ТАНБАШАВӢ ОЁ “БЕМОРӢ”-И ШАҲР АСТ?

Мувофиқи маълумоти таърихӣ ҳазорҳо сол пеш дар биёбонҳои хушк роҳҳои сунъӣ пайдо шудаанд.

Дар ҳақиқат аз замонҳои қадим роҳҳо халқҳоро ба ҳам наздик карда, риштаҳои дӯстиро мустаҳкам кардаанд. 
Солҳои охир дар мамлакати мо дар бобати офаридани маҷмӯи иншоотҳои гуногун дар асоси андозаҳои ҷаҳонӣ корҳои васеъмиқёс ба амал бароварда шуданд. Ин роҳҳо ба боз ҳам мустаҳкам гардидани ҳамҷиҳативу дӯстӣ хизмат мекунанд. 
Замон бо шиддат тағйир меёбад. Ҳар як соҳа ривоҷ ёфта, дигаргуниҳо рӯз то рӯз афзуда, дар баробари ин талаботи зиёд ба миён гузошта мешаванд.
Бо ташаббуси Сарвари давлат дар баробари тамоми соҳаҳо ба рушди шабакаҳои нақлиёту коммуникатсия таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Дар тӯли солҳои охир дар бобати сохтмони шоҳроҳҳои автомобилгард, хуб ба роҳ мондани алоқаи нақлиёт бо мамлакатҳои хориҷӣ, ба кор бурдани техникаю технологияи ҳозиразамон дар соҳаи роҳсозӣ, тайёр ва зиёд кардани шумораи мутахассисоне, ки ба талаботи имрӯза ҷавоб дода метавонанд, корҳои амалӣ ҷоннок гардиданд. Коркунони соҳа дар муддати кутоҳ, дар роҳҳои автомобилгард ҳаракати нақлиётро қатъ нанамуда, бо ҷидду ҷаҳд сохтмони гузаргоҳҳои асосӣ, кӯпрукҳои боҳашамат, шоҳроҳҳои замонавии серҳаракатро идома медиҳанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки равонии роҳҳо ва ҳаракати беисту бехатари нақлиёт таъмин карда мешавад. Ин на танҳо барои ронандагон, балки барои мусофирон ҳам қулайиҳо ба вуҷуд меоварад. Мусофирон, ки роҳи дурашон наздик, мушкилашон сабук мегардад, низ аз ин имкониятҳо самарабахш истифода мебаранд. На танҳо дар шаҳрҳо, балки дар деҳаҳо ҳам чунин қулайиҳо ба назар мерасанд.
Дар баробари афзудани шумораи автомобилҳо, ки яке аз нишонаҳои фаровонӣ мебошад, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ низ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Мо шоҳиди он мегардем, ки дар асоси як қатор фармону қарорҳои Сарвари давлат ва ҳукумат оид ба ин масъала, дар асоси фармону супоришҳои дахлдори Вазорати корҳои дохилӣ корҳои амалӣ бурда мешаванд. 
Вақте дар бораи садамаҳои нақлиётӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мехонед, ба баданатон мурғак медамад. Хусусан, аз оқибатҳои ногувори он боз ҳам бештар асабонӣ шуда, ба тақдири ҷабрдидагон дилатон месӯзад.
Албатта, таассуфовар аст, ки чунин ҳодисаҳои нохуш на танҳо аз беэҳтиётӣ ва бетаҷрибагии ронанда, балки дар натиҷаи танбашавӣ ва носоз будани роҳҳо низ ба амал меоянд. Дар ин бобат рафтори баъзе пиёдагардонро, ки низ қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон мекунанд, дуруст гуфтан мумкин нест. Сабаб он аст, ки онҳо ба ҷойи гузаштан аз гузаргоҳҳои махсуси муайяншуда ҳарчанд хавфнок будани онро донанд ҳам, аз байни мошинҳои ҳаракаткунанда мегузаранд.
Хулоса, барои пешгирӣ кардани ин мушкилиҳо ҳам ба пиёдагард ва ҳам ба ронанда чораҳои қонунӣ андешидан ва ё баръакс, бунёди гузаргоҳҳо ва қантара (кӯпрукҳои овезон)-ро тезондан лозим аст.
Истилоҳи «танбашавӣ бемории шаҳр аст» низ вуҷуд дорад. Як вақтҳо танҳо дар муқоиса бо шаҳр истифода бурдани ин истилоҳ дуруст ҳисоб меёфт, вале дар ҳаёти рӯз то рӯз тараққикардаи имрӯза на танҳо дар шаҳр, балки дар деҳот ва ҳатто дар маҳалла низ чунин ҳолатҳои ногувор ба мушоҳида мерасанд. 
Дар баъзе ҷойҳо рӯзҳои якшанбе ҳаракат дар чунин роҳбандиҳо ниҳоят душвор аст...
Аз ҷумла, дар бозори якгектараи деҳаи Варзик, ки дар маркази деҳа воқеъ аст, тамоми маҳсулоти истеъмолии мардумро пайдо кардан мумкин. Сад афсӯс, мавзеъе, ки ҳамчун бозор муайян шудааст, аз сабаби дар шоҳроҳи калон ҷойгир шуданаш, ҳолатҳои тамоман ҷавоб надодан ба талаботи санитарӣ, ноқулайиҳо ба вуҷуд овардани ҳаракати нақлиёт касеро ба ташвиш намегузорад.  На фурӯшанда ва на харидор, ки ғайриқонунӣ, хилофи талаб ва қоидаҳои бозор  барои худ шароит муҳайё кардаанд, дар ин масъала парвое надоранд. Мутаассифона, маҳсулоти полизӣ, помидору бодиринг ва дигар масолеҳи хӯрокворӣ ба болои матои канори роҳ рехта шуда, онҳоро дуди заҳролуди мошинҳо ва чангу ғубор фаро гирифтааст.
Агар касе «Дар деҳаи мо бозор аз қадим дар ҳамин марказ буд, мардум ба ин ҷо одат кардаанд. Бозори ҳайвонот низ дар ин ҷост, он барои ҳама қулай аст” гӯяд,  “ба фикри ман, дар давраи бо шиддат дигаргун шудани замон ин фикри нодуруст аст, бояд ба мақсади ба халқ қулайиҳо фароҳам оварда, мушкилашро осон кардан бояд бозорро ба ҷойи дигар кӯчонд, то ки ҳам ба ҳаракати нақлиёт ва ҳам мардум халал нарасонад» мегӯяд дигаре.     
— Дуруст, бозор аз қадим ташаккул ёфтааст, — мегӯяд яке аз сокинони деҳа Алишер Қосимов. — Дар ин ҷо ниёгони мо асосан  бо хариду фурӯши чорво машғул буданд. Солҳои охир занон низ барои эҳтиёҷоти худ ба бозор баромаданд, ҳамин тариқ бозор доман паҳн кардааст. Барои ҳалли ин масъала лозим нест, ки аз боло фармоиш диҳанд ё илтимос кунанд. Махсусан танбашавии  нақлиёт ташвишовар аст. На пиёдагард ва на мошинҳои ҳаракаткунанда мехоҳанд ба якдигар роҳ диҳанд. Зеро дар ҳар ду маврид бо роҳи танг ҳаракат кардан амри муҳол аст. Куҳансолони деҳа метавонанд муттаҳид шуда, ҳалли мусбати ин масъаларо пайдо кунанд.
Вақти он расидааст, ки дар маркази деҳкадаи сераҳолиамон, ба назари ман, чароғакҳо гузошта шавад. 
Чунин бетартибӣ, яъне танбашавиро дар дигар ҷойҳо, ҳатто дар маркази Чуст ҳам дидан мумкин аст. Дар маркази ноҳия, ки қариб 270 ҳазор нафар аҳолӣ истиқомат мекунад, оиди ҳалли ин мушкилиҳо касе фикр намекунад. Шояд талошҳо дар ин замина оғоз шуда бошад, аммо натиҷаи он ба назар намерасад. Ҳар рӯз аз субҳи барвақт то ғуруби офтоб ҳамин гуна танбашавиро дида, ба масъулини ноҳия, ба фикрам, ин ҳолати одатӣ шуда мондааст.  Хусусан дар рӯзи охири ҳафта – якшанбе теъдоди меҳмонон аз дигар минтақаҳо ва ҳатто аз ҷумҳурии ҳамсоя бо мақсади тиҷорат ё саёҳат зиёд мешаванд. Мутаассифона, ҳаракати бетартибонаи мардум дар ин бобат мушкилӣ ба миён меорад. Ин вазъият на танҳо вазифаи коркунони шуъбаи корҳои дохилӣ, балки ҳар яки мо аст, ки бояд мусофиронро ба тартиб ҷеғ занем, дар пешгирӣ намудани танбашавиҳо каме саҳми худро гузорем.
Бино ба маълумотҳо, дар кишварҳои хориҷӣ ҳалли мушкилоти мубориза ба танбашавӣ дар роҳҳоро бо усулу равишҳои гуногун меёфтаанд. Дар Афина, масалан, моҳҳо, ҳатто рӯзҳои ҳафта бо ронандаи рақамӣ ба итмом мерасанд. Дар Рим бошад, дар баъзе қисми маълуми шаҳр, яъне дар ҷойҳои таърихӣ сафар кардан манъ аст ва чун қоида сайёҳонро дар соатҳои муайян қабул мекунанд. Дар Токио ба қоидаи роҳ ва аломатҳои махсуси он аҳолӣ қатъиян риоя мекунад. Дар Париж барои ҳар як мошин хатҳои махсус мавҷуданд, ки аз ҷойҳои муайяншуда ҳаракат мекунанд.
Чунин ба назар мерасад, ки мо низ бо такя ба тафаккури миллии худ бояд барои ҳалли мусбати ин мушкилот андеша намуда, ба бунёди роҳҳои ҳаматарафа қулай ва босифат шурӯъ кунем.

Шоҳида ДАМИНОВА,
вилояти НАМАНГОН.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: