ТАЪМИНОТИ ОБИ НӮШОКИИ ДЕҲА БЕҲТАР ШУД

Иншооти обкашии «Шӯробод»-и ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Гулистон»-и ноҳияи Шофиркони вилояти Бухоро баъди таъмир ба кор даромад.

Дар мамлакатамон ба масъалаи бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ эътибори алоҳида дода мешавад. Лоиҳаи мазкур низ дар доираи иҷрои қарори Президент аз 3 феврали соли 2018 «Дар бораи тасдиқ намудани рӯихати  лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва сармоягузорӣ дар соли 2018» амалӣ гардид.
Дар доираи корҳои таҷдидии арзиши умумиаш 3,7 миллиард сӯм  зарфҳои обҳифзкунанда ва таҷҳизоти замонавие, ки оби аз 200 метр ҷуқурӣ гирифташударо полида, вазниниашро муътадил мегардонад, сохта шуд. Таҳлилҳои лабораторӣ нишон доданд, ки нишондоди муътадилии оби мазкур аз меъёрҳои стандартӣ баланд аст. Яъне сифатнок мебошад.
Дар рӯзе, ки таҷҳизоти «Шӯробод» ба истифода супурда шуд, хонаводаҳои зиёди деҳаи Ундареи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Гулистон» ва 2 мактаби таълими умумии ҳудуди мазкур ба он васл карда шуданд.
– Таъмини оби нӯшокӣ чандин сол боз барои аҳолии ҳудудамон муаммои калон буд, – мегӯяд раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳалла Ортиқ Музаффаров. – Мо обро, ки аз дур бо воситаи нақлиёт оварда  мешуд, мехаридем. Ба ростӣ, аз ин эҳтиёҷамон қонеъ намегашт. Акнун ин муаммо паси сар шуд. Аҳолӣ аз ҳаллу фасл гардидани ин мушкилот мамнунанд. Он туҳфаи муносиб ба ҷашни истиқлолият гардид.
Гуфтан лозим аст, ки дар соли 2020 лоиҳаи зина ба зина бо оби нӯшокӣ таъмин намудани зиёда аз 4,7 ҳазор нафар аҳолии ҳамаи деҳаҳои ҳудуди ҶШМ «Гулистон» давом меёбад.
Шуъбаи шофирконии корхонаи унитарӣ-давлатии «Сувоқава»-и вилояти Бухоро маълум кард, ки соли ҷорӣ дар таҷҳизоти обгирии «Зарчабек» ва «Арабхона»-и ноҳия низ корҳои тармиму таҷдид амалӣ шуданд. Дар ҳудудҳои ҶШМ «Бобоато» ва «Мазлахон Чандир», ки  бо онҳо пайвастанд, ба масофаи зиёда аз 9,9 километр қубур кашида шуд. Ба ин мақсад 10,6 миллиард сӯмина маблағ харҷ гардид. Таҷҳизоти «Зарчабек» ва «Арабхона»-и тармимгардида қариб 8 ҳазор аҳолиро бо оби ошомиданӣ таъмин менамояд.

Эркин ЁДГОРОВ,
мухбири ӮзА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: