ТАНТАНАҲО ДАР ЧУСТ

Имрӯзҳо муштзани касбӣ Муродҷон Аҳмадалиевро дар мамлакатамон хуб мешиносанд ва номашро бо ифтихор ба забон мегиранд.

Имрӯзҳо муштзани касбӣ Муродҷон Аҳмадалиевро дар мамлакатамон хуб мешиносанд ва номашро бо ифтихор ба забон мегиранд. Вай ба ин бо комёбиҳои дар ҷодаи варзиш ноилгардидааш сазовор гаштааст.
Чанде пеш дар олами варзиши Ӯзбекистон воқеаи таърихӣ рух дод. Дар қасри «Ҳумо-арена»-и пойтахт шаби бокс баргузор гардид. Чунин мусобиқаи бонуфуз дар таърихи Ӯзбекистон бори аввал гузаронида шуд.
Дар он 8 нафар муштзани касбӣ, аз ҷумла Шаҳром Ғиёсов, Исроил Мадримов, Баҳодур Ҷалолов, Ҳасанбой Дӯстматов, Иқболҷон Холдоров, Санҷар Турсунов, Миразизбек Мирзохалилов бомуваффақият иштирок карда, бар рақибашон пеш аз муддат ғалаба карданд. Дар сафи онҳо муштзани касбии чустӣ, дорандаи медали биринҷии олимпиадаи Рио-де-Жанейро-2016 Муродҷон Аҳмадалиев низ буд. Вай барои ҳифзи тасмаи чемпионии WBA ва  IBF бо муштзани касбии соҳибтаҷриба Ресукэ Ивасаи ҷопонӣ ба ринг баромада, ҳарифашро дар раунди панҷум бо нокаути техникӣ пеш аз муддат мағлуб кард.
Ба қарибӣ дар Маркази маданияти ноҳияи Чуст сокинони ноҳия Муродҷон Аҳмадалиевро дар сурати тантанавӣ истиқбол намуданд. Дар маросим ҳокими ноҳия Бекзодҷон Ҳамдамов ба сухан баромада, изҳор дошт, ки дастоварди Муродҷон нафақат комёбии ноҳия, балки муваффақияти бокси тамоми Ӯзбекистон аст. Ӯ бо ин натиҷаи худ номи Чустро бори дигар маъруф кард.
– Вақте ки Муродҷон бо падараш Қаҳҳорҷон Аҳмадалиев ба мактаби бокс омад, 9-сола буд. Дере нагузашта бо чусту чолокӣ ва дар машғулиятҳо мунтазам ва фаъол иштирок кардан барои дигар ҳамсиннонаш ибрат гардид. Аз ин сабаб Муродҷон ҳамеша дар маркази эътибори мураббиён қарор гирифт. Онҳо барои пайваста сайқал додани маҳорати Муродҷон ҷидду ҷаҳд карданд. Меҳнати мураббиён беҳуда нарафт. Онҳо минбаъд ҳам кӯшиш мекунанд, ки дар оянда Муродҷон барин варзишгарони боистеъдодро ба камол расонанд, – мегӯяд директори мактаби варзиши бачагон ва наврасони ноҳияи Чуст Илҳомҷон Мирзохолов.
– Дар мамлакатамон таҳти сарварии Президент барои варзиш имкониятҳои хуб фароҳам оварда шудаанд, мо, ҷавонон саъй менамоем, ки ба ин эътибор бо комёбиҳои нав ба нав ҷавоби амалӣ гардонем. Пас аз ҷанг дар «Ҳумо-арена» маро, ҳатто ҷонишини Сарвазир Азиз Абдуҳакимов ва ҳокими вилояти Намангон Шавкат Абдураззоқов бо ин комёбӣ муборакбод карданд. Ин эътибор каминаро боз ҳам рӯҳбаланд кард. Ман дар мусобиқаҳои бонуфузи оянда барои ҳифз кардани шарафи Ӯзбекистони азиз беш аз пеш ғайрат мекунам, – гуфт Муродҷон Аҳмадалиев.

А.МУРОДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: