Дар нутқи пурмуҳтавои Президент Шавкат Мирзиёев, ки бахшида ба 27-умин солгарди Конститутсия эрод намуда буд, дар баробари ба миён гузошта шудани масъалаҳои басе муҳим, роҳҳои ҳаллу фасли онҳо низ нишон дода шудаанд.
Дар нутқи пурмуҳтавои Президент Шавкат Мирзиёев, ки бахшида ба 27-умин солгарди Конститутсия эрод намуда буд, дар баробари ба миён гузошта шудани масъалаҳои басе муҳим, роҳҳои ҳаллу фасли онҳо низ нишон дода шудаанд.
Конститутсия харитаи сиёсиест, ки дар баробари шиносонидани мамлакат ба дунё, ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон кафолат медиҳад. Он дар нутқи роҳбари мамлакат ба сифати шиносномаи давлатие муаррифӣ гардид, ки истиқлолияти кишварро таъмин намудааст. Роҳбари давлат дар маърӯзааш ин суханони Амир Темурро, ки гуфтааст: “Агар давлат дар асоси қонунҳо барпо нагардад, шукӯҳу иқтидор ва таркибаш пойдор нахоҳад монд” беҳуда иқтибос накард.
Дар нутқи ӯ алоҳида таъкид гардид, ки таъмини волоияти Конститутсия ва қонун мизони асосии давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Воқеан, танҳо дар давлате, ки қонун волоият дорад, арзишҳои демократӣ эътибор пайдо мекунанд, идораи мустаҳкам рӯйи кор меояд. Президент ба ин мафҳумҳо таърифи амиқ дода, аз ҷумла гуфта буд: “Волоияти қонун ин маънои онро дорад, ки асноди қабулкардаи мақомоти ҳокимият ва идораҳои давлатӣ ва рафтору кирдори шахсони мансабдор бояд дар доираи Конститутсия ва қонунҳо сурат гиранд”. Роҳбари давлат дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис низ алоҳида қайд намуд, ки татбиқи ин ғояҳо ба ҳаёт, таъмини мувозинати байни ҷамъияту давлат, таҳкими қонунгузорӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ба фикри мо, барои таъмини волоияти қонун дар ҷамъият бояд як қатор чорабиниҳо ба амал татбиқ карда шаванд.
Якум, бояд пеш аз баровардани ҳама гуна қонун самтҳои ислоҳоте, ки дар мамлакат ба амал татбиқ мегарданд ва вазифаҳое, ки дар роҳи рушди давлату ҷамъият ба миён гузошта шудаанд, амиқ дарк карда шаванд.
Дуюм, бояд муносибатҳои иҷтимоие, ки дар ҷамъият роҳандозӣ мегарданд, муайян карда шаванд, дар баробари омӯхтани мушкили шаҳрвандон, фикрҳое, ки сабаби муҳокимаю мунозираҳои гуногун мегарданд, аз нигоҳи илмӣ асоснок карда шаванд.
Сеюм, ҳуҷҷатҳои қонунӣ бояд танҳо дар идораву корхона ва созмонҳо дар доираи меъёр, қоида ва принсипҳое, ки дар Конститутсия пешбинӣ шудаанд, қабул карда шаванд. Ҳуҷҷатҳои меъёрии дохилии молики характери идоравӣ ҳаддалимкон кам карда шаванд, пеши роҳи талқини ҳархелаи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҳуҷҷатҳои қонунӣ гирифта шавад.
Чорум, бояд лоиҳаҳои асноди қонунӣ ба муҳокимаи умум гузошта шаванд, онҳоро институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ, доираҳои илмӣ ва мутахассисон таҷдиди назар намоянд, қонунҳо дар расонаҳои ахбори оммавӣ ҳамаҷониба равшан карда шаванд.
Панҷум, боз ҳам равшантар кардани мақому мавқеи ҳама гуна мақомоти ҳокимият ва идораҳои давлатӣ, ноил гардидан ба он, ки онҳо танҳо дар доираи ваколатҳои худ бояд оиди масъалаҳои дахлдор ҳуҷҷатҳои қонуниро қабул намоянд, мувофиқи мақсад аст.
Шашум, бояд муҳити озод баён кардани фикрро ташаккул дод, нуқтаи назар ва ғояҳои мухталифро эҳтиром кард, ба пешниҳоду хулосаҳои илмии олимон арҷ гузошт, низоми институтсионалии ба вуҷуд овардани асноди қонунро роҳандозӣ кард.
Ҳафтум, роҳи васеъ кушодан ба аз рӯйхатгузаронӣ ва кодексикунонии қонунгузории мавҷуда, такмил додани ҷараёни қонунгузорӣ ва механизми иҷрои асноди қонун, бобати ба аҳли ҷомеаи васеъ расондани асноди қонун истифода аз коммуникатсияҳои ахбор, эътибор ба қонунҳоро саривақт шарҳ дода тавонистани шахсони мансабдор, самараи хуб медиҳад.
Яке аз шартҳои асосии таъмини волоияти Конститутсия ва қонун дар ҷамъият бо донишҳои ҳуқуқӣ мусаллаҳ будани шахсони мансабдор мебошад. Сатҳи дониши ҳуқуқии онҳо аз як тараф ба сифати асноди қонуни қабулгардида таъсир расонад, аз ҷониби дигар ба таъмини саривақтии ҳуҷҷатҳои қонунӣ мусоидат менамояд.
Дар қарору фармонҳое, ки вақтҳои охир аз ҷониби Президент ба тасвиб мерасанд, шахсони мансабдор вазифадор карда шудаанд, ки волоияти қонунро таъмин намоянд, ҳуқуқи конститутсионии зердастонро риоя кунанд, шаън ва қадру қимати онҳоро паст назананд, ба қобилияти кориашон арҷ гузоранд ва ҳамаҷониба дастгирӣ кунанд. Ин огоҳкуниҳо натиҷаи хуб мебахшад.
Модоме ки имрӯз принсипи “ба халқ хидмат кардани мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор” ба принсипи асосии идоракунӣ табдил меёбад, яке аз шартҳои таъмини волоияти қонун саривақт дида баромадани муроҷиатҳои шаҳрвандон ва такмил додани тартиби баррасии шикоятҳо аз болои рафтору кирдори шахсони мансабдор боқӣ мемонад. Вазифаҳои худро нодуруст иҷро кардани шахсони мансабдор, берун баромадани онҳо аз доираи ваколати худ, бемасъулиятӣ ва коғазбозию маҷлисбозиашон дар таъмини волоияти қонун таъсири манфӣ мерасонад.
Ғояи Президент – “Таъмини волоияти Конститутсия ва қонун”, ки дар маърӯза ба миён гузошта шуда буд, натанҳо ба ташкили дурусти идораи давлатӣ, балки бобати таъмин намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар амал, тақвият бахшидани ҳисси боварии мардум ба фардо, васеъ ҷорӣ гардидани арзишҳои демократӣ, таъмини иштироки ҳар як шахс дар идораи давлату ҷамъият, қабули асноди қонуние, ки ба ҳалли мушкилот мусоидат менамоянд, виҷдонан иҷро кардани маҷбуриятҳои ҳуқуқии байналхалқӣ хидмат мекунад.
Бешубҳа, инсон худро дар давлате ҳамаҷониба озод ва хушбахт ҳис карда метавонад, ки шаҳрвандонаш ба волоияти қонун арҷ гузошта бошанд.
Бобоқул ТОШЕВ, мудири кафедраи Маркази такмили малакаи ҳуқуқшиносони ҷумҳурӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ.