Ҳар сол тантанаҳои «Арчаи Президент» дар рӯҳияи баланд баргузор мегардад. Иди имсола бо таассуротҳои бойи халқонаву дилошӯб аз солҳои пештара фарқ мекунад.
Ба муносибати чорабинии «Арчаи Президент» ба Саройи форумҳои байналхалқии «Ӯзбекистон» фарзандони ба ҳимояи иҷтимоӣ муҳтоҷ, бепарастор ва имконияти ҷисмониашон маҳдуд даъват шуданд.
Чорабинии мазкур ифодаи эътибор ва ғамхории алоҳида барои бачаҳои ояндаи кишварамон мебошад. Ислоҳоти иҷтимоие, ки таҳти дастгирии сарвари давлатамон баҳри ҳаматарафа баркамол ба воя расидани насли наврас нигаронида шудааст, мисоли он аст.
Дар барномаи идона баромадҳои ҳунарпешагони театр, сирк, бозиҳои интерфаъол ва сурудҳои сарояндагони машҳури эстрадӣ ба бачаҳо кайфияти хуб бахшид.
Суратгир: Аслиддин Алиҷонов (ӮзА).