сиёсӣ муҳим аст
Дар барномаи пешазинтихоботии Ҳизби халқиву демократӣ рушди механизмҳои институтсионалии баробарии гендерӣ, рағбатноксозӣ ва дасгирии иштироки бонувон дар интихобот ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ чун яке аз вазифаҳои муҳим муайян гардидааст. Бахусус, ҳизб пешниҳод мекунад, ки барои занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар мақомоти давлатӣ 50 дарсад квотаи ҳатмӣ ҷорӣ карда шавад. Ин ба бунёди ҷамъияти демократӣ ва таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробар барои ҳамаи шаҳрвандон дар мамлакат хидмат мекунад.
Афзудани намояндагии бонувон дар вазифаҳои роҳбарӣ барои таъмини баробарии гендерӣ, дар ҳама соҳаҳо пурра ба амал баровардани иқтидор ва қобилияти бонувон имкон медиҳад.
Бонувони роҳбар ба мушкилоти соҳаҳои иҷтимоӣ, манфиатҳои зан-духтарон ва бачагон эътибори алоҳида медиҳанд. Ин дар навбати худ самарабахшии сиёсати иҷтимоиро зиёд мекунад, сифати зиндагии мардумро беҳтар месозад.
Таъмини мувозинати гендерӣ дар ҳокимияти давлатӣ фаъолии сиёсии бонувонро баланд мебардорад, ба пешбарии ташаббусҳо бобати ҳифзи манфиатҳои онҳо рағбатнок месозад.
Институти гузаронидани машваратҳо
Дар барномаи пешазинтихоботии ҳизби мо пешниҳод шудааст, ки дар қабули қарорҳои муҳими иҷтимоӣ аз тарафи ҳокимияти иҷроия, институти гузаронидани машваратҳо бо фраксияҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои маҳаллии ҳизбӣ ҷорӣ карда шавад. Ин ташаббуси мо барои ба даст омадани натиҷаҳои мусбат бобати мустаҳкамсозии ягонагии иҷтимоӣ, афзунсозии сифати қарорҳои сиёсӣ ва ҳалли босамари мушкилоти аҳолӣ хидмат мекунад. Ҳангоми қабули қарорҳои муҳими марбут ба ҳаёти давлат ва ҷамъият ба инобат гирифтани афкори ҷамоат ва мавқеи ҳизбҳо тартибу тамоюлоти демократиро мустаҳкам намуда, низоми ошкору шаффофи идоракуниро ташаккул медиҳад.
Умуман гирем, ин пешниҳоди мо барои ташаккули низоми идоракунии деморкатии ба иштироки ҷамоати васеъ асосноконидашуда, вазифаҳои мустаҳкамсозии боварӣ ва ҳамкории байни шаҳрвандон ва давлат дар Ӯзбекистон хидмат мекунад ва аз он ҷиҳат молики аҳамият аст, ки дар муқаррар кардани самтҳои устувори рушди мамлакат иштироки халқро таъмин менамояд.
Квотаи махсус барои мақомоти намояндагӣ
Дар барномаи пешазинтихоботии мо ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маълӯл ва таъмини иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъият чун яке аз вазифаҳои муҳим муқаррар шудааст. Ҳизб пешниҳод мекунад, ки дар интихобот ба парлумон ва шӯроҳои маҳаллӣ, инчунин, хидмати шаҳрвандии давлатӣ барои шахсони маълӯл квотаи махсус ҷорӣ карда шавад.
Ин ташаббус ба тамоюлҳои адолат ва баробарии иҷтимоӣ содиқ будани ҳизбро нишон медиҳад ва ба талаботи Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон мувофиқат мекунад. Низоми квота ба дигаргуниҳои мусбат, аз қабили ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахсони маълӯл, ҷалби фаъолонаи онҳо ба ҳаёти иҷтимоӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар дар бозори меҳнат, ташаккули муҳити таҳаммулпазир ва фарогир дар ҷомеа хидмат мекунад.
Ошкорбаёнӣ дар раванди суд
Такмили низоми суду ҳуқуқ омили муҳими таъмини адолат ва мустаҳкамсозии волоияти қонун дар ҷомеа мебошад. Дар ин раванд тавассути омӯхтани таҷрибаи пешқадами хориҷӣ ва дар амал истифода намудани он аз рӯйи таъмини қонунӣ ва одилона будани қарорҳои суд натиҷаҳои мушаххас ба даст меоянд.
Ҳизби халқиву демократӣ низ бо такя ба таҷрибаи ҷаҳонӣ дар ин самт ҷорӣ кардани институти ҳайати ҳакамонро дар раванди суд(jury system) зарур меҳисобад.
Ҳизби мо бобати боз ҳам мустаҳкам кардани устувории қонун ва афзунсозии боварӣ ба кори судҳо дар байни аҳолӣ бисёр ташаббусҳои муҳимро ба миён мегузорад. Бахусус, дар барномаи пешазинтихоботии худ пешбарӣ кардани ғояи ҳайати ҳакамон дар татбиқи суди одилона институти муҳим шуда метавонанд, дар амалӣ кардани суди одилона аҳамияти калон доранд. Мо ба он назарем, ки институти ҳайати ҳакамон раванди суди одилонаро ба зинаи нав мебарорад.
Бояд гуфт, ки ҳайати ҳакамон мақомоти мустақили иштироккунандаи раванди суд буда, аъзои он намояндагони ҷомеа мебошанд. Онҳо дар мурофиаи судӣ иштирок намуда, ба судяҳо дар баррасии парванда ва қабули қарор кумак мекунанд. Мақсади асосии ин институт таъмини шаффофияти раванди суд ва кафолати қабули қарорҳои одилонаи судӣ мебошад.
Дар амалиёти ҳозира нақши маслиҳатчиёни халқӣ ба қарори суд бевосита таъсир намерасонад. Маслиҳатчиёни халқӣ танҳо ҳуқуқи маслиҳат доданро дошта, қарори ниҳоӣ аз тарафи судя қабул мешавад. Институти ҳайати ҳакамон бошад, иштироки бевосита дар ҷараёни суд ва қабули қарори судро таъмин менамояд. Дар ин низом ҳайати ҳакамон ба қарори суд бевосита таъсир мерасонанд, яъне дар қабули қарори мустақилона аз рӯйи муайян кардани гунаҳкорӣ ё бегуноҳӣ дар парванда мавқеи худро доранд.
Азбаски маслиҳатчиёни халқӣ ба муддати муайян интихоб гардидаанд ва таҷриба андӯхтаанд, мумкин аст барои ширкат дар кори суд омодагии беҳтар дида бошанд. Аммо, ин метавонад боиси тобеият ба судяҳо ва низом гардад. Ҳайати ҳакамон, баръакси ин, барои кори муайян ба таври тасодуфӣ интихоб карда мешаванд. Ин имкони таъсиррасонии сохторро ба онҳо кам мекунад.
Институти ҳайати ҳакамон дар сохтори судии давлатҳои мутараққӣ муваффақияти калон ба даст оварданд. Аз ҷумла, Британияи Кабир ва ИМА намунаи равшани чунин мамлакатҳо буда, аз чунин институт дар баррасии парвандаҳои шаҳрвандӣ ва ҷиноӣ васеъ истифода мебаранд.
Дар интихоботи имсола Ҳизби демократии «Миллий тикланиш»-и Ӯзбекистон, ки ҳизби рақиби мо мебошад, дар барномаи пешазинтихоботии худ пешниҳодро дар бораи ноил шудан ба истиқлолияти ҳокимияти судӣ, пурзӯрсозии асосҳои ҳуқуқии таъмини адолати судӣ тавассути таъмини шаффофият дар фаъолияти онро ба миён мегузорад, ки ҳоло аҳамияти худро гум кардааст. Дар замоне, ки мустақилӣ ва ошкорбаёнии ҳокимияти судӣ дар доираи қонун таъмин шудааст, саволи табиие ба миён меояд, ки ин ғояи ҳизби рақиб то чӣ ҳад зарур ва асоснок аст.
«Клиникаи ҳуқуқӣ», ки маслиҳати ройгон медиҳад
Таъмини пазироии иҷтимоии адвокатура ва хидматҳои юридикӣ, ки дар барномаи пешазинтихоботии ҳизб пешбарӣ шудаанд, яке аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад. Рушди институти адвокатура яке аз омилҳои муҳими таъмини ҳуқуқу озодиҳои қонунии шаҳрвандон мебошад. Яъне, ҳама гуна муносибатҳое, ки мо дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ ба он рӯ ба рӯ мешавем, он бевосита ба фароҳам овардани имкони истифодаи хидматҳои ҳуқуқии соҳибихтисос вобаста аст. Аз ин рӯ, дар солҳои охир дар мамлакати мо ҷиҳати такмили фаъолияти институти адвокатура як қатор ислоҳот амалӣ карда шуданд.
Аз тарафи ҳизб бобати таъмини мақбулаи иҷтимоии адвокатура ва хидматҳои юридикӣ дар ҳифзи ҳуқуқҳои поймолшудаи шаҳрвандони камдаромад, таъсиси низоми қобили қабул аз рӯйи кумак ва хидмати ҳуқуқӣ ба онҳо, рушди шабакаи «клиникаҳои ҳуқуқӣ», ки маслиҳати бепул медиҳанд, пешниҳод ба миён гузошта шудааст.
Дар мамлакат ривоҷ додани шабакаи «клиникаҳои юридикӣ», ки маслиҳати ройгон медиҳанд, сатҳи кумаки ёрии босамари ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва ба ин васила ноил гардидан ба суди одилонаро баланд мебардорад.
Ин пешниҳодот, ки бо ҳам вобастагии узвӣ доранд, дар ниҳояти кор барои таъмини устувории қонун ва баробарии иҷтимоӣ хидмат мекунанд. Танҳо тавассути суд ҳимоя намудани ҳуқуқи поймолшудаи ҳар як шахс, таъмини бечунучарои боварии онҳо ба суди одилона ва ноил гардидан ба инҳо, аз мақсадҳои асосии ҳизби мо ба ҳисоб меравад.
Гулноза САТТОРОВА,
Махсуд ҚУРБОНОВ,
номзадҳо ба депутатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.