Ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва Рӯзи муҳофизони Ватан дар доираи Моҳонаи ватанпарварӣ таҳти шиори «Халқ ва артиш – як тану як ҷон» дар Самарқанд низ тадбиру чорабиниҳои тарғиботӣ ба вуқӯъ пайвастанд.
Ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва Рӯзи муҳофизони Ватан дар доираи Моҳонаи ватанпарварӣ таҳти шиори «Халқ ва артиш – як тану як ҷон» дар Самарқанд низ тадбиру чорабиниҳои тарғиботӣ ба вуқӯъ пайвастанд.
Дар майдони Кӯксарой вобаста ба Моҳонаи мазкур хидматчиёни қисми ҳарбии тобеи гарнизони Самарқанд намоишгоҳи аслиҳа ва техникаи ҳарбиро баргузор карданд.
Дар тадбир, ки ба мақсади таҳкими ҳамҷиҳатии халқ ва артиш доир гардид, ҷавонон бо техникаи ҷангӣ ва силоҳҳои ҳарбӣ шинос шуданд.
Кайфияти мардум аз оҳангҳои ҷолиби оркестри ҳарбӣ болида гашт, намоишҳои саҳнавӣ дар бораи ҷасорати ниёгон ва баромадҳои намоишии взводи посбонӣ дар онҳо таассуроти фаромӯшнопазир гузошт.
– Таассуротам як олам аст, – гуфт сокини ноҳияи Самарқанд, толибилм Рустам Ҳамидов. – Ният дорам, ки дар оянда муҳофизи Ватан шавам.
***
Хидматчиёни қисми ҳарбии гарнизони Самарқанд ва донишомӯзони мактаби президентӣ аз сокини 90-солаи шаҳри Самарқанд – София Погребова, ки солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ақибгоҳи фронт меҳнат кардааст, боздид ба амал оварданд.
Меҳмонон ба пиразани гиромӣ барои рӯзҳои орому осудаи ҳолоина сипосгузорӣ намуда, ба ӯ туҳфаҳои идона тақдим карданд.
София Погребова дар бораи меҳнати пурмашаққати солҳои ҷанг нақл карда, аз он изҳори хурсандӣ намуд, ки имрӯз дар кишвари ободу озод умр ба сар мебарад.
– Вақте ки ҷанг cap шуд, ман 9-сола будам, – мегӯяд С. Погребова. – Деҳаи моро фашистон ишғол карда, барои худ ситоди хурде сохтанд. Фашистон намедонистанд, ки дар ҷангал боз як деҳаи хурд ҳаст. Дар он ҷо шуъбаи разведка ҷойгир буд. Ман бо баҳонаи ҳезум ё замбӯруғ ҷамъ кардан ба он ҷо мерафтам ва ҳар чизи дидаву шунидаамро ба онҳо нақл мекардам. Аз байн фурсате гузашта, деҳаи мо аз фашистон озод карда шуд. Мо дар ақибгоҳи фронт барои сулҳу осоиш, озод намудани хоки Ватан аз душман рӯзу шаб меҳнат кардем. Ҷавонони имрӯза бояд ба қадри осудагиву осоиштагии Ватан бирасанд. Шукронаи ҳаёти озоду фаровон кунанд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.