ТАМОМИ КӮШИШИ МО БА ТАЪМИН НАМУДАНИ ОДАМОН БО КОР, РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ ВАТАНӢ НИГАРОНДА ШУДААСТ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорӣ дар маҳалҳо, лоиҳаҳои бузург, ки ба рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳо нигаронда шудааст, мулоқот бо халқ 12 март ба вилояти Навоӣ омад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорӣ дар маҳалҳо, лоиҳаҳои бузург, ки ба рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳо нигаронда шудааст, мулоқот бо халқ 12 март ба вилояти Навоӣ омад.
Роҳбари давлат мунтазам аз минтақаҳои мамлакат боздид ба амал оварда, ба васеъ намудани потенсиали ҷанбаҳои иқтисодиёт, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум эътибори доимӣ медиҳад. Дар натиҷаи андешидани чорабиниҳо ҳангоми сафар ба вилояти Навоӣ солҳои 2017 ва 2018 дар ин ҷо корҳои доманфарох ба амал татбиқ гаштааст.
Сафари ҳолоина аз шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи давлатии унитарии «Мармаробод»-и ноҳияи Нурато оғоз ёфт.
Сарвари давлатамон ҳамеша зарурати омӯхтани талаботи бозор, ташкил намудани истеҳсоли маҳсулоти серхаридорро, ки кафолати сифати мол ва фаъолияти пойдори  корхона ба ҳисоб меравад, таъкид менамояд. Дар солҳои охир ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар бозори берунӣ талабот ба сангҳои ороишӣ афзуд. Дар ноҳияи Нурато захираи калони ин гуна сангҳо мавҷуд мебошад.
Мувофиқи супориши Президент, ки дар рафти сафари пешина ба вилояти Навоӣ дода шуда буд, КДУ «Мармаробод» ташкил карда шуд. Аз ҳисоби 10 миллиард сӯм дар чӯл корхонаи замонавии майдонаш 6 гектар сохта, ба он таҷҳизоти арзишаш 655,5 миллион доллар аз хориҷ оварда, васл карда шуд. Корхона метавонад дар як сол 24 ҳазор метри мураббаъ хоросанг кор карда барояд. Дар ин ҷо 40 нафар бо кор таъмин карда шудааст. Ҳамаи инҳо зинаи якуми лоиҳа мебошанд.
Дар зинаи дувум ба роҳ мондани истихроҷ ва азнавкоркарди санг бино бар низоми кластерӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин имконияти васеъ гардондани номгӯй, соле истеҳсол намудани 3 миллион метри мураббаъ маҳсулот ба маблағи 250 миллиард сӯм, инчунин то 10 миллион доллар расондани содироти солонаро фароҳам меорад. Созмон додани қариб 1,5 ҳазор ҷойҳои корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Сарвари давлатамон бо маҳсулоти корхона шинос шуда, таъкид намуд, ки сифати он аз маҳсулоти ба ин монанди ҷаҳонӣ камӣ надорад. Зарурати амалӣ намудани корҳо бинобар кам кардани  арзиши аслии маҳсулот ва бо роҳи ба кор бурдани технологияҳои самарабахш, коҳиш додани харҷи нақлиёт ба бозори хориҷӣ баровардани онро таъкид намуд. Бино бар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, бо кор таъмин намудани ҷавонон супориш дода шуданд.
Дар ҳамин ҷо тақдимоти маҳсулоти корхонаи муштараки Ӯзбекистону Канада «National stone» баргузор гардид. Дар корхонае, ки дар Олмалиқ бо роҳи пахш намудани хокаи сангӣ фаъолият дорад, кошинҳои рангҳо ва андозаҳои мухталиф истеҳсол мегардад. Ин маҳсулот дар ороиши намуди иморатҳо ва қисми ақиби онҳо, идораву ошхона, душхона ва дигар иншоотҳо истифода мегардад. Ғайр аз ин хокаи сангие, ки дар корхона истеҳсол мегардад, дар сохтмон, сангҳои кварс бошад, дар поксозии об истифода мегардад.
«National stone» ба нақша гирифтааст, ки чунин корхонаро дар минтақаи озоди иқтисодии «Навоӣ» кушояд. Бо татбиқ гардидани ин лоиҳа имконият ба даст меояд, ки соле ба миқдори 75 миллиард сӯм маҳсулот истеҳсол гардида, ҳамчунин 60 нафар бо кор таъмин гардад.
Президент ин нақшаро дастгирӣ намуд ва таъкид кард, ки кӯмаки зарурӣ барои инкишоф додани корхона расонда мешавад.
Инчунин маросими тақдимоти лоиҳаҳо бино бар истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, ба роҳ мондани истеҳсолоти саноатии ҳайкалтарошӣ аз хоросанг якҷоя бо сармоягузорони чиноӣ, рушди шаҳраки Ғазғони ноҳияи Нурато мувофиқи нақшаи генералии он, ки ба солҳои 2019-2020 пешбинӣ шудаанд, ба амал омад.
Президент пешниҳод намуд, ки барои рушди инфрасохтор ва саноати ҳудуд ба ин ҷо хати роҳи оҳан кашида шавад.
Соли 2017-ум  Шавкат Мирзиёев дар рафти сафар ба вилояти Навоӣ бино бар васеъ гардондан ва ободонии ҳудуди маҷмӯи таърихии «Чашма»-и ноҳияи Нурато, дар ин ҷо бунёд намудани меҳмонхонаҳои замонавӣ супориш дода буд.
Соли гузашта корҳои мазкур дар ҳаҷми пурра ба охир расонда шуда, маҷмӯъ боз ҳам зеботар гардид. Меҳмонхонаи «Нурота»-и дорои 50 ҷой ба истифода супурда шуд. Буттаву дарахтҳои манзаравӣ шинонда шуда, фаввораҳо бунёд гардиданд, айвончаҳо ва нишастгоҳҳо васл карда шуданд. Сохтмони музей ва маркази ҳунармандон идома дорад.
Сарвари давлатамон ба ин қадамҷои таърихӣ ташриф оварда, бо корҳои бунёдкорӣ шинос шуд.
Дар оянда тармими масҷиди «Чил сутун» ва «Панҷвақта», мақбараи Абул Ҳасан Нурӣ ба нақша гирифта шудааст. 
Бо лоиҳаҳои дар ин самт пешниҳодшуда шинос шуда, Президент зарурати фароҳам овардани қулаиҳои зиёд барои зиёратчиён ва сайёҳони хориҷӣ, бо назардошти афзудани талабот сохтмони боз як меҳмонхонаи дорои 80 ҷой, васеъ гардондани хидматрасонӣ ба сайёҳон ва ташаккул додани манбаъҳои иловагии даромад барои аҳолиро таъкид намуд.
Нақшаҳо бино бар самарабахш истифода бурдан аз заминҳои лалмии ноҳия бо роҳи кандани чоҳ ва ҷорӣ намудани обёрикунии чакрагӣ, рӯёндани зироати лӯбиёӣ ва васеъ гардондани чорвопарварӣ, ташкил намудани кластери паррандапарвариву ғаллапарварӣ баррасӣ гардиданд.
Шавкат Мирзиёев бино бар тайёр намудани қарори ҳукумат оиди рушди маҷмӯии ноҳияи Нурато, ки тамоми чораҳои мазкурро фаро мегиранд, супориш дод.
Дар рафти суҳбати кушод бо сокинони маҳаллӣ – оқсақолон, соҳибкорон, бонувон ва ҷавонон дар бораи ин ва дигар нақшаҳо, дигаргунсозиҳое, ки дар вилояти Навоӣ ва умуман мамлакат ба вуҷуд меоянд, сухан рафт.
Президент таъкид намуд, ки масъалаҳои дар ноҳияи Нурато ҷамъшуда зина ба зина ҳаллу фасл мегарданд, дар рафти сафари ҳолоина нақшаи васеъмиқёси рушди ҳудуд коркард хоҳад шуд.
Одамон ба мо бовар мекунанд, ба фардо бо умед дида медӯзанд. Ҳар як роҳбар бояд ин бовариро бо амри қалб эҳсос намуда, бо ҷаҳонбинии дигар кор карда, ба халқ хидмат намояд. Масъалаи аз ҳама муҳим  созмон додани ҷойҳои корист. Тамоми саъю кӯшиши мо ба таъмин кардани шуғли одамон, рушди иқтисодиётамон нигаронда шудаанд,  гуфт роҳбари давлатамон.
Вилояти Навоӣ  яке аз минтақаҳои саноатикунонидашудаи мамлакат ба ҳисоб меравад. Нерӯгоҳи гармиву электрикии Навоӣ манбаи асосии бо нерӯи электрикӣ ва гармӣ таъмин намудани вилоят, инчунин истеъмолчиёни ҳудудҳои ҳамсоя маҳсуб меёбад. Фаъолияти самарабахши корхонаҳои бузурги саноатӣ, субъектҳои тиҷорати хурд ва соҳибкории хусусӣ, инчунин боэътимод бо энергияи электрикӣ таъмин намудани аҳолӣ бевосита ба лоиҳаҳои сармоягузорие, ки дар ин нерӯгоҳҳо татбиқ мегарданд, вобаста мебошанд.
Шавкат Мирзиёев дар рафти сафар ба вилояти Навоӣ 28 марти соли 2017-ум ба НГЭ Навоӣ ташриф оварда, ба сохтмони таҷҳизоти дувуми бӯғу газ ибтидо гузошта буд.
Иқтидори ин иншооти арзиши умумиаш ба 432 миллион доллари  ИМА  450 мегаватт мебошад. Лоиҳа аз ҷониби консорсиуми «Mitsubishi Corporation and MHPS» ва ширкати «Calik Enerji»-и Туркия татбиқ мегардад.
Дар таҷҳизоти дувуми бӯғу газӣ дар тафовут аз лоиҳаи якуми дар НГЭ ба кор даровардашуда, ҷамъ ҳосил намудани 200 гигакалория нерӯи гармӣ ба нақша гирифта шудааст. Имрӯз дар таҷҳизоти бӯғу трубинаи лоиҳа корҳои озмоишиву таъмиркунӣ бурда мешаванд. 
Президент бо ҷараёни кори трубинаи гази таҷҳизоти бӯғу газ шинос шуд.
Ҷустуҷӯ намудани имкониятҳои иловагӣ барои баланд бардоштани коэфисиенти амали муфид масаълаест, ки технологҳои тамоми ҷаҳон шуғл меварзанд. Ҷавоби замонавӣ ба ин таҷҳизоти буғу газӣ ба ҳисоб меравад.  Дар нерӯгоҳҳои анъанавӣ ин нишондиҳанда 40 фоизро ташкил медиҳад. Дар таҷҳизоти якуми бӯғу гази НГЭ Навоӣ коэффисиенти амали фоиданок 57 фоиз бошад, дар таҷҳизоти дувуми бӯғу газӣ 61 фоизро ташкил медиҳад.
Таҷҳизоти бӯғу газӣ моҳи сентябри соли ҷорӣ ба кор дароварда мешавад.
Ба эътибори роҳбари давлатамон дар бораи натиҷаҳои пешбинишавандаи татбиқи лоиҳаи мазкур, инчунин нишондиҳандаҳои техникиву иқтисодии таҷҳизот маълумот дода шуд. Инак, дар натиҷаи ба истифода супурда шудани таҷҳизоти бӯғу газӣ соле 3 миллиарду 454 миллион киловатт соат нерӯи электрикӣ ва гармӣ  истеҳсол карда хоҳад шуд. Бино бар ҳисобу китобҳо, аз ҳисоби коҳиш додани хароҷоти сӯзишвории шартии барои истеҳсоли як киловатт соат электроэнергия зарур соле ба ҳисоби миёна 829 миллион метри мукааб гази табиӣ сарфа хоҳад шуд.
То соли 2025 дар Ӯзбекистон сохтани боз як қатор таҷҳизоти замонавии бӯғу газӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин, дар навбати худ, тайёр намудани беш аз ҳазор нафар мутахассисони баландихтисосро тақозо менамояд.
Президент ба мақсади таъмин намудани эҳтиёҷи мазкур супориш дода буд, ки дар пойгоҳи НГЭ Навоӣ бино бар тайёр намудани мутахассисон барои кор дар таҷҳизоти бӯғу газӣ маркази таълимӣ ташкил карда шавад. Мувофиқи ин дар корхона бо кӯмаки молиявии Агентии оид ба ҳамкории байналхалқии Ҷопон - JICA чунин марказ ташкил карда шуд. Дар айни ҳол дар ин ҷо 166 мутахассис аз тайёрӣ гузаштанд.
Сарвари давлатамон бо кормандони корхона ва сармоягузорони хориҷӣ суҳбат орост.
Чунин лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ, ки имрӯз дар энергетикаи ватанӣ татбиқ мегарданд, бо он аҳамиятноканд, ки ба вусъат додани иқтидорҳои энергетикӣ, аз ҳама муҳимаш, беист ба истеъмолгарон расонда додани қувваи барқ мусоидат менамояд. Ҷорӣ намудани технологияҳои замонавӣ имконияти паст кардани харҷи сӯзишворӣ ва кам гардондани зарарро ба муҳити зист фароҳам меорад.
Президент аз ҷамъияти саҳҳомии «Навоиазот» боздид намуд.
Дар корхонаи мазкур, ки дар иқтисодиёти мамлакат нақши муҳим дорад, 3 лоиҳаи калони сармоягузорӣ татбиқ мегардад. Шавкат Мирзиёев соли 2018 аз ин корхона боздид намуда, бо лоиҳаҳои татбиқгардандаи сармоягузорӣ шинос шуда буд. Ба шахсони масъул доир ба татбиқи саривақтӣ ва сифатноки он супоришҳо дода шуда буд.
Тавре ки маълум аст, корхонаи «Навоиазот» соли 1964 ба кор андохта шуда буд. Дар ин ҷо беш аз 70 намуди маҳсулот барои эҳтиёҷоти хоҷагии қишлоқ, соҳаи нафту газ, энергетика ва саноати маъдани кӯҳ истеҳсол мегардад. Бо мурури вақт таҷҳизоти технолгии корхона аз ҳар ҷиҳат фарсуда гардида, дигар ба талаботи сарфа намудани энергия ҷавоб намедиҳад. Бо назардошти ин дар ин ҷо зина ба зина такмил додани онҳо татбиқ мегардад.
Ҳоли ҳозир дар ҳудуди ин ҷамъият татбиқи се лоиҳаи калони сармоягузорӣ - сохтмони иқтидор ба истеҳсоли поливинилхлорид (ПВХ), содаи каустикӣ ва метанол, аммиак ва карбамид, кислотаи нитрат идома дорад. Дар ин корхонаҳо таҷҳизоти замонавии сарфакунандаи энергия гузошта мешавад.
Поливинилхлорид барои электроизолатсияи ноқил ва кабел, истеҳсоли тунука ва труба истифода мегардад. Вай инчунин дар истеҳсоли либосворӣ ва василаҳои дигар кор фармуда мешавад. Коғазҳои деворчаспи шустанӣ барои он ки ба худ об нагирад, бо плёнкаи ПВХ пӯшонда мешаванд. ПВХ инчунин дар бисёр соҳаҳои дигар мавриди истифода қарор мегирад.
Президент бо корҳое, ки дар объектҳои нави сохтмон ҷараён доранд, шинос гардида, бо бинокорон ва сармоягузорони хориҷӣ суҳбат намуд.
Қимати умумии лоиҳа оид ба истеҳсоли поливинилхлорид, содаи каустикӣ ва метанол беш аз 500 миллион доллари ИМА аст. Бо сохтмони объект консорсиуми ширкатҳои хитоии «China CAMC Engineering CO.LTD» ва «HQC (Shanghai)» ва ҳамчунин мутахассисони ватанӣ машғуланд.
Ба туфайли ба кор даромадани корхона соле сад ҳазор тонна поливинилхлорид, 75 ҳазор тонна содаи каустикӣ ва 300 ҳазор тонна метанол истеҳсол намудан мумкин аст. Беш аз 900 ҷойи нави корӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Интизорӣ меравад, ки беш аз 50 фоизи маҳсулот содир гардад. Ба баҳрабардорӣ супурдани корхона моҳи сентябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Навбати аввал ва дувуми ҷамъияти саҳҳомии «Навоиазот», ки ҳоло фаъол мебошад, аммиак истеҳсол менамояд, ки энергияро зиёд харҷ менамояд ва  он дар натиҷа аз истифода хориҷ карда мешавад. Онҳо бо иқтидорҳои нави истеҳсоли аммиак ва карбамид иваз карда мешаванд, ки қимати лоиҳавии онҳо беш аз 985 миллион доллари ИМА-ро ташкил менамояд. Ба баҳрабардорӣ супурдани объект имкон медиҳад, ки соле 660 ҳазор тонна аммиак ва 577,5 ҳазор тонна карбамид ба даст ояд ва номгӯйи маҳсулоти нуриҳои маъание, ки дар асоси он истеҳсол мегардад, зиёд гардад. Дар ин ҷо қариб 500 ҷойи корӣ ба вуҷуд оварда мешавад.
Маҷмӯае, ки якҷоя бо шарикони ҷопонӣ - ширкатҳои «Mitsubishi Heavy Industries, Ltd» ва «Mitsubishi Corporation» бунёд мегардад, соли 2020 ба кор андохтани он ба нақша гирифта шудааст.
Ҷамъияти саҳҳомӣ навбати аввал ва дувуми истеҳсоли нитрати азотро аз истифода бурдан хориҷ менамояд. Соли ҷорӣ интизорӣ меравад, ки дар ин ҷо лоиҳаи сохтмони нави маҷмӯи марбут анҷом дода шавад. Объекти мазкур бо қимати умумии 216,6 миллион доллари ИМА аз ҷониби ширкати «CASALE SA»-и Шветсария бунёд мегардад. Корхонаи нав соле 500 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол намуда, беш аз 120 нафарро бо кор таъмин мекунад.
Барои идора намудани таҷҳизоти замонавӣ, ки дар корхонаи мазкур гузошта мешавад, дар муассисаҳои таълими олии мамлакат муҳандисони технолог, механика, энергетика, иқтисоддонҳо ва барномарезон тайёр карда мешаванд. Мутахассисон дар корхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ касби худро такмил медиҳанд. 
Президент таъкид кард, ки ин маҷмӯъҳо, ки бо техникаи навтарин таъмин мегарданд, барои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, паст гардидани нархи аслӣ ва баланд бардоштани рақобатбардорӣ омили муҳим мегарданд. 
Махсус бояд таъкид кард, ки барои сохтмони чунин корхонаҳои замонавӣ натанҳо мамлакатҳои минтақа ҷуръат намекунанд, ҳатто мамлакатҳои бештар тараққиёфта ба он даст намезананд. Ин корхонаҳое, ки дар вилояти Навоӣ сохта мешаванд, дар баробари ба вуҷуд овардани ҷойҳои зиёди кор дар рушди иқтисодиёти мамлакатамон низ аҳамияти муҳимро молик мегарданд. 
Дар вилояти Навоӣ корхонаҳои калон сохта мешаванд, ки барои иқтисодиёти мамлакат заруранд. Мутобиқан дар ин корхонаҳое, ки бо замонавитарин таҷҳизот муҷаҳҳазанд, кадрҳои муносиб бояд кор кунанд. Барои ин дар мамлакат низоми муттасили тарбияи мутахассисони баландмалакаро бояд ба роҳ анадохт, ки ба талаби стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд ва ҷавонон дар хориҷа бояд таҳсил намоянд, гуфт Шавкат Мирзиёев. 
Дар ҳамин ҷо тақдимоти лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки барои татбиқ дар вилояти Навоӣ дар якҷоягӣ бо сафоратхонаҳои мамлакатамон дар ИМА, АМА ва Украина ташаккул ёфтаанд, ба амал омад. Ба Президент дар бораи нақшаҳои оид ба рушди саноат, дигар соҳаҳои минтақа маълумот дода шуд.  
Дар мамлакатамон ба рушди босуръати кишоварзӣ, аз ҷумла соҳаи моҳипарварӣ эътибори алоҳида дода мешавад. Бино бар рушди минбаъдаи хоҷагиҳои моҳипарварӣ, созмон додани сехҳои нави инкубатсионӣ, мустаҳкам кардани пойгоҳи озуқа, ҷорӣ кардани технологияҳои замонавӣ, инчунин такмил додани низоми азнавкоркард ва содироти маҳсулот пайваста корҳо амалӣ гардонда мешаванд.
Дар ин самт қарори Президенти мамлакатамон «Дар бораи  чораҳои иловагӣ оид ба рушди минбаъдаи соҳаи моҳипарварӣ» аз 6 ноябри соли 2018 ҳамчун дастуруламали муҳим хидмат мекунад.
Ба туфайли додани эътибор ба соҳа моҳи декабри соли 2018 ҶММ «Export Fish Product» дар ноҳияи Кармана бомуваффақият ба фаъолият шурӯъ намуд. Арзиши умумии корхона 37 миллиард сӯм буда, аз онҳо 30 миллиард сӯмаш – воми бонк, 7 миллиардаш – маблағи корхона мебошад. Дар айни ҳол дар ин ҷо ҳавзҳои пӯшида, анбори яхдонии гунҷоишаш 500 тонна, инчунин ҷойи дамгирии аҳолӣ бо нуқтаи хӯроки умумӣ ва ҷой барои моҳидорӣ сохта шудааст. 50 ҷойи корӣ созмон дода шудааст.
Баробари бо иқтидори пурра ба кор сар кардани корхонаи майдонаш 1,1 гектар дар ин ҷо 500 тонна моҳӣ ва 100 миллион дона моҳичаҳо рӯёнда мешавад. Дар оянда корхона ният дорад барои рӯёндани интенсивии моҳӣ 800 оиларо ҷалб намояд, ки имкони бо кор таъмин намудани қариб 900 нафарро фароҳам меорад. Дар пойгоҳи кӯли майдонаш 2 ҳазор гектар роҳандозии тайёр намудани маҳсулоти моҳигӣ бо усули кластерӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин имконияти истеҳсол намудани орди моҳӣ, равған, гӯшти лаҳми моҳӣ, консерв, котлет ва маҳсулоти дудкардашударо фароҳам меорад. Ба содирот баровардани 600 ҳазор тонна маҳсулоти тайёр ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи сафар ба вилояти Навоӣ Президент Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти корхонаи мазкур шинос шуд.
Маҳсулот ҳарчи қадар зиёд бошад, рақобат низ пурзӯр мегардад, рақобат мавҷуд бошад, сифат баланд, содирот самарабахш мегардад. Одамони оддиро сарватманд гардонем, давлат ҳама сарватманд хоҳад шуд, – гуфт раҳбари давлатамон. 
Дар ин ҷо маросими тақдимоти лоиҳаҳо бино бар созмон додани агрокластерҳо аз рӯи самтҳои гуногуни кишоварзӣ, беҳтар гардондани ҳолати чарогоҳҳо ба амал омад.
Барои мисол, дар байни лоиҳаҳое, ки шинос карда шуданд -  истеҳсоли таҷҳизот барои обшор намудани маҳсулоти кишоварзӣ бо роҳи бориши сунъӣ ҳаст. Лоиҳа, ки бо ташаббуси ҶММ «NAVOIY ISHONCH GILAMLARI» дар минтақаи озоди иқтисодии «Навоӣ» сохта мешавад, кам намудани харҷи об, масолеҳи сӯзишвориву молиданӣ ва нуриҳои маъданиро пешбинӣ менамояд. Ба туфайли ин лоиҳа ба қимати умумии 41 миллиард сӯм 50 нафар бо кор таъмин мегардад.
Ғайр аз ин дар вилоят ба инкишоф додани чорводорӣ эътибори алоҳида дода мешавад. Аз ҷумла, ҶММ «Конимех техно оазис» лоиҳаро доир ба инкишоф додани шутурпарварӣ, асппарварӣ ва гӯсфандпарварӣ ба амал татбиқ менамояд, ки овардани 900 сар шутур, асп ва гӯсфанди зотиро пешбинӣ менамояд. Инчунин ташкил намудани мактаби аспсаворӣ ба нақша гирифта шудааст.
Роҳбари давлат бо лоиҳаҳо шинос гардида, доир ба афзудани миқдори корхонаҳои моҳипарварӣ ва чорводорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии замин, босамар истифода намудани қитъаҳои наздиҳавлӣ тавсияҳо дод.
Сафари роҳбари давлат ба вилояти Навоӣ идома дорад.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: