«ТАНАМ ДАР ТИРАМОҲУ РӮҲ ДАР БАҲОРОН...»

Шоир ва адиби ҳамзабони мо Зариф Султонӣ расо панҷ моҳ пеш аз ин – 8-уми январи соли 2023 аз бемории саратон ҷон ба Ҳақ таслим намуд ва кунун ҷисми лоғари ӯ дар як кунҷи мазори деҳаи Тиргарони ноҳияи Сариосиё дар оғӯши хоки сард қарор дорад.

«Ай бевафо дунё! Аё фалаки золим! Эй замини сиёҳи бераҳм, ки фарзандони худро калон кардаву ба воя расонда ва дар авҷи масаррат дубора ба коми худ мекашӣ!.. Имрӯз ман аз шумо шикоят дорам...» 
Беназир Муҳаммад (Зариф Султонӣ)

Шоир ва адиби ҳамзабони мо Зариф Султонӣ расо панҷ моҳ пеш аз ин – 8-уми январи соли 2023 аз бемории саратон ҷон ба Ҳақ таслим намуд ва кунун ҷисми лоғари ӯ дар як кунҷи мазори деҳаи Тиргарони ноҳияи Сариосиё дар оғӯши хоки сард қарор дорад. Кайҳост, ки дар рӯи қабри ӯ сабзаи нав руста, ҳарчанд вақт зиёдтар мегузарад, аламу ғуссаҳои фироқ бештар эҳсос мегардад. Навиштаи зер аз як дидори пур аз оби чашм, ки ду-се рӯз пештар аз реҳлати шоир иттифоқ афтода буд, рӯи коғаз омадааст. Ҳоло ёде аз он азиз карда, аз Худованд ободии охирати марҳумро хоҳонем.
***   
Дар як кунҷи хонаи васеъ рӯи рахти чӯбин Зарифи шоир хоб аст. Шоире, ки меваи ширини ду тоҷики деҳотӣ буда, аммо баъдтар дасти муҳити зӯрмандқанди порсӣ аз даҳонаш рабудаву бо пинуи туркӣ комраво намудааст! Зариф Султонӣ, мутахаллис ба Беназир Муҳаммад таҳкурсии қавие аз хишти пухтаи порсии тоҷикӣ дошт ва маҳз ҳамин фаҳму дониш боис гардид, ки ба забони ӯзбекӣ бофасоҳат шеърҳо офарад ва ихлосмандони шайдое пайдо созад.
Ману шоир Эркин Муқим, сардабири рӯзномаи «Сариосиё ҳақиқати» Абдурайим Раҳмонов ва котиби масъули ин рӯзнома Солеҳи Муҳаммадҷон ба аёдати Зариф Султонӣ рафтем.
Хонаи шоир гармакак, аммо дар оғози фасли зимистон накҳати шеър надошт. Бӯйи гуна-гуна дорувор ба машом мерасид аз хобҷои ӯ. Рӯи мизе ҷаъбаи давоӣ мехобид, ки даҳонаш кушода ва аз лабаш барои шифои бемор истифода кардаанд. Ҳарчанд дар рӯи хон чандин навъи хӯрданӣ гузоштаанд, бемор ҳатто ба он неъмат нигоҳе намеафканад, бо дарди худ машғул аст ӯ. Ғизояш акнун ҳамин дорувор аст! Ду хат найчаи резинӣ аз қаъри вуҷудаш рутубату зардоби тани ӯро берун мекашанд. Устои азал ӯро дар бистар чунон мехкӯб карда, ки фикр мекунӣ, муҳол аст сари пой ояд, мисли пешин ба тафарруҷи боғ равад, аз навозиши Офтоб баҳра гирад, аз парвози шоҳпаракҳо завқ барад, аз хироми мурғакон шод гардад, илҳом ёбаду як-ду мисраъ рӯи варақ фарорад. Шоир дар авҷи камолот дучори маризии саратони рӯда гардида буд, ки ҳоло вуҷуди ӯро мавиз барин хушк карда буданд. 
– Чанд лаҳза пеш сӯзандоруи оромбахш гузаронидем, – мегӯяд бародари хурдиаш Шариф. – Морфин, уколи таскиндиҳанда! Дигар навъи дору таъсир намекунанд. Дарди акаҷонам хеле зӯр..., – ғамгин сар такон медиҳад ӯ ва дида нам мекунад. Ба дили мо низ як пора ғам менишинад.
Болояшро бо кампали хушгуле пӯшондаанд. Аз таки он танҳо сурати лоғари шоир намудор аст. Ман, ки овозашро шунидаам, номаҳояшро хондаам, аммо ба ҷуз расмаш худашро дар ҳаёти воқеӣ надида будам ва дар тасаввурам мондааст, ки ин дӯсти ман басо зебо буд. Як марди хушсурати бандболое буд. Чашмони нигоҳашон гарм, забони ширин, атвори ҳамидае дошт. Абрӯвони қиргунаш ба соири аъзои ӯ мутаносиб афтода буданд. Афсӯс, вуҷудаш ҳоло аз равнақ мондаву кӯҳнаколоеро дар зеҳнҳо бедор месохт; дидагони як замон шӯхаш фурӯ рафтаанд, ожангҳои рӯяш хоно ва симтӯри корношоям барин метофтанд...  
Вайро ман чун Зариф Султонӣ шинохтаам. Шоир ва мутарҷими бомаҳорат Одил Икром мо – ду қаламкаши парвардаи обу хоки як воҳаро ба ҳам шинос карда буд. Ба ман ду ҳикояти Зарифро фиристодаву хоҳиш намуд, ки ба тоҷикӣ тарҷума кунам. Ман насри Зарифро ба сони шеъре мехондам, ки сохтори қавие дошт, андешааш ғолибан бӯйи тоҷикӣ медод. Ин хел ман зуд мафтуни ин ҳарфу ҳиҷоҳо гашта, он навиштаро ба забони модариамон тарҷима кардам. Зариф низ хондаву шод гашт. Пажӯҳандаи хубе аст ӯ. Забони чакидаи хомаи Зариф Султонӣ ҳар хонандаро мафтун месозад ва дарунмояи ин асарҳо басо ҷолиб ва реша дар адабиёти ғании форсии тоҷикӣ доранд. Ин аст, ки ба хонандаи тоҷик писанд хоҳад омад. 
Зариф Султонӣ дар деҳаи Тиргарони ноҳияи Сариосиё соли 1972 ба дунё омадаву мактаби рақами 7-ро то синфи ҳашт хондааст. Баъд ба мактаб-интернати рақами 66-уми ноҳия гузашта, он ҷоро бо шаҳодатномаи аъло хатм кардааст. Орзуҳои ҷавонӣ вайро ба пойтахт раҳнамун гаштанд. Вай бо нерӯи дониши худ ба факултети журналистикаи Донишгоҳи ба номи Мирзо Улуғбеки Тошканд дохил шуд. Дониши фарохаш аз назари устодон дур намонд ва бо тавсияи онҳо чун узви дастаи «Ниҳолҳои умед» чандин соли таҳсилро дар Донишгоҳи Эгейи Измири Туркия идома дод. Соли 1995 аввалин қаламиҳои худро гирд оварда, бо номи «Китоби беном» ба нашр расонид. Шоири ҷавон як муддат дар гиру мадори замонаи ҳарина худро бохтаву парешонҳол мегардад. Андешаҳои ӯ ба сиёсати давр созгор набуданд ва ин боиси ноомади кораш гашта буд. Баъдтар дар ширкате ба сони тарҷумон гузашта, як муддат нафақаи рӯзгор пайдо кард. Ҳарчанд дили ҳассоси шоир гирифтори ғаму андӯҳи гароне буд, аммо ҳаргиз даст аз эҷод нашуст, пайваста шеърҳои хубу хонданӣ менавишт ва алами дилро ин тавр ба қалам медод. Нодориҳо дигар имкон надоданд, ки чакидаи хомаи худро дар шакли маҷмӯае ба дасти хонанда биспорад. Шоир Одил Икром аз шеърияти баланди Зариф огоҳ шуда, барои нашри маҷмӯаи нави ӯ ҳисса мегузорад. Ин замоне иттифоқ афтода, ки шоир аллакай сиҳатии худро бой дода, пайваста дар ғами барқарории он медавид. Хушбахтона дӯстону алоқамандони ашъораш ба қарибӣ маҷмӯаи нави вайро бо номи «Сурудҳои беоҳанг» аз тариқи нашриёти «Академнашр» чоп карданд. Дар он шеърҳои тозаэҷоди шоир, тарҷумаҳо ва ҳикояҳо аз силсилаи «Номаҳо аз биёбон ба гулхона» ҷой гирифтаанд. Ин силсиларо банда ба тоҷикӣ тарҷума кардаам. Ҳоло боз чанд китоби Зариф дар дасти чоп аст. Вайро пас аз муроҷиати дӯстони ҳамдил, пайвандони баоқибат ба узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон пазируфтанд. Сироҷиддин Саид, шоир ва раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Зарифи акнун беморро тавассути телефон табрик ҳам гуфт. Ба гуфтаи бародари хурдиаш Шариф, ки мунтазам дар хидмати бемор аст, дӯсти мо – Зариф Султонӣ шаш моҳ пеш ҷарроҳиеро паси сар карда, бо аҷали муааллақ дастдаргиребон аст...
Имрӯз ҷои ӯ дар байни мо холист. Ҳарчанд бебозгашт ба олами фано рафтааст, аммо ному ёди накӯяш дар дилҳои аҳли сухан боқӣ хоҳад монд. 

Шариф ХАЛИЛ, 
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: