ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ИДОМА ДОРАНД

Дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Фарғона устодону донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо иди Наврӯзро хеле бошукӯҳ таҷлил карданд.

Гуфта шуд, ки ҷашни Наврӯз аз ниёкон ба мерос мондааст ва ҷавонон низ барои дар савияи баланд таҷлил кардани он масъулияти хосеро бар дӯш доранд. Дар ин чорабинии идона роҷеъ ба пайдоиши Наврӯз маълумотҳои саҳеҳ дода шуд.
– Ҳеҷ як ҷашнвора мисли иди Наврӯз дар мамлакати мо чунин васеъ ва бо шукӯҳи хос ҷашн гирифта намешавад. Дар он пиру барно муташаккилона ширкат мекунанд. Дар рӯзҳои ид табъи мардум болидаву хушҳол аст. Наврӯз бедоршавии табиат, покизашавии рӯҳ, сароғози меҳнат мебошад,– мегӯяд мудири кафедраи забони англисии донишгоҳ Донохон Усмонова. 
– Пеш аз таҷлили иди Наврӯз гурӯҳи духтарони факултети физика ва математика таҳти роҳбариву ёварии муаллимаҳо дар деги калон ба пухтани суманак пардохтанд. Дар натиҷа устодону донишҷӯёни зиёди донишгоҳамон  як дег суманаки ширинро боиштиҳо тановул карданд ва лаззат бурданд,– иброз дошт устоди ин факулта Сафурахон Зайлобиддинова.
Дар варзишгоҳ донишҷӯёни ҳар як факулта суфраҳои наврӯзӣ низ оростанд ва дар рӯи он таомҳои гуногуни наврӯзӣ гузоштанд. Намояндагони ҳар як миллат ин суфраҳоро бо таомҳои хоси ҳамон мардум шукӯҳ бахшиданд. Садои мусиқӣ танин андохт, рақсу бозӣ ба фалак дакка зад, шеъру таронахонӣ авҷ гирифт.
Ин чорабинӣ аз худ таассуроти амиқ боқӣ гузошт.

Файзулло ИБРОҲИМОВ,
донишҷӯи гурӯҳи тоҷикии
Донишгоҳи давлатии Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: