ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ ВА МАНФИАТҲОИ ЗАНОНУ ДУХТАРОН – МАСЪАЛАИ МУҲИМ

Дар замони истиқлоли кишвар таъмини ҳуқуқи занону духтарон, афзоиши фаъолнокии онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дар авлавияти сиёсати давлати мо қарор дода шудааст.

 Метавон гуфт, ки дар ин самт Ӯзбекистон аз таҷрибаҳои хеле беназир бархурдор мебошад ва он дар стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав низ аҳамияти махсусро касб менамояд. 
Бешубҳа, ин тарзи кор ба он мусоидат хоҳад кард, ки нақши занону духтарон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва мавқеву манзалати онҳо дар самтҳои гуногун сол аз сол рӯ ба афзоиш овардааст.  
Ба ин маънӣ, чанде пеш дар мавзӯи «Таҷрибаи Ӯзбекистон ва кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) дар самти дастгирии занону духтарон» ҳамоиши байналмилалӣ баргузор гардид.
Чанд суол, мисли «Нақш ва мавқеи занон дар ҷомеа, фаъолнокии онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ то чӣ андоза назарнамо мебошад?», «Оё дар кишварҳои узви СҲИ низ аз манфиатҳои занону духтарон баробари мардони он ҳимоя карда мешавад?» мавриди баҳсу баррасиҳо қарор гирифтанд. Дарвоқеъ, ин ҳамоиш дар шаҳри Самарқанд бо ширкати вакилони СММ ва СҲИ, инчунин намояндагони бештар аз чиҳил кишвари дунё ба вуқӯъ пайваст.
Дар кишвари мо сиёсате пиёда мешавад, ки таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону духтарон, таҳкими ниҳоди оила, ислоҳоти куллӣ дар ин соҳа ва натиҷаҳои амалии онро таҳти таваҷҷуҳи хос қарор додааст. Ҳамоиш ҳамзамон ба комёбиҳо ва ташаббусҳо дар соҳаи таҳкими ниҳоди оила, таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои занон дар мамлакатҳои аъзои СҲИ низ эътибори хоса равон кард. 
– Як нуктаро басо муҳим мехоҳам арзёбӣ кунам, ки дар заминаи гуфтугӯву муҳокимарониҳо  иштирокчиёни он бо таҷрибаи пешқадам, равишҳои инноватсионии давлатҳои аъзои СҲИ дар самти дастгирии занон, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо ошно шуданд. Инчунин дар таҳияи пешниҳодҳо оид ба баланд бардоштани фаъолияти занон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ,  муайян намудани самтҳои ояндадори ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногуни сиёсати гендерӣ ва тавсеаи иштироки занон дар таъмини амнияти минтақавӣ, баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди таҳдидҳои муосир фаъолона ширкат карданд. Зимнан иштирокчиёни он таҷрибаи солҳои охири Ӯзбекистонро хеле муҳим арзёбӣ карданд, – мегӯяд ноиби Дабири кулли СҲИ дар умури масоили гуманитарӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, намояндаи хоси ин созмон дар Афғонистон Тариқ Алӣ Бахит. 
Дар ҳамоиш раиси Кумитаи оила ва занони ҷумҳурӣ Озода Парпибоева иштирок ва суханронӣ кард. Вай иброз дошт, ки ҳамоиш таҳти панҷ бахш масъалаҳои гуногунро баррасӣ менамояд. Аз ҷумла, дар бахши аввал, ки «Ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии занон, васеъ намудани иштироки онҳо дар қабули қарорҳо, таъмини баробарии гендерӣ» унвон дошт, баланд бардоштани нақши занон дар рушди устувори кишварҳои узви СҲИ, таҳкими ниҳоди оила, ҳуқуқи занон ва дастоварду ташаббусҳо дар соҳаи таъмини манфиатҳо баррасӣ мешаванд.
Иштирокчиёни ҳамоиш дар чор бахши дигар доир ба вусъат додани имкониятҳои таҳсилоти занону духтарон, дастгирии лоиҳаҳои инноватсионӣ ва ҷалби васеъ ба IT, ҳамаҷониба дастгирӣ ва ташвиқи ғояҳои нави заноне, ки дар соҳаҳо ва самтҳои гуногуни илму маориф ва иқтисодиёт машғули кор ҳастанд, таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои иқтисодии занону духтарон, шуғли онҳо туфайли дастгириҳои мунтазам дар бахши соҳибкор, ҳифзи арзишҳои оилавӣ ва таҳкими ниҳоди оила дар раванди ҷаҳонишавӣ табодули назар намуданд. 
Дар поёни ҳамоиши таҳти унвони «Таҷрибаи Ӯзбекистон ва кишварҳои узви СҲИ дар соҳаи дастгирии занон» иштирокчиёни он Иттилоияи муштарак қабул карданд. Дар он пеш аз ҳама ҳамкории муассир дар таҳкими муносибатҳои дӯстона, судманд ва баробарҳуқуқ, ҳамсоядории неки байни кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ, инчунин масъалаҳое, ки дар ҷараёни ҳамоиш зикр гардидааст, дар Иттилоия ба таври мушаххас инъикос гардиданд.

Саодат БОЙНАЗАРОВА,
котиби матбуоти Кумитаи оила ва занони Ӯзбекистон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: