ТАНТАНА ДАР ГУЗАШТА

ё худ нигоҳе ба таърихи бунёди роҳи оҳани Самарқанд

Аз 15-ум то 17-уми майи соли 1888 дар майдони Регистон тантанаҳои бонуфуз ба вуқӯъ пайваст, ки  ба муносибати ба поён расидани сохтмони роҳи оҳани Закаспий дар масофаи 1.415 чақрим (тақрибан як чақрим (вёрст) ба 1,7 км. баробар аст – З.Ҳ.) доир гардид. Сохтмони ин роҳи оҳан қариб 20 сол идома ёфт. Дар иди бошукӯҳ аз мамлакатҳои хориҷӣ низ меҳмонон ширкат варзиданд. Аз он рӯзҳои таърихӣ 134 сол сипарӣ гашт ва гарчанд бо гузашти айём тантанаҳо фаромӯш шудаанд, аммо ҳамон бо роҳи оҳан қаторҳо равуо доранд.

Лоиҳаи оламшумул

Пас аз он, ки Русия Осиёи Миёнаро ба тасарруфи худ даровард, масъалаи кашонидани ашёи хом – пахта, чӯб, инчунин дигар гуна масолеҳи саноатӣ ва равуои мусофирон ба миён омад. Нақлиёти беҳтарин роҳи оҳан буд. Ба ин мақсад қариб 40 лоиҳа мавриди муҳокима қарор гирифт. Аз ҷониби Русияи подшоҳӣ роҳи оҳани Закаспий, ки аз Красноводск оғоз ёфта, то Самарқанд тӯл мекашид, маъқул дониста шуд, ки мақсади ҳарбию стратегӣ низ дошт. Зеро эҳтимоли таҷовузи Англия ба Осиёи Миёна мавҷуд буд. Ба сохтмон генералҳо М.Скобелев ва М. Анненков масъул шуданд. Бояд таъкид намуд, ки роҳи оҳан аз байни қумзор, дашту саҳрои касногузар мегузашт. Тобистонаш гарм буду зимистонаш сард. Иҷрои чунин вазифа ниҳоят душвор, пурхатар ва марговар буд. Ба бунёди роҳи оҳан сарбозони қӯшунҳои Русия ҷалб карда шуданд. Аз Русия овардани коргарон гарон афтод, ки намояндагони халқҳои маҳаллӣ ҷалб гардиданд. Воқеан, адиб ва тарҷумони маъруф Ҳасан Ирфон (илоҳӣ руҳаш шод бод!) дар асарҳои «Ду ёр аз ду диёр» ва «Дар кулбаи косибон» нақл кардааст, ки падари бузургвораш аз Эрон омада, дар сохтмони роҳи оҳан иштирок кардааст ва релсҳои вазнинро танҳо кашонда, бо ҷонбозиҳо ба ҳурмату мукофотҳои генералҳои рус сазовор шудааст.
Ёд дорам, солҳои 70-уми асри гузашта камина котиби устод Ҳасан Ирфон будам. Вай дар лаҳзаҳои истироҳат аз кори тарҷумонӣ перомуни ҷасорату матонати қиблагоҳаш нақл карда, бо ифтихор мегуфт, ки дар бор бардоштан нерӯяи падараш аз фил кам набуд.

Иродаи матин

Дар саҳро сарбозону мардикорҳо бисёр азоб мекашиданд. Алалхусус байни қитъаи Марв ва Чорҷӯ, ки ҳаво зуд-зуд тағйир меёфт, талафот бисёр шуд. Масалан, болои роҳ аввали шаб хоктӯда бошад, пагоҳирӯзӣ ба ҷояш чуқурии бетаг пайдо мегашт. Кӯчидани рег, гирдоб, тӯфон ба кор кардан имконият намедод. «Болои сӯхта намакоб» –  дар байни коргарон бемориҳои вараҷа, дарунравӣ, норасии витамин (синга) ва сироятнок авҷ гирифт ва аз дарди бедаво дар дашту биёбон садҳо нафар манзили охират ёфтанд.
Ҳарбиён ва сарҳангҳои онҳо дар вагонҳои алоҳида иқомат дошта, шароити зиндагӣ ва хуфту хӯрокашон беҳтару хубтар буд. Ҳар рӯзи панҷшанбе дар вагони махсус оби нӯшокӣ меомад. Инчунин, тез-тез масъули сохтмон генерал Анненков омада, муаммоҳои сохтмонро ҳал мекард. Дӯкони сайёр ҳам буд, ки коргарон сигор, самагон, ширинӣ ва маводи озуқа харид мекарданд.

Имтиёз барои 
бунёдкорон

Баробари сохтмони роҳи оҳан, стансияҳо ва казармахонаҳои истиқоматии ҳарбиён қад меафрохт. Шахсоне, ки нияти дар стансияҳо  зиндагӣ кардан доштанд, ба онҳо имтиёзҳо дода мешуд. Масалан, дӯконҳои савдо кушодан, дар поездҳо ройгон сафар кардан, маводи заруриро бо қаторҳо кашонидан мумкин буд. Назорати роҳи оҳан ободонӣ, дарахтшинонӣ, атрофро сабз гардонидан дар зиммаи сокинони стансияи нав гузошта шуда буд. Охир сохтмони роҳи оҳан дар шароити душвор барои пешрафти иқтисодиёт ва маданият аҳамияти калон дошт.
Мардуми таҳҷоӣ аз мутахассисони рус касбҳои челонгарӣ, пайвандгарӣ омӯхта, ҳангоми носоз шудани вагону паровозҳо дар роҳ таъҷилан таъмир мекарданд.
Амири Бухоро Абдулаҳад баъди вохӯрӣ бо генерал А. Н. Руднев иҷозат дод, ки роҳи оҳан аз ҳудуди ӯ гузарад. Дертар се хати роҳи оҳани Закаспий байни Бухорои нав (Когон) ва кӯҳнаро пайваст. Ва як шохаи он то сарҳади Афғонистон рафт.

Тантанаи тараққиёт

Ниҳоят 13-уми майи соли 1888 сохтмони роҳи оҳан ба охир расид, ки дар он генерал-губернатори Туркистон Фон-Розенбах ширкат варзид. Баъди як рӯз нахустин поезди бо парчамҳои гуногун ороёфта 1.415 чақрим роҳро тай карда, то стансияи охирин – «Самарқанд» омад, ки қӯшунҳои гарнизони ҳарбӣ, меҳмонону мизбононро пешвоз гирифтанд. Дар байни онҳо олими машҳур, Ноиб-президенти ҷамъияти ҷуғрофии императори Русия П.Семёнов – Тян-Шанский, вакили сафоратхона, амири Бухоро ва дигарон буданд. 
Тантанаҳои олиҷаноби тараққиёт дар майдони Регистон ба вуқӯъ пайваст. Бегоҳирӯзӣ садҳо чароғ ва мушакҳои бенгалӣ ба ёдгориҳои таърихӣ шукӯҳи хосса бахшиданд. Анҷумани бошукӯҳ бо аспдавонӣ ба 12 чақрим ба поён расид. Аз ҷониби садорати роҳи оҳан ба ғолибони пойга 300 рубл мукофотпулӣ гузошта шуд. Дар аспдавонӣ ғайр аз ҳарбиён 30 нафар чавандозҳои маҳаллӣ иштирок кардаанд.
Дертар хабари ба поён расидани сохтмони роҳи оҳани байни Красноводск – Самарқанд дар расонаҳои ахбори тамоми дунё дарҷ гардид. Фантастиканависи Фаронса Жюл Верн китоби «Клодиус Бобанак»-ро навишт. Тааҷҷубовараш он буд, ки нависандаи хаёлотӣ дар Париж истода, чунон моҳирона ва боварибахш асар эҷод кард, ки гӯё вай тавассути поезд ба Самарқанд омадааст. Албатта адиби тавоно аз маводи мавҷуд моҳирона истифода бурда, ҳатто дар бораи мардуми таҳҷоӣ – тоҷикон – урфу одати онҳоро устокорона ба қалам додааст.

Магар ин носипосӣ нест?!

Соли 1901 император Николай-II иҷозат дод, ки барои бунёди муҷассамаи асосгузору ҷоннисори сохтмони роҳи оҳани Закаспий, марҳум генерал Анненков маблағ ҷамъ карда шавад. Аз байн чанд сол гузашту ниҳоят 21-уми октябр соли 1913 дар байни калисои Николаи муқаддаси мазҳаби православӣ ва бинои вокзал муҷассамаи М.Анненков қад афрохт. Ҳайкалтарошони эҷодкор зери муҷассамаи ӯ болои санги мармар уқоби болкушодаи дар панҷаҳояш релсҳои роҳи оҳанро гузоштаанд. Афсӯс, ки ёдгорӣ ҳамагӣ 11 сол зеби назди майдони вокзал шуду халос. Тагсинҷ ҳамон, аммо болояш мурғи Ҳуморо гузоштаанд.
Ба фикри мо кори бо адолат мешуд боз назди дарвозаи роҳи оҳани Самарқанд муҷассамаи М.Анненков барқарор гардад. Охир хизмати ӯ дар бунёди роҳи оҳан  бузург буд ва онро қадршиносӣ накардан гуноҳ аст.

Хуш омадед, ба Самарқанд!

Аз бунёди роҳи оҳани Закаспий 134 сол сипарӣ гашт. Тӯли ин қадар вақт чӣ қадар мардум ба шаҳри мо омада рафтанд ё роҳгузар шуда, бо ҳавасу дилкашолӣ ба Самарқанд нигариста гузаштаанд, ки ҳисоб надорад.
Воқеан бори нахуст пас аз ба истиқлол расидани ҷумҳурият қиёфаи бинои вокзал куллан тағйир ёфт. Собиқ ҳокими вилоят Пӯлод Абдураҳмонов тез-тез ба ин ҷо ташриф фармуда, аз бунёдкорӣ хабар мегирифт. Охири солҳои 90-уми асри сипарӣ ман дар ӯҳда вазифаи муҳаррири бахши тоҷикии телевизиони Самарқандро (СТВ) дошта, бо тасвирчиён ҷараёни таъмиру тармимро ба навор мегирифтем. Ва Пӯлод Маҷидович ба забони русӣ ва тоҷикӣ интервю медод. Бинобар ҳамин таъкид кардан ҷоиз аст, ки дар куллан тағйир ёфтани вокзал хизмати ӯ беқиёс аст.
Бори дуюм дарвозаи ҳавоӣ ва роҳи оҳани Самарқанд бо ташаббусу ғайрати сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев ҷараён гирифт. Ин бесабаб нест, зеро Самарқанд ба шаҳри сайёҳон табдил ёфта, ҳар рӯз ҳазорҳо нафар меҳмонон аз тамоми дунё ташриф мефармоянд. Таъкид кардан ҷоиз аст, ки хизматрасонӣ ба мусофирон ба дараҷаи олӣ буда, аз Тошканд то Самарқанд тавассути поезди «Афросиёб» дар тӯли 2,5 соат омадан мумкин аст. Ва ҳар шахсе, ки ба шаҳри мо меояд, нигоҳаш ба шиори «Хуш омадед, ба шаҳри Самарқанд» афтода, беихтиёр табъаш болида мегардад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: