Дар нишасти матбуотие, ки дар Маркази матбуоти миллӣ бо иштироки роҳбарони ҶММ «Ӯзсувтаъминот» баргузор шуд, доир ба сифат ва суръати кор дар самти таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, лоиҳаҳои муштарак, натиҷаҳои бадастоварда ва масъалаҳои ҳалталаб маълумот дода шуд.
Дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда оид ба таъмини аҳолӣ бо оби мутамаркази ошомиданӣ сатҳи таъминоти оби нӯшокӣ дар соли ҷорӣ аз 74,4 фоиз ба 77,2 фоиз афзуд. Қобили қайд аст, ки самти таъминоти аҳолии ду вилояти ҷумҳурӣ: Андиҷон ба 91 фоиз ва Хоразм ба 90 фоиз расид.
Дар самти ташаккули интизоми пардохт дар байни аҳолӣ, пешгирии истифодаи ғайриқонунии шабакаҳои мутамаркази оби нӯшокӣ ва хидмати партов, такмили минбаъдаи низоми хидматрасонӣ аз ҷониби ташкилотҳои расмӣ корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Дар натиҷа ҳодисаҳои вайрон кардани қонун аз ҷониби истеъмолкунандагон бартараф карда шуда, зарари расонидашуда ба таври дахлдор рӯёнда шуд.
Аз ҷумла, дар соли ҷорӣ 2600 мавриди пайвасти ғайриқонунӣ ба шабакаҳои об ва партовгоҳ дар ҳамкорӣ бо мақомоти назоратӣ ошкор карда шуд. Бинобар ин вайронкуниҳо, аз рӯйи ҳисобҳои пешакӣ беш аз 51 млрд. сӯм ба ҷамъият зарар расид. Хотиррасон менамоем, ки худсарона пайваст шудан ба шабакаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсия тибқи қонунгузории амалкунанда ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда, нисбати шахсоне, ки қонунро вайрон мекунанд, мувофиқи тартиби муқарраргардида чораҳои дахлдор андешида мешаванд. Дар баробари ин корҳои тарғиботие, ки ба беҳтар намудани интизоми пардохт дар байни истеъмолкунандагон нигаронида шудааст, гузаронда мешавад. Илова бар ин истеъмолкунандагон ҳангоми анҷом додани пардохт имкон доранд, ки аз воситаҳои қулай ва замонавии пардохт истифода баранд.
Бо мақсади кам кардани қарзҳои мавҷуда соли ҷорӣ 65,3 ҳазор қарздор ба маблағи 315 млрд. сӯм даъво пешниҳод кард. Дар давраи ҳисоботӣ дар саросари кишвар 12 ҳазору 900 нафар истеъмолкунандагони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бинобар қарздорӣ аз шабакаҳои обтаъминкунӣ қатъ карда шуданд. Дар натиҷаи иҷрои корҳои иҷрошуда қарзи дебитории истеъмолкунандагон нисбат ба аввали соли равон 16,2 миллиард сӯм кам шуда, 740,5 миллиард сӯмро ташкил намуд.
Дар анҷоми чорабинӣ барои бо суръати баланд идома додани кор, боз ҳам беҳтар гардондани талаботи аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва хидматрасонии обҳои партов вазифаҳои таъхирнопазир ва чораҳои амалӣ муайян карда шуданд.
Махфират МАМАҶОНОВА,
хабарнигори
«Овози тоҷик».