ТАН БИДЕҲ БАР ПИРИЯТ

Раҳмони СОДИҚ

 

Раҳмони СОДИҚ

ТАН БИДЕҲ БАР ПИРИЯТ

Эй насими даргузар, дар барги гул бӯе намонд,
Эй Худои меҳрубон, дар одамон рӯе намонд.
Ҳамраҳон бар хешу бар бегонаҳо қисмат шуданд,
Иттиҳоду ҳамдилӣ дар манзилу кӯе намонд.
Пир гардидем ё бо мо замон ҳам пир шуд,
Ҳамсари бечораамро чашму абрӯе намонд.
Вақти дороӣ ҳама дар гирди ман парвона буд,
Ин замон нодораму як маслиҳатгӯе намонд.
Салла дар сар, риш то зонуи мо афтодааст,
Ҳоҷибобо пур шуду марди худоҷӯе намонд.
Пиразан фарёд зад: «Эй дод аз дасти фалак,
Рози дил бо кӣ бигӯям, дар барам шӯе намонд!».
Эй ту ҳам, Раҳмони Содиқ, тан бидеҳ бар пирият,
Рӯят аз ожанг пур шуд, дар сарат мӯе намонд.
Абдуназари НАБӢ

ЁДИ ПАДАР
 
Чашмам фитад бар кӯю дар, ҳар гаҳ кунам ёди падар,
Хун мешавад ҷону ҷигар, ҳар гаҳ кунам ёди падар.
Монам агар дар нимараҳ бе додрас, дар сина оҳ,
Дар чашми модар ашки тар, ҳар гаҳ кунам ёди падар.
Ӯ буд марди покдин, некӯсиришту некбин,
Дунёи дил гардад дигар, ҳар гаҳ кунам ёди падар.
Аз ӯ ба мо ихлос монд, ганҷи хирад мерос монд,
Бинам яке соҳибҳунар, ҳар гаҳ кунам ёди падар.
Дар нимараҳ мондаш писар, аз кори дунё бехабар,
Ӯ ҳам кунад ёди падар, ҳар гаҳ кунам ёди падар.

Шакар САЙФӢ

ДЕҲИ МАН

Ба таъбир «қалъа» бошад маънии Эҷ,
Ба лафзи мардумӣ «Сойи калон» аст.
Канори қалъаву рӯди хушобаш,
Бароям беҳтарин ҷойи ҷаҳон аст!

Зи як сӯ Ёласинаш сар ба афлок,
Зи як сӯ Теппаи Лелок  нигаҳбон.
Ҳисори Феҷакаш истода мағрур,
Ба рағми душманони номусу ҷон.

Баҳорон боғҳояш сабзу хуррам,
Зи ҳар сӯ чаҳ-чаҳи булбул ба гӯш аст.
Агар хоҳӣ ҷавон монӣ, ҳамеша
Биё ин ҷо, ҷавонӣ дар хурӯш аст!

Ҳавои Ағваю Пирвешу Қалъа,
Ба ҳар як ҷисми беҷон ҷон бубахшад.
Ва оби Феҷаку Мурғобаки мо
Тани беморро дармон бубахшад.

Чӣ мардум? Ҷумла аҳлу иттифоқанд,
Ҳама гӯӣ ту ёранду бародар.
На бою не тиҳидасте дар ин ҷо,
Ҳама дар давлати дунё баробар.

Ҷавононаш ғурури кӯҳ доранд,
Сиёвушхислату рустамниҳоданд.
Сиришти пок доранду дили нарм,
Ҳама заҳматписанду хушсаводанд.

Ба мадҳи духтари кӯҳӣ чӣ гӯям?
Ҳама дар пеши ҳуснаш лолу ҳайрон!
Гирифта лола гӯӣ аз рухаш ранг,
Нигоҳи оҳуяш масту гурезон.

Деҳи ман, аз гилу обат гили ман,
Туӣ сарчашмаи шеъри тари ман.
Паноҳам будаӣ аз ҳар балое,
Ки бошад дар амон доим сари ман.

Деҳи ман, ёд кардам обу хокат,
Дили пазмони ман соат шуморад.
Касе оё ба ҷуз ман аз сари сидқ,
Ба хоки пойи ту сар мегузорад?!

Ҳикмат СУЛТОНЗОДА

ДУБАЙТИҲО

Агар аз аҳли кеҳам, ё ки аз меҳ,
Назода модарам аз баҳри тафреҳ.
Сафар дорам ба роҳе пасту боло,
Худоё, то ба кӯйи дил амон деҳ. 
*****
Хамӯшиву пур аз овоӣ, эй дил,
Ба ҳусни дилбарон шайдоӣ, эй дил.
Дар ин дунёи пурсавдою ғавғо,
Ту ҳам як оламу дунёӣ, эй дил. 
*****
Яке бошад ғуломи тангаву зар,
Дигар бошад ғуломи хоҷа – раҳбар,
Ғуломи кистӣ? – пурсанд мардум,
Бигӯям ман: «Ғуломи чун ту дилбар». 
*****
Дар ин дунё кадоме зарпараст аст,
Кадоме ному карру фарпараст аст.
Ҷаҳон гардидаму кам дидам аммо,
Диле ки меҳану модарпараст аст.
*****
Дили мо махзани асрор бошад,
Макони ҷилваи аҳрор бошад,
Худоё, дар паноҳи худ нигаҳ дор,
Мабодо, хонаи ағёр бошад. 

 

 

 

 

 

Бӯйи баҳор аст сумалак,
Мавсими кор аст сумалак.
Сумалак дар ҷӯш мо кафча занем,
Ҳама дар хоб мо дафча занем.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: