ТАЪМИР АНҶОМ ЁФТ

Дар ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ барои муҳайё намудани имкониятҳои мусоиди қабул ва хидматрасонӣ ба аҳолӣ, беҳдошти инфрасохтори шаҳр корҳои зиёди бунёдкорӣ ба анҷом мерасад.

Он рӯз назди бинои шуъбаи «Бемориҳои сирояткунанда»-и ноҳия намуди идона дошт. Дар ин ҷо бо сарварии ҳокими ноҳия Азамат Файзиев роҳбарони секторҳо, кормандони соҳаи тиб, ҷавонону пиронсолон ҷамъ омаданд. Маросими кушодашавии бинои навтаъмири бо ҳамаи лавозимоти зарурии замонавӣ муҷаҳҳазро ҳоким бо суханони муқаддимавӣ кушод ва ҳозиринро бо ин рӯйдоди накӯ муборакбод намуд. Чанде аз ҷавонон ва пиронсолон аз корҳои бунёдкорӣ дар ноҳия изҳори миннатдорӣ намуданд. Ба кормандони ҶММ «Ashraf», ки дар таъмири бино саҳм гузоштаанд, туҳфаҳои хотиравӣ дода шуд. Лентаи даромадгоҳро мӯйсафедони рӯзгордида буриданд. Шодию хуррамии ҳозиринро интиҳо набуд.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, хабарнигори «Овози тоҷик». Вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: