ТАНОСУБИ МАРДУ ЗАН

Дар нашрияи «Психолоҷи тудей» омадааст, ки дар 30 соли охир шумораи мардоне, ки танҳо зиндагӣ карданро ихтиёр кардаанд, дар ҷаҳон зиёд мегарданд.

Агарчӣ барои хушбахт гардидан ҷуфти худро доштан шарт нест, аммо мардҳо маъмулан хушбахт ва саломатанд агар ҷуфте дошта бошанд. Дар ин мақола меояд, ки боиси зиёд гардидани сафи мардони танҳо боло рафтани стандарти тақозо аз рӯзгор мебошад, зеро аксарияти занон мехоҳанд, ки ҷуфташон аз ҷиҳати эмотсионалӣ устувор бошанд, ки ин муносибати онҳоро тамоман дигаргун мегардонад. 
Ба ин ҳолат таносуби миқдори зану мард ҳеҷ алоқа надорад. Лекин агар ба инобат бигирем, ки дар даҳсолаҳои охир теъдоди занон бо далелҳои гуногуни объективӣ аз мардон зиёд буданд, ҳоло дар мисоли Ӯзбекистон ин тавр гуфтан мушкил аст. 
Бинобар маълумоти Кумитаи давлатии ҳисобу китоби ҷумҳурӣ, то моҳи апрели соли ҷорӣ аз 35 миллиону 433 ҳазору 772 нафар аҳолии умумӣ, 17 миллиону 607 ҳазору 934 нафар занон ва 17 миллиону 825 ҳазору 838 нафарро мардҳо ташкил менамоянд. Аҷибаш дар он аст, ки соли 1991 50,6 фоизи аҳолиро занон ташкил карда бошанд, ҳоло онҳо қариб 1 фоиз кам – 49,7 фоиз мебошанд.

Т. МИРҲАЁЕВ.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: