(Ҳикоя)
Айёми шукуфо ва фасли гармо гузашта, тирамоҳ дар замин доман густурда буд. Дарахтон шабеҳи инсонҳои бедӯсту роҳгумзада, ғамдору беғамхор, дилсарду пурдард музтару парешон ба назар мерасиданд. Шамол сард мевазид. Дона-дона борон ҳам меборид. Аслан фаҳмидан душвор буд, ки борон меборид ё барф, ё барфу борон омехта. Резадонаҳо ба сару рӯ неш мезад: неши зулмкеш ва сарду нороҳаткунанда. Гӯё паём медод, ки фасли сармо дар мекӯбад.
– Шуд, бас! Косаи сабрам лабрез шуд. Зери тазйиқу азобҳоят ранги сабзам зард шуд. Рагу паямро хушк кардӣ.
– Ин ба ман лаззат мебахшад. Ҳар гоҳ касеро ғамгину сарсон, чизеро парешон, дарахтеро решакану биноеро валангору вайрон бинам, ҳастиямро эҳсоси ифтихор фаро мегирад. Ифтихормандона мегӯям, ки тавонояму тавонистам.
– Тавонистам! Аҷабо! Магар бо бадниятиву бадтинатӣ ва фиребу найранг ҳамла овардан ва забунгирӣ кардан тавоноист?
– Муҳим, бо чӣ роҳе набошад, ба мақсад расидан аст, азизакам, – садои худ баландтар кард. – Фаромӯш накун, ки шумо ҳеч гоҳ бо ман мухолифат карда наметавонед.
– Чӣ қадар дӯст, ҳамзоду ҳамҷинсони маро барвақт аз аслашон дур кардӣ, рухзарду бо замин яксон намудӣ. Магар ин ҳама кам аст, ки акнун маро ҳам намегузорӣ то ду-се рӯзи дигар реша дар пайванд дошта бошам.
– Тақдири нотавонҳо ин аст! Ононе, ки заифанду ноустувор ихтиёр ба боди фано месупоранд. Пойдорӣ, устуворӣ, беқарорӣ ва зафарёбӣ танҳо ба ман хос аст, – қоҳ-қоҳ зада хандид, ки бештар ба уллос шабоҳат дошт. – Агар тобу тоқат ва имкони муқобилат дорӣ, тавону бимон.
– Ин манманӣ, худситоӣ ва гапҳои ҳавоият бекораанд. Дуруст, ки мо зудбоварем ва ба ту ҳам бовар кардем. Фикр кардем, ки дасти меҳр ба рухи мо заданат аз меҳрубонӣ аст ва мехоҳӣ гардҳои рӯйи моро тоза намоӣ. Аммо мақсадат дигар – нобуд кардани мо будааст. Ба қавле, мо аз ту умеди ҷома кардему ту эзори моро рабудӣ. Акнун аз хайри ту ҳеч умеде надорем. Лекин аз хотир мабар, ки дар урфият «то реша дар об аст, умеди самаре ҳаст» мегӯянд. Мо ноумед намешавем. Чароғи умеди сарсабзӣ, умри ҳамешагӣ, пойдориву суботкориро дар дил фурӯзон нигоҳ медорем.
– Ту ин қадар саркашу якрав ҳастӣ! Бо чӣ ин қадар менозӣ? Ин сабру таҳаммул аз куҷо? Шуд акнун, таслим шав. Ба тақдират тан деҳ! Даст аз асл раҳо кун!
– Ҳеч гоҳ! Бигзор, фишори бештар биовар, дасти таҳқиру маломат ба рӯям зан, бо тазйиқҳо ҳоламро танг кун, аммо таслим намешавам. Шояд ҳамагӣ чанд рӯзаки дигарам монда бошад. Аммо то даме, ки раге ба асли худ пайванд дорам, бо он менозам ва барои устуворӣ ҳаракат мекунам.
– То дирӯз забонат ба комат часпида буд. Ғунгӣ гуфта наметавонистӣ. Акнун худро дар майдон танҳо дида, калонгириву калонгапӣ мекунӣ. Бас кун манманиро!
– Рост гуфтӣ. Хомӯш будам. Чунки дар он айём фикр мекардам, ки ҳама чиз аз тақдир аст. Аммо акнун фаҳмидам, ки тақдирро тақдирҷунбоне будааст. Дар ин чанд моҳ даҳон аз сухан баста, рафтори атрофиёнро мушоҳида кардам ва бисёр чизро шоҳид шудам. Гоҳе баъзе нохудогоҳҳо дарахтҳои сарсабзро ҳам бешоху барг ва ҳатто решакан карданд. Гоҳе ононе, ки дӯст медонистем, рафтори душманонаро раво диданд. Инак, ту ҳам чӣ қадар дӯсту ҳамҷинсони маро бармаҳал нобуд кардӣ. Лек дар ёд дошта бош, ки мо бисёрем, беҳадду шуморем.
– Бисёр! – баланд гуфт, ки шуввосаш то дуриҳо доман паҳн кард. – Бешумор! – Чӣ хел бисёр? Ман дар ин атрофу акноф дӯстони бешуморатро хору зор мебинаму халос.
Дар асл бисёр будан, ин ҳамроҳ, ҳамроз, ҳамдил ва ҳамқадамони бешумор доштан аст, ки дар мушкилӣ дасти ҳам бигиранду бар зидди унсурҳои гуногун, ки бод аст ё обу оташ муттаҳидона мубориза баранд. Аммо шумо беҳадду шумор бошед ҳам, наметавонед дасти ҳам бигиред, ба ҳам кумак кунед. Агарчанд беададед, ҳама ба ҳоли худу ба сари худу гирифтори сурати худ ҳастед. Ин аст, ки таслим кардани шумо осон аст. Як ба гирду пеши худ назар кун ва ҳоли ҳамнавъонатро бубин, ки ҳама ранги хокро гирифтаанд. Ҳатто тавони навҳа кашиданро надоранд. Дар ҳадде, ки агар бо по зер кунӣ, оҳашон дар гулӯяшон мемонад.
Аслан, онҳоеро, ки байни худ муҳаббат надоранд ва ҳар яке барои худ менозаду худхоҳона зиндагӣ менамояд ва ҳамеша дар ғами хеш мебошад, қисмат ҳамин аст: парокандагӣ. Аз асли худ дур шуда, таҳтуттуроб мешавад.
– Бо ин чӣ гуфтан мехоҳӣ?
– Худбину худхоҳ будед, на худшиносу худогоҳ, – мутакаббирона сар ба авҷ кашид боди сарсарӣ ва аз пойбанди хаёл гардидани як дона барги нӯги шохи дарахт истифода бурда, онро барканд.
– Ту бо ин суханонат наметавонӣ маро навмед созӣ, – аз олами пиндошт берун омада, дар ҳоли парвоз баланд гуфт барги танҳо. – Дар мавсиме асли худро тарк кардан қисмати мост. Аммо ҳеч фаромӯш накун, ки мо реша дар замин дорем. Ин сукути моро мағлубият пиндошта, ҳавобаландӣ макун. Ин хомӯшиву дармондагии мо барои ҷамъ овардани тавону нерӯ баҳри дубора сабзидану шукуфтан аст.
Фаридуни ФАРҲОДЗОД.