ТАМОМИ МАСЪАЛАҲО ДАР АСОСИ ГУФТУГӮ БО ХАЛҚ БОЯД ҲАЛ ГАРДАД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 25 ноябр аз вилояти Навоӣ боздид ба амал овард.

Дар доираи сафар роҳбари давлат дар ҷамъомади ғайринавбатии Шӯрои вилоятии депутатҳои халқ иштирок намуд.
Ӯ инчунин бо фаъолияти корхонаҳои саноатии вилоят шинос гардида, бо аҳолӣ суҳбат намуд, дар корандозии лоиҳаҳои нав иштирок кард.
Дар шаҳри Навоӣ ҷамъомади ғайринавбатии Шӯрои вилоятии депутатҳои халқ баргузор гардид.
Дар он Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок намуд.
Дар аввали нутқи худ роҳбари давлат ба аҳолии минтақа эҳтироми амиқ баён намуда, ба шакли суҳбати кушод баргузор намудани ҷамъомадро пешниҳод намуд.
– Мақсади калонтаринамон дар вохӯрии имрӯз ошкоро баҳам дидани фикрҳоямон мебошад. Мо бояд ҳалли масъалаҳоеро дарёбем, ки 330 маҳалла, як миллиону 50 ҳазор аҳолии вилояти Навоиро нигарон намудааст. Депутатҳои муҳтарам, намояндагони насли куҳансол, ҷавонон, шумо агар дар бораи ташвишҳоятон нақл кунед, дар бораи мушкилоти маҳалҳо гап занед, ин барои ман хеле кумак мегардад. Агар мо бо халқамон маслиҳат карда, ҳамаи масъалаҳоро ҳал кунем, албатта натиҷа ба даст меояд. Ман низ, ҳамчунин халқамон ҳам бояд аз ин вохӯрӣ қаноатманд бошем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар суҳбат вазъияти имрӯзаи рушди вилояти Навоӣ таҳлил гардид. Дар се соли охир дар минтақа лоиҳаҳои калони саноатӣ ба миқдори 2 миллиард доллар ба кор андохта шуд. Дар натиҷа беш аз 10 ҳазор ҷойи нави кор ба вуҷуд оварда шуда, ба таври илова соле воридоти 1 триллион сӯм андоз ва содирот ба миқдори 100 миллион доллар таъмин гардид.
Таъкид гардид, ки минтақа захира ва имконоти зиёдро барои минбаъд инкишоф додани иқтисодиёт соҳиб мебошад. Ба тариқи мисол, маҳсулоти воридшаванда метавонад аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар асоси ҳамкорӣ истеҳсол карда шавад. Дар хоҷагии қишлоқ соҳаи чорводорӣ ба таври пурра ба роҳ андохта намешавад. Барои нигоҳ доштани меваву сабзавот зарфиёт кам аст. Мушкилоте дар соҳаи иҷтимоӣ вуҷуд дорад, ки аҳолиро нигарон мекунад.
Дар ҷамъомад масъалаи ташкилӣ баррасӣ гардид. Президент номзадии Нормат Турсуновро ба вазифаи ҳокими вилояти Навоӣ тавсия намуд.
Н.Турсунов соли 1972 дар вилояти Тошканд таваллуд ёфтааст. Солҳои зиёд дар низоми андози давлатӣ кор кард. Аз моҳи ноябри соли 2021 вазифаи иҷрокунандаи ҳокими вилояти Навоиро дар ӯҳда дорад.
Пеш аз он ки муҳокимаи номзад оғоз гардад, роҳбари давлат пешниҳод кард, ки барномаи номзад шунида шавад. Нормат Турсунов нақшаи худро оид ба рушди соҳибкорӣ, саноат ва хоҷагии қишлоқи минтақа тақдим намуд, инчунин барномаашро дар бобати ба  вуҷуд овардани шароити муносиби ҳаёти аҳолӣ ироа кард.
Президент ин пешниҳодотро дастгирӣ намуд ва чорабиниҳои татбиқсозии онро муайян кард.
Бо мақсади рушди соҳибкорӣ соли оянда вазифаи ба вуҷуд овардани 26 маркази саноатии маҳаллӣ ва минтақаҳои хурди саноатӣ гузошта шудааст, барои барномаи соҳибкории оилавӣ ҷудо намудани 600 миллиард сӯм низ муқаррар гаштааст. Таъкид шуд, ки умуман вилояти Навоӣ тамоми имконотро соҳиб аст, ки минтақаи холӣ аз қашшоқӣ ва бекорӣ гардад.
Дар соҳаи саноат соли оянда 186 лоиҳа бо ба вуҷуд овардани 15 ҳазор ҷойи кор татбиқ хоҳад гардид. Ин омили муҳими коҳиши воридот ва афзоиши содирот ба миқдори то 250 миллион доллар мегардад.
Дар ноҳияҳои Хатирчӣ, Кармана, Навбаҳор, Қизилтеппа ва Нурато 72 маҳалла ба парвариши картошка, сабзавот, ангур ва анор ихтисос хоҳанд ёфт. Роҳбари давлат ногузирии беҳсозии таъминоти обро дар 5 ҳазор гектар замин дар атрофи ин маҳаллаҳо таъкид кард.
Инчунин дар бобати ба вуҷуд овардани чарогоҳҳои хоҷагиҳои тухмипарварӣ, плантатсияи ферул, марказҳои агрологистикӣ супоришҳо дода шуд.
Ба рушди соҳаи иҷтимоӣ, сохтмони мактаб ва кӯдакистонҳо, таъмини аҳолӣ бо манзил ва оби ошомиданӣ эътибори алоҳида нигаронда шуд. Умуман соли 2023 барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии вилоят барилова 655 миллиард сӯм, барои рушди соҳибкории оилавӣ боз 750 миллиард сӯм равона карда мешавад.
Пас аз тақдимот депутатҳои Шӯрои вилоят нақшаи номзадро муҳокима намуда, фикри худро изҳор карданд. Масъалаи таъин намудани ҳокими вилояти Навоӣ ба овоздиҳӣ гузошта шуд. Бинобар натиҷаи он Нормат Турсунов чун ҳокими вилояти Навоӣ тасдиқ гардид.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки нақшаҳои дар ҷамъомад садодода бояд дар ҳаёт босамар татбиқ гардида, тамоми идораҳо дар атрофи ҳоким муттаҳид гардида, ба халқ хидмат намоянд.
Пас аз ин роҳбари давлат бо ҷавонони вилояти Навоӣ суҳбат намуд.
– Ҳар куҷое, ки ман меравам, кӯшиш мекунам, ки бештар бо ҷавонон суҳбат намоям. Мо дар назди худ мақсадҳои калонро дар рушди стратегияамон ва барномаҳои минтақавӣ гузоштаем. Агар ташкилотҳои давлатӣ, роҳбарони тамоми дараҷаҳо ба таври пурра бо масъалаи ҷавонон машғул нагардад, ба ин мақсадҳо намерасем, – гуфт Президент.
Ҷавонони вилоят дар тамоми соҳаҳо истеъдод ва фаъолнокӣ зоҳир менамоянд. Имсол онҳо дар ҷумҳурӣ оид ба миқдори дохилшудагон ба муассисаҳои таълими олӣ ҷойи аввалро ишғол намуданд. Аксарияти ғолибони олимпиадаҳои байналхалқии илмӣ ва озмунҳои бонуфуз низ аз вилояти Навоӣ мебошанд.
Имсол барои рушди соҳибкорӣ дар байни ҷавонони номуташаккил 50 миллиард сӯм ҷудо карда шуд, 13 ҳазору 700 нафар ҷавонон кори худро сар карданд. 1600 гектар майдони кишт ҷудо карда шуда, беш аз 6 ҳазор нафар ҷавонон бо кор таъмин гардиданд. Донишҷӯёне, ки дар шароити мураккаб зиндагӣ мекунанд, барои таълим ба таври умумӣ ба миқдори 6,5 миллиард сӯм пули қарордодашон пардохта шуд.
– Дастовардҳои ҷавонони Навоӣ, бешубҳа дар ҳамаи мо ҳисси ғурур бедор месозад. Аммо бо ин набояд иктифо кард. Мо боз чӣ метавонем кард, то ки дархост, талаб ва ояндаи ҷавононро таъмин созем? Мо чӣ гуна метавонем кумак кунем, ки ҷавонон дониш ва касбро соҳиб гарданд, зарфияташонро ифшо созанд? Ин саволҳо манро нигарон месозанд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Президент фикр ва пешниҳодоти ҷавононро шунид. Вазифаи роҳандозии платформаи нав гузошта шуд, ки он ба ҷавонон барои таълим ва дарёфти кор аз рӯйи касбҳое, ки дар бозори меҳнат бозоргир мебошанд, мадад мерасонад.
Доир ба ҷалби ҷавонон ба минтақаҳои саноатӣ, бо об таъмин намудани чарогоҳҳо, дастгирии ташаббусҳои чорводорӣ аз тариқи Фонди дастгирии соҳибкорӣ супоришҳо дода шуд.
Аҳамияти оммавӣ намудани варзиш дар байни ҷавонон бо роҳи ташкили мактаби махсуси варзишӣ ва маҳфилҳои варзишӣ дар маҳаллаҳои Навоӣ таъкид гардид. Ба ногузирии таъмини 325 мактаби вилоят бо китоб ва дастгоҳҳои мусиқӣ аз ҳисоби Фонди ҷавонон, афзоиши чорабиниҳои маданӣ ишора гардид.
Ҳангоми вохӯрӣ қарор дар бораи ғун намудани таҷрибаи вилояти Навоӣ дар бобати татбиқи ташаббусҳои пешниҳодгардида қабул гардид. Мақсади асосии он рушди маънавиву маърифатӣ, таъмини шуғл ва ташкили пурмуҳтавои вақти холии ҷавонон мегардад.
Ҳангоми сафари Президент ба вилояти Навоӣ маросими тантанавӣ бахшида ба роҳандозии корхонаи «Зарафшон оина» баргузор гардид.
Шиша дар саноат, сохтмон ва маишат зиёд истифода мегардад. Аз он ҷумла, талабот ба шишаи сохтмон дар мамлакатамон соле 38 миллион метри квадратро ташкил менамояд. Вилояти Навоӣ захираи зиёди санги ороишӣ, реги квартс, базалт ва каолин мебошад.
Аз ин боис ҳангоми сафар ба минтақа соли 2018 роҳбари давлат дар бораи роҳандозии истеҳсоли шиша супориш дода буд. Дар натиҷа лоиҳа ба миқдори 250 миллион доллар ба амал татбиқ гардид.
Президент Шавкат Мирзиёев тугмаи рамзиро пахш кард ва корхонаи «Зарафшон оина»-ро ба кор андохт.
– То ҳанӯз чунин корхона дар Фарғона ва Ҷиззах вуҷуд дошт. Ҳоло сафи онҳоро корхонаи таъсисёфтаи «Зарафшон оина» пур месозад, ки ба истеҳсоли номгӯйи васеи маҳсулот ихтисос ёфтааст. Мо боварӣ дорем, ки дар оянда он васеъ мегардад ва ба халқамон хидмат менамояд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Иқтидори солонаи корхона 12 миллион метри мураббаъро ташкил менамояд. Маҳсулот ҳам барои содирот ва ҳам барои иваз намудани воридот муқаррар гаштааст. Дар ин ҷо 700 нафар кор мекунанд.
Дар маросим алоқаи видеоӣ бо корхонаи «Мармаробод» дар шаҳри Ғазғон барқарор шуда буд, ки он ба истихроҷ ва коркарди мармар ва гранит ихтисос ёфтааст. Корхона бо таҷҳизоти Чин ва Эрон муҷаҳҳаз мебошад, аз ин мамлакатҳо муҳандисон ва мутахассисон ҷалб гаштаанд. Дар корхона 300 нафар кор мекунад.
Роҳбари давлат бо фаъолияти ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Гидро станко сервис» дар шаҳри Навоӣ шинос гардид.
Вилояти Навоӣ минтақаи саноаташ рушдёфта ба шумор меравад. Дар ин ҷо корхонаҳои зиёди маъдани кӯҳ, филизӣ, кимёӣ, энергетикӣ мавҷуд. Барои кори онҳо ва умуман кори саноат ва хоҷагии қишлоқи мамлакат мошин лозим мебошад.
Маҳз маҳсулоти мошинсозӣ дар корхонаи «Гидро станко сервис» ба роҳ андохта шудааст. Ба туфайли ҳамкорӣ дар ин ҷо истеҳсоли беш аз 100 дастгоҳ ва беш аз 1000 қисми эҳтиётӣ маҳаллӣ гардонда шудааст. Дар натиҷа соли 2021 имкон ба вуҷуд омад, ки беш аз 12 миллион доллар сарфа карда шавад. Интизорӣ меравад, ки то охири соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсолот дар дараҷаи 23 миллион доллар қарор меёбад.
Дар корхона дастгоҳҳои Олмон, Туркия, Италия ва Чин устувор карда шудааст. Дар ин ҷо 370 нафар бо кор таъмин гаштааст.
Ҳоло дар корхона дар бобати ба вуҷуд овардани сехи рехтагарӣ ва вусъат додани номгӯйи маҳсулот кор пеш бурда мешавад.
Президент ба шахсони масъул баланд бардоштани маҳаллисозиро супориш дод.
Ҳоло ҳозир дар доираи барномаи маҳаллисозӣ дар вилояти Навоӣ 113 лоиҳа қариб ба ҳаҷми 1 триллион сӯм ба амал татбиқ мегардад. Дар натиҷа аллакай соли ҷорӣ имкон ба вуҷуд меояд, ки воридот ба 100 миллион доллар кам карда шавад.
Худи ҳамин рӯз имзои ҳуҷҷатҳо дар бобати идора намудани минтақаи озоди иқтисодии Навоӣ ва терминали боркашонии аэропорти байналхалқии «Навоӣ» ба вуқӯъ пайваст.
Президент Шавкат Мирзиёев дар ин маросим иштирок намуд ва нутқ эрод кард.
– Ҳоло вазъияти геосиёсӣ дар ҷаҳон аз ҳар як мамлакат дуруст истифода намудани имконот ва захира, ба вуҷуд овардани даҳлезҳои нави тиҷоратӣ ва логистикиро тақозо менамояд. Бинобар ин мо бо ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон мулоқот менамоем ва пешниҳодоти ҳарчи мусоидро меомӯзем. Мақсадамон то соли 2030 зиёд намудани зарфияти содиротии мамлакат на камтар аз 3-4 маротиба мебошад, – гуфт роҳбари давлат.
Минтақаи озоди иқтисодии «Навоӣ» ва аэропорти байналхалқии «Навоӣ» аз нуқтаи назари саноатӣ ва логистикӣ молики имконоти калон мебошанд. Онҳо молики инфрасохтори ногузир буда, низоми корашон роҳафтода мебошад. Бо мақсади истифодаи босамари онҳо бо ширкати «DP world»-и Аморати Муттаҳидаи Араб дар бораи идора намудани МОИ «Навоӣ» ва ҳамчунин қарордод бо ширкати аморатии «Terminals Holding» дар бораи идора намудани терминали боркашонии аэропорти «Навоӣ» қарордод ба имзо расид.
«DP world» бо татбиқи меъёрҳои ҳуқуқии байналхалқӣ дар минтақаи озоди иқтисодии «Навоӣ» машғул мегардад, ки ба талаби сармоягузорони хориҷӣ ҷавобгӯ буда, инчунин ба ҷалби истеҳсолгарони калон масъул мебошанд.
Вазифаи ширкати «Ter-minals Holding» афзудани боркашонӣ дар аэропорти байналхалқии «Навоӣ» ва ба Хаб-ҳои калони боркашонӣ ҷалб намудан иборат аст. Ин ҳамкорӣ ба ҳамгароии Ӯзбекистон ба даҳлезҳои байналхалқии калидии нақлиётӣ саҳми бузург мегузорад ва ҳаҷми транзитро ҳадди ақалл ба 10 маротиба зиёд менамояд.
Умуман ин ду шартнома барои вусъат додани хидматҳои инноватсионӣ ва баландтехнологӣ дар мамлакатамон, рушди коммуниткатсияи нақлиётие, ки барои иқтисодиёти ватанӣ аҳамияти бузургро моликанд, хидмат менамоянд.
– Ба ин ду ширкат дар Ӯзбекистон барои рушди муттасили тиҷоратиаш тавфиқ хоҳонам. Боварӣ дорам, ки ин лоиҳаҳо ҳамкории зичро байни мамлакатҳоямон боз ҳам зиёд хоҳад намуд, – гуфт Президент дар охири суханронии худ.
Дар маросим роҳбарони ширкатҳои «DP world» ва «Terminals Holding» аз аҳду паймон изҳори қаноатмандӣ намуданд ва таъкид карданд, ки ин барои ҳар ду ҷониб имконоти васеъро ба вуҷуд меорад.
Бо ҳамин сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба вилояти Навоӣ ба охир расид.

Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ,
Икром АВВАЛБОЕВ,
Абдувалӣ БӮРИЕВ,
хабарнигорони ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: