ТАНТАНАҲОИ АРЧАИ СОЛИНАВИИ ПРЕЗИДЕНТӢ

Дар театр-студияи бачагонаии «Томоша»-и пойтахт тантанаҳои Арчаи Президентӣ идома доранд.

 Ба он тарбиягирандагони иттиҳодияи «SOS-деҳоти бачагонаи Ӯзбекистон», хонаҳои меҳрубонӣ, хонаҳои бачагонаи навъи оилавӣ, ҳамчунин кӯдакон аз оилаҳои камтаъмин даъват шудаанд. 
Дар ҷараёни ислоҳоти низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба масъалаи тарбияи кӯдакон дар муҳити оилавӣ эътибори зиёд дода мешавад. Хушоянд аст, ки ин ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев алҳол дар мамлакати мо васеъ паҳн шуд. 
Масъулияти тамоми хонаҳои меҳрубонии Ӯзбекистон ба зиммаи Гвардияи миллӣ гузошта шудааст. Роҳбари мамлакат ба тарбияи ҳар як писару духтар дар рӯҳи анъана ва суннатҳои миллӣ, қаробати иҷтимоии онҳо эътибори махсус медиҳад. Соли 2023-юм, ки Соли эътибор ба инсон ва таълими босифат эълон гардид, корҳои хайр дар самти мазкур беш аз пеш авҷ гирифта, муҳтавои  нав пайдо карданд.
– Соли равон ба ташкили Арчаи Президентӣ сӣ сол пур шуд, – мегӯяд муовини сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии бачагони Вазорати таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рӯзибек Тураев. – Ба ин муносибат дар вазорату идораҳои дахлдор, Вазорати таълими халқ, ҳокимиятҳо тайёрии махсус гузаронида шуд. 
Бинобар маълумот аз ҷониби Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва  шаҳри Тошканд, мақомоти ҳуқуқу тартибот рӯйхати 9873  бачагони аз 3 то15-сола тартиб дода шуд, ки бояд дар Арчаи Президентии соли 2023 иштирок кунанд. Барои онҳо аз ҳисоби маблағҳои ҳомиён дар ҳаҷми 10,2 миллард сӯм туҳфаҳои президентӣ омода карда шуданд. 
Дар давраи аз 20 то 25 декабр туҳфаҳои президентӣ ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳои мамлакат расиданд. 29-30 декабр дар тамоми минтақои ҷумҳурӣ аз ҷониби ҳокимияти вилоятҳо якҷо бо роҳбарони секторҳо ва раёсатҳои таълими халқ Арчаҳои Президентӣ ташкил карда, туҳфаҳо супурда мешаванд.
Дар театр-студияи бачагонаи «Томоша» ба бачагон намоишномаҳои солинавии театрии «Орзуҳои Янгибек» пешкаш шуд, ки он ҳамчунин дар доираи телемарафони солинавӣ  аз ҷониби шабакаҳои телевизионии «Болажон» ва «Ақлвой»-и Ширкати миллии телевизионии Ӯзбекистон намоиш дода мешавад.
Баъди анҷоми намоишномаи идона ба ҳамаи бачагон туҳфаҳои президентӣ супурда хоҳанд шуд.

Назокат УСМОНОВА, 
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: