Таърих худ аз худ ба миён намеояд, онро инсонҳо меофаранд.
Гузаштаро донистан роҳи ояндаро равшан менамояд. Биноан, мо бояд гузаштаи дуру наздикамонро донем.
Бино ба нақли падарам, солҳои 1928-1930 ҳамаи бародарон ва хешону қарибон пиёда то истгоҳи Ванновскийи Олтиариқи вилояти Фарғона омадаанд.
– Он ҷо моро эшелони сурх мунтазир буд. Дар вагон ҷойгир шудем. Моро дар истгоҳи Душанбе аз поезд фуроварданд ва ба колхози Ҳалқаҷар (Болшевики собиқ)-и ноҳияи Рӯдакӣ (Кӯктоши собиқ) бурданд. То соли 1935 аввал агроном, баъд раис будам. Дертар колхозҳои хурд як шуда, колхози ба номи Ленинро ташкил доданд. Бино ба қарори ноҳия аъзои хоҷагии манро барои азхуд намудани заминҳои бекорхобидаи соҳили дарёи Кофарниҳон сафарбар карданд. Бино ба қарори правления маро аз нав раис таъин намуданд. Ба кор пардохтем. Манзилҳоямон козаҳои қамишин буданд. Техника ва қувваи корӣ намерасид, бештарини корҳо дастӣ иҷро мешуданд. Бо вуҷуди ин, заминҳои зиёде аз худ карда шуданд. Мушкили об ва бунёди иншооти зарурӣ дар хоҷагӣ ба миён омада буд. Бо роҳи ҳашар ба дарозии 3-4 км канал канда шуд. Аъзои колхоз дар ин роҳ ҷоннисориҳо нишон доданд. Бо кӯмаки роҳбарони ноҳия мушкилоти об ҳал гардид.
Ҷанги дуюми ҷаҳон ба сари халқу Ватан мусибати зиёд овард. Аксарияти мардон ва ҷавонон ба ҷанг сафарбар шуданд. Дар саҳрою фермаҳо асосан занону мӯйсафедон кор мекарданд. Бо вуҷуди ин, саъю кӯшиш ба харҷ дода шуд, ки аз заминҳо ҳосили баланд гирифта шавад. Зеро ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба буд. Хоссатан, соли сеюми ҷанг вазнин омад. Хӯрокворӣ тамом шуда буд. Ҳамон вақт раис аз хонааш як халта орд бароварда ба миён гузошт, дертар Абдулҳай Охунзода ва устод Мирзо Турсунзода барои аъзои колхоз як халта орд, як халта биринҷ ва як сар гӯсфанд ҳадя карданд. Ҳамон рӯз барои колхоз тӯй буд...
– Абдураҳим – Раисбобо шахси инсонпарвар буд, аъзои колхозро дӯст медошт, ба онҳо бародару хоҳарвор муносибат мекард, – ёдовар мешавад Абдукарим Юнусови ордендор. – Инсони хоксор буд, мисли дигарон либос мепӯшид, хонааш низ аз хонаи колхочиёни оддӣ фарқ надошт. Қитъае, ки мо зиндагӣ мекунем, Шолипоя ном дорад. Чӣ мешуд, ба ҳамин қитъа номи инсони фидоӣ Адураҳим Қосимовро, ки дар аз худ кардани заминҳои бекорхобида ҷоннисориҳо нишон додааст, медоданд.
– Раис дар сари зиндагияш сазовори ҳурмату эҳтиром буд, – сухани ӯро тақвият бахшид Қаҳрамони меҳнат Убайдулло Абдуллоев. – Ба туфайли ҳалолӣ, меҳнатдӯстӣ ва чораандешиҳояш дар байни роҳбарони ноҳия низ шинохта шуда буд. Ман ҳам мехостам ин қитъаро ба номи ӯ гузоранд. Охир ин таърихи мост. Таърих барои насли оянда дарси ибрат аст. Имрӯзиён бояд донанд, ки барои гул-гулшукуфии Ватани азизамон – Тоҷикистон кӣ ҷоннисорӣ кардаанд.
Ободгари як гӯшаи Ватан – падарам соли 1972-юми қарни сипаригардида, вақте 72 сол дошт, ин дунёи фониро падруд гуфт. Имрӯз ҳар як дарахти боғамон сурати падарамро пеши назар меоварад, вақте дар пахтазори хоҷагӣ қадам занам, чунин ба назар мерасад, ки рӯҳи падарам гашту гузор дорад...
Деҳаи аҷдоди мо омада обод карда ва биноҳои он гузаштаро пеши назарам меоваранд, бачагиям дар пасту баландиҳои он пайсипар шудааст.
Аё, эй Тоҷикистон, меҳани ман,
Ки фарзанди ту ҳастам ман, на меҳмон.
Танамро обу хоки ту чу парвард,
Шавад лозим, фидо созам ба ту ҷон!...
Сипос Худойро, ки дар арафаи Наврӯзи соли 2018 Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон сафари таърихӣ анҷом дод. Ин ташриф барои Асосгузори сулҳу ваҳдат, ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи Тоҷикистон туҳфаи наврӯзӣ буд. Аз дар канори ҳам будани бародарони азалию абадӣ, боз гардидани гузаргоҳҳои сарҳадӣ мардум ашки шодӣ рехтанд. Хусусан, мо ӯзбекони Тоҷикистон бениҳоят шод будем. Ман фикр мекунам, ки ӯзбекистониён ва аҳли минтақа низ аз ин иқдоми созанда бениҳоят шод шуданд.
Собирҷонҳоҷии АБДУРАҲИМ,
деҳаи Сароби ноҳияи Рӯдакии Ҷумҳурии Тоҷикистон.