ТАНОВУЛИ ДУРУСТ – ГАРАВИ САЛОМАТӢ

Фаровонии мамлакат бо саломатии аҳолӣ вобастагии мустаҳкам дорад, танҳо инсони солим ба сохтани ҷамъияти рушдёфта қодир аст.

Дар Ӯзбекистон дар тӯли солҳои истиқлолият баробари дигар соҳаҳо дар тиббиёт, аз ҷумла хидмати эндокринологӣ, пешравиҳо ба амал омаданд.
Пешгирии беморӣ ва асоратҳои он мақсади асосии тибби замонавӣ ба шумор меравад.
Маркази илмиву амалии ихтисосонидашудаи эндокринологии ба номи академик Х. Тӯрақулов  якҷо бо Вазорати ҳифзи тандурустии ҷумҳурӣ дар Маркази матбуоти миллӣ доир ба пешгирии бемориҳои эндокринологӣ, хусусан диабети қанд, нишасти матбуотӣ баргузор намуд. 
Дар чорабинӣ мутахассисони соҳа доир ба корҳои илмиву тадқиқотии марказ, пешгирии бемории диабети қанд ва норасоии йод, бо усулҳои замонавӣ муолиҷа кардани онҳо ҳарф заданд. Назар ба маълумоти онҳо дар ҷойҳо 462 кабинет, дар вилояти Қашқадарё 13 диспансери эндокринологӣ фаъолият дорад. Инчунин қайд гардид, ки баробари дастовардҳо камбудиҳо низ ба назар мерасанд. Барои пешгирӣ ва саривақт муайян кардани диабети қанд имкони мавҷуд набудани санҷишҳои скринингӣ, дар муассисаҳои эндокринологии вилоятҳо нарасидани мутахассисон доир ба эндокринологияи бачаҳо, ҷарроҳии эндокринӣ, офталмодиабет, кардиодиабет, нефропатияи диабет мушоҳида мегардад. Паст будани савияи мутахассисон ва пойгоҳи техникии муассисаҳои хидматрасонӣ, норасоии ҷиҳоз, доруву дармон, ба беморон саривақт нарасидани ёрии тиббӣ, албатта, ба рушди соҳа таъсири манфӣ мерасонад.
– Инсон бояд пеш аз ҳама ба меъёри хӯрокхурӣ, истироҳат, хоб ва меҳнат риоя кунад. Бемории диабети қанд асосан аз хӯрокхӯрии нодуруст, камҳаракатӣ ва фарбеҳӣ ба миён меояд, – гуфт дар баромади худ ҷонишини вазири нигаҳдории тандурустии ҷумҳурӣ Э. Баситхонова. – Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо дар нуқтаҳои хӯрокхӯрӣ хӯрокҳои нимтайёр, сахт ва тезҳазмнашаванда бисёранд. Аксарияти ҷавонон, хонандагони мактабу литсей ва коллеҷҳои касбу ҳунар ин гуна хӯрокҳои зудтайёршавандаро (хот-дог, гамбургер, лаваш...) дӯст медоранд, нӯшокиҳои газдор низ сабаби заифгардии ғадудҳои зери меъда мебошанд. Инчунин соатҳои тӯлонӣ дар назди телевизор, компутер ва телефон нишастан ба саломатии онҳо зарар мерасонад.
Истеъмоли маҳсулоти тоза, серҳаракатӣ, сайр дар ҳавои кушод инсонро аз бемориҳои гуногун нигоҳ медорад.
Мутахассисони соҳа тазаккур доданд, ки бояд дар байни аҳолӣ тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, маданияти хӯрокхӯрӣ, меҳнат ва ҳаракатро ҷоннок гардонд.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: