ТАМСИЛҲО

ВАФОДОРӢ

ВАФОДОРӢ

Фасли сармо фаро расида, тамоми талу теппаҳоро барф чун чодари сафед пӯшонида буд. Хунукии сарди тоқатфарсо ҳамоно ҳукмрон буд. Паррандаву чарранда, ҷонвару ҳашарот ҳама барои ҷон ба саломат бурдан, нишемане меҷустанд. Сардори кадоме аз ҷонварон фидоӣ ва ҷонкоҳ бошад, барои ҷони худ ва аҳли селаашро ба саломат бурдан, кӯшиш мекард. Маликаи оруи асал  тамоми фикру зикраш барои эмин нигоҳ доштани селааш аз сармо ва душманони атроф шабу рӯз дар хизмат буд. Дӯстонашро эҳтиёт мекард. Мақсади асосӣ бо аҳли селааш ба баҳори зебо расидан ва аз накҳати гулҳои баҳорӣ нашъаманд шудан буд. Ҳар пагоҳӣ аз ҷой хеста, ба дӯстонаш мегуфт: – Ёрон, мо қавииродаем! Мо бояд устуворона ба якдигар ёрӣ расонем. Баҳори нозанин дар пеш аст. Аз ҳар гулу майса ва себаргаву оби ҷӯй мо захира мегирем. Ҳеҷ гоҳ худро афсурда накунед. Агар шумо афсурдагӣ гиред, ман нобуд мешавам. Оруи дигаре бо садои ларзони имдодталабона ба сухан оғоз кард: 
– Мо қавми оруён ба шумо эҳтиёҷ дорем. Моро аз ин сармои хунуку душманони бадбахт наҷот диҳед. Шумо ҷасорати қавӣ доред. Мо ҳама дар иҳотаи шумо ҳастем ва аз фармону супоришҳоятон сар наметобем. Ҳамаи оруён баробар бо садои баланд мегуфтанд: «Фармону супоришҳоятон рӯйи чашм, ҳаргиз аз шумо дурӣ намеҷӯем». Яку якбора воқеаи мудҳише рӯй дод, ки умеди тамоми  оруён зоеъ рафт...                                                       
Пагоҳии барвақт маликаи оруён чун ҳаррӯза барои ризқу рӯзӣ баромада рафту дигар барнагашт. Тамоми селаи оруён дар ҳарос афтода буданд. Охирин умедашонро аз даст доданд. Акнун танҳо хатари марг онҳоро таҳдид менамуд. Аз як тараф сармои хунуки тоқатфарсо, аз тарафи дигар бошад, бесарпаноҳиву тӯъмаи душманон шудан. Як оруи ҷавон, ки доим дастёри маликаи оруён буд, ба ҷустуҷӯи дӯсташ баромад. Охир бе ӯ зиндагӣ намудани ин оруи ҷавон номумкин буд. Ба ӯ хеле унс гирифта ва ба худаш идеал карда буд. Аз пешрафти кори малика хеле роҳат мекард. Худашро ҳатто як лаҳза бе малика тасаввур карда наметавонист.             
Барфу борон бо ҳам мебориданд. Кас пеши роҳашро намедид. Оруи ҷавон гоҳ афтон, гоҳ хезон роҳ мерафт. Забонаш дар ҳалқаш хушк шуда буд. Маҷоли роҳ рафтанро надошт. Пеши чашмонашро сиёҳӣ гирифта буд. Лекин бо мақсади аз маликаи оруён дарак ёфтан, ба пеш ҳаракат мекард. Роҳ рафта - роҳ рафта яку якбора дар ҷояш шах шуда монд. Маликаи оруён, маликае, ки дар зиндагӣ такягоҳаш буд, рӯйи замин афтода дид. Осмон бар сараш фурӯ рафт. Гӯё қалбаш як лаҳза бозистод. Бо садои ҷонхарош фарёд зада худро ба рӯйи малика партофт. Аз садои ҷонкоҳи оруи ҷавон малика чашмонашро кушод ва бо садои паст гуфт:
– Селаро ба ту амонат месупорам. 
– Ба шумо чӣ шуд? Ман ва дӯстонатонро ба кӣ партофта меравед? 
Малика базӯр-базӯр пичирросзанон ба сухан оғоз намуд: – Бо сардори оруи зард рӯ ба рӯ шудам. Ӯ аз шиддати рашку ҳасад маро наш зад. Дигар ман наметавонам аз ҷой бархезам. Ман нобуд шуда истодаам. Ту зуд ба назди села баргард ва аз онҳо муроқибат кун. Дар дилам агар як зарра нури умед монда бошад, он ҳам туӣ. Тез баргард! Тезтар баргард! 
Малика ин суханони вопасинро гуфту чашмонашро абадӣ пӯшид... Оруи ҷавон низ аз таъсири хунукӣ ва доғи бой додани дӯсташ дар ҳамон ҷо ҷони худро аз даст дод. Аз селаи бесарпаноҳмондаи оруҳо дарак набуд… Баҳорон шуд, боз гулҳо шукуфтанд, боз оруҳои дигар барои макидани шаҳди гулҳо омаданд, лек афсӯс, аз ин селаи бамеҳру оқибат, содиқ ба маликаи хеш дарак набуд. Маълум шуд, ки ҳама дар сардии зимистону гуруснагии тоқатфарсо нобуд шуда буданд.

ШАМШОД

Боғе бо зебоӣ дар доманаи кӯҳ, дар назди чашмаи оби софу зулол қомат афрохта буд. Дарахтони гуногун дар ин боғ нашъунамо доштанд. Ҳамаи онҳо ба таври худ зебову хушнамо менамуданд ва шоху баргҳояшонро низ ба ҳар тараф паҳну парешон карда буданд. Вале дар байнашон дарахти шамшод аз ҳама баланду мавзун буд. Қадаш он қадар рост нашъунамо меёфт, ки ягон каму костӣ надошт. Зебоияш чашми бинандаро зуд ба худ ҷалб мекард. Паррандагони хушхон ба шохаҳои он нишаста, нағмасароӣ мекарданд. Дар баландтарин шохи дарахти шамшод лона мегузоштанд. Тамоми оламро аз боло назорат мекарданд. Дарахтони дигари боғ ҳам мехостанд мисли шамшод баланду зебо шаванд, аммо ба ин орзуяшон намерасиданд. Бинобар ин аз ӯ маслиҳат пурсиданд. Шамшод гуфт:
– Аз навниҳолӣ росткору ростгуфториро пеша кунед, дӯстон!
           
МАҶНУНБЕД

Субҳи баҳори деҳа чӣ манзараи дилфиребест! Шилдирроси оби ҷӯй чун суруди нотамоми зиндагӣ ба гӯш мерасад. Қад-қади ҷӯй дарахтони зиёде рӯ ба боло нашъунамо мекунанд. Ҳар яке мехост зебоии худро ба якдигар муаррифӣ кунад. Аз насими атрогини табиат, гоҳ ба ин тараф ва гоҳ ба он тараф бо нозу ишва хаму рост мешуданд. Танҳо маҷнунбед бо сари хам месабзад ва ба камол мерасад. Кас гумон мекунад, ки вай гуноҳи азиме кардаасту акнун барои сар бардошта ба атрофиён нигоҳ кардан шарм медорад. Вале ҳаргиз чунин нест. Балки вай ба модари худ, ба наздикону ёру дӯстони худ – ба Замин таъзим мекунад.

Саодат САНГИНОВА, 
ноҳияи САРИОСИЁ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: