Фарҳанги тӯй ва дигар маросими мардумӣ дорои таърихи қадим аст.
Дар ин мавзӯъ бисёр гуфтаанду навиштаанд. Имрӯз ҳам муҳокима идома дорад ва аз он мухлисони рӯзномаи «Овози тоҷик» дар канор нестанд. Манзур аз мақолаи мазкур эҳёи расму русуми аҷдодӣ дар доираи фарҳанги миллӣ аст, ки нақши созандаи он дар давлатдории Ӯзбекистони Нав хеле муҳим мебошад.
Пӯшида нест, дастовардҳое, ки инсоният тӯли фаъолияти таърихии худ бинобар арзиш-ҳои миллӣ ба вуҷуд овардааст, хеле коҳиш ёфтанд. Дар натиҷа майдони бемайлони таассуб, ифротгароӣ рӯ ба рушд оварда, фарҳанги бегона авҷ гирифт. Бадтар аз ҳама, дар сатҳи паст будани шуури маданию ахлоқии бархе аз аминҳои гузару маҳаллаҳо, пешвоёни дин, мӯйсафедони зиёфатхӯри худбини гурусначашм мебошад, ки тааҷҷубовар аст.
Сарвари давлатамон борҳо дар баромади худ доир ба исрофгарӣ, дабдабаҳои гӯшношунид, бетарафию беэътиноӣ нисбат ба таъриху фарҳанг ҳарф зада, мардумро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони кишвари азизамон даъват мекунанд, вале афсӯс, ки тарки одат амри муҳол будааст.
Шоир Хоҷа Ҳофиз бо тамасхур гуфтааст: «Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд», ки ба роҳбарони каллаҷунбону курсинишинони гуфтору рафторашон «пушти ману табари қассоб» дахлдор аст. Маҳз «воизон чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд», агар «тавбафармоён» қадре ҳам бошад, ба талаби замона анъанаҳои миллиро мутобиқ насозанд, дар ин самт қадаме пеш рафта наметавонем. Аз тарафи ҳукумат ва роҳбари давлатамон оиди танзими анъана ва ҷашну маросимҳо қарору фармойишҳое қабул шудаанд, ки ҷиҳати ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ амри воқеӣ ва судбахш мебошанд.
Маъракагузаронӣ дар дигар гӯшаву канорҳои кишварамон ба чӣ тартиб аст, бехабарем, аммо дар Самарқанд рӯз то рӯз мусобиқаи «ман аз фалонӣ кам не!» авҷ мегирад. Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар тадбири ошхӯракон ба ҳар як қудошаванда аз ҷониби домод ҳадя гардидани ангуштпона мардумро дар ҳайрат гузошт. Ба рӯйи дастархон, ки ғайр аз шири мурғ ҳама чиз қабат-қабат гузошта буданд, боз овардани ҳафт хел таомро чӣ хел эзоҳ додан мумкин аст?
Дар китоби муқаддаси мо – Қуръони Карим ва ҳадисҳо кори мусулмонӣ набудани исрофкорӣ таъкид шудааст.
«БОЗОРАМАК»
ДОРАМ, ЧӢ ҒАМ
ДОРАМ
Дар чиллаи зимистон бо ҳамгузарҳо ба оши наҳори як ошно рафтем. Он рӯз муҳиту фазои идонаи толор басо фараҳбахшу дилангез буду дар нигоҳи меҳмонону мизбонон ҷилои барқ падидор.
Тарабхона гарм, курсиҳо нарм, рӯйи мизҳо, бидуни муболиға «дастархони кушод»-и афсонавӣ буд. Гарчанде барфи лак-лакӣ меборид, гелос, ангур, зардолу, харбуза, қулфиной, ноку себ гузоштаанд, ки фасли тобистонро ба хотир меовард. Дар бораи нӯшокиҳо, шириниҳо, маҳсулоти гӯшт ҳоҷати гап нест.
Кадоме аз ҳозирон содалавҳона пурсид, ки: Мо дар Самарқандем ё Ҳиндустон? Охир, ин меваҷот дар кишварҳои гарм мешаванд!
– Ҳой, нодонхӯҷа, ҷавоб дод яке «пул бошад, дар чангол шӯрбо» гуфтаанд. – Агар назди хешам «Бозорамак», ки дар шафати мадрасаи Бибихонум ҳастанд, равӣ, ҳама чиз муҳайё. Фақат «муллоҷиринг» лозим.
– Бозорамакатон кӣ? – луқма партофт дигаре. – Мо мешиносем?
– Номи аслиашон Сиёббозор, – бо ханда фаҳмонд ӯ, – фақат гуфта монам, ки: «бепул суханат асар надорад, ҳоле, ки ту дорӣ, хар надорад».
Ҳа, замон бо шиддат тағйир меёбад, маъракаҳо, мардум низ. Воқеан, 30-40 сол қабл аз ин корвони дарози нақлиётҳои хориҷии ба идораи ақди никоҳ (ЗАГС) равон, шӯру ғавғо, таблу нағоразанӣ набуд. Хосатан дугонаҳои арӯсшаванда либосҳои хориҷӣ, пардози чун ҳунарпешаҳои синамо надоштанд, мӯяшонро бурида ранг намекарданд, ки суруди «Дӯстат дорам ҳамеша»-ро ба хотир меоварад:
Кокули ту пареша, пареша,
Вақте ки кӯтоҳ кунӣ,
зебо меша…
Аммо мо, мӯйсафедон шеъри машҳури устод Боқӣ Раҳимзодаро дар иҷрои ҳунарпешаи номдор Ҷӯрабек Муродов бор-ҳо шунида бо асолати фарҳанги миллиамон ифтихор доштем:
Зинати боғи латофат
кокул аст,
Дар назокат гӯӣ рашки
сунбул аст.
Илтиҷо дорам, ки мӯятро
мабур,
Кокулони мушкбӯятро
мабур.
Ин суруд дар тарбияи духтаракони он солҳо таъсиргузор буд. Афсӯс, ки он замон гузашту аз анъанаҳои қамчинбофию панҷакбофиҳо танҳо хотираҳои нек боқӣ монданд. Ҳоло духтаракони мо ба ҳамсолони хориҷӣ, сериалҳои туркӣ тақлидомез мӯйҳои худро бурида, бо рангҳои зарду сурху кабуд оро медиҳанд.
Раҳматӣ модарамон, бибиҷонамон, холаву аммаҳо мӯйҳои духтараконро якто, дуто ва ё майдабофӣ мекарданд, ки шоири ширинкалом Мирзо Турсунзода чунин ситоиш кардааст:
Майдабофӣ кард модар
шуста тори кокулат,
Тахтапуштат парпиёнпӯш аз
қатори кокулат.
Дар сари ҳар тори мӯят як
дил овезон бувад,
Ҳалқадавак шуд ба гардан
банди дори кокулат.
МАБЛАҒ САРФ
КАРДАН ОСОН АСТ
Дар тӯйхона ҳофизони номдор бо навбат «хизмати беминнат» мекунанд, ки ба гуфти баъзе ҳолдонҳо ҳар як баромади онҳо мувофиқи унвон, мартаба, дастаи ҳунарӣ аз 100 то 1000 доллар будааст. Дар маъракаи оши наҳор ҳофизони «чаққону ҳозиру нозир» аз ҳисоби ду-се тӯй бо фонограммаи тайёр дар як рӯз маоши академикҳоро меёбанд. Барои онҳо аҳамият надорад, ки соҳиби маърака аз куҷо ва чӣ хел маблағ меёбад. Зеро дар фикри онҳо танҳо як андеша: «мардум чӣ мегӯянд?».
Дар ин радиф панди ахлоқии аллома Бузургмеҳр айни муддаост. Рӯзе аз вай пурсидаанд:
– Чаро дӯстон ба осонӣ душман мегарданду душманон бо машаққат дӯст?
Бузургмеҳри хирадманд чунин посух дод:
– Чунки сӯхтан осон аст, сохтан мушкил, шикастан осон аст, пайвастан мушкил. Маблағ сарф кардан осон аст, ёфтан мушкил.
Хулоса, дар бораи тӯй ва маъракаҳои дигар бисёр навиштан мумкин аст. Аммо фаромӯш накунем, ки танзими анъанаҳои миллӣ – тақозои замон ва иҷрои талаботи он вазифаи маънавии ҳар фарди соҳибфарҳанг мебошад.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон.
Аз идора: Умед мекунем, ки муштариён нисбати муҳтавои мақолаи мазкур фикру андешаҳои худро навишта ба рӯзнома мефиристанд.