Тангаҳои қадимӣ дар фурудгоҳ боздошта шуданд

Постгоҳи гумрукии “Бухоро аэропорти”-и Садорати гумруки вилояти Бухоро дар ҳамкорӣ бо кормандони Хадамоти амнияти авиатсионӣ аз қаламрави кишварамон ба хориҷ баровардани тангаҳои қадимаро пешгирӣ карданд.

Шаҳрванде, ки бо хатсайри «Бухоро-Внуково» ба кишвари хориҷӣ парвоз мекард, ҳангоми бо худ бурдани ашёи мероси фарҳангии мамнӯъ аз қаламрави ҷумҳурии мо боздошт шуд.

Ҳоло 8 танга, ки ҳамчун далели шайъӣ нигоҳ дошта мешаванд, аз ҷониби масъулони Садорати мероси фарҳангии вилояти Бухоро бо мақсади муайян кардани сатҳи қадимии онҳо аз экспертиза гузаронида мешаванд.

Аз рӯи хулосаҳои пешакӣ, ин тангаҳо дар давраи ҳукмронии Пётри I дар солҳои 1682-1725 сикка зада шудаанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: