ТАНТАНАҲОИ ИДОНА ДАР «ШИРИН»

Рӯзномахонон хуб медонанд, ки мо ба қарибӣ ба ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ширин»-и ноҳияи Вобканди вилояти Бухоро сафар карда, таҳти унвони «Дар маҳаллаи этнотуризми «Ширин» мақолаамон чоп гардида буд.

Баъди сафари мо 28 ноябри соли ҷорӣ дар ин ҷо ба муносибати мақоми расмӣ – «Деҳаи этнотуризм» гирифтани «Ширин» тантанаҳои идона ба амал омад.

Дар чорабинӣ ҷонишини ҳокими вилоят Б. Шаҳриёров, коршиноси Кумитаи сайёҳии ҷумҳурӣ Т. Мирзоев, сардори садорати кумита А. Максимов, ректори Донишгоҳи давлатии Бухоро О. Ҳамидов, ҳокими ноҳия Ф. Умаров ва дигарон иштирок карда, бобати боз ҳам такмил додани корҳо дар деҳа, инкишоф додани фаъолияти маркази «Ширин этнохаус», боло бардоштани маҳорати истеҳсолии маҳсулоти ҳунармандӣ, ҷараёни корҳо оиди занбӯрпарварӣ, осиёи сангӣ, тайёр кардани асбобу анҷомҳои кишоварзӣ, сайр бо аспу уштур ва ғайра изҳори ақида карданд.

Дар охир меҳмонон бо мақсади сабзу хуррамгардонии ҳудуд ниҳолҳо шинонданд.

А. Авезов,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: