ТАҚДИМОТИ ФИЛМҲОИ ҲУҶҶАТӢ ДАР ҚАСРИ КИНО

Вақтҳои охир таҳти раҳнамоии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба кишварҳои ҳамсоя, минҷумла бо Тоҷикистон муносибат ва ҳамкориҳои бародарона торафт ривоҷ меёбанд.

Ташрифи давлатии сардори давлати мо ба Тоҷикистон, самаранок анҷом пазируфтани гуфтушунидҳо байни роҳбарони ду давлат чун  воқеаи муҳими таърихӣ арзёбӣ гашт ва ба халқҳои тоҷику ӯзбек, ки аз қадим аз як сарчашма об нӯшидаву аз як ҳаво нафас кашида, ғаму ташвишҳои зиндагиро баҳам дида омадаанд, мамнунияти бузург бахшид.
Дар ду мамлакат Рӯзҳои маданият ва санъат ба тарзи фаромӯшнопазир сурат гирифтанд, дар пойтахтҳои ду кишвар намоиш-ярмаркаҳо муваффақиятнок ташкил гардиданд. Авиапарвозҳо байни Тошканд – Душанбе кушода шуданд, роҳҳои оҳан ва автомобилгард барқарор гаштанд, мушкилоти виза ва даро-баро аз сарҳадҳои давлатӣ ҳаллу фасли худ ёфтанд.
Мазмуни тоза пайдо кардани муносибатҳои тарафайн дар давраи нави таърихӣ, аз ҷониби сарони ду давлат кушода шудани саҳифаҳои нав дар таърихи умумии ду кишвари ҳамҷавор дар варақҳои синамо низ сабт ёфта, бо фармоиши Оҷонсии миллии «Ӯзбеккино» филми ҳуҷҷатӣ бо унвони «Дар зери осмони ягона» офарида шуд, ки 34 дақиқа давом мекунад. Коргардон ва муаллифи сенария Ҷасур Исҳоқов, оператор Беҳзод Қодиров. Куллан қиёфаи тоза касбнамоии рафоқати халқҳои ӯзбеку тоҷик дар филм инъикос ёфта, бинанда метавонад бо тамошои манзараҳои ҳамҷиҳатӣ, шукуфоии баҳори тозаи дӯстии азалии ду халқ як олам таассурот бардорад.
Ба наздикӣ дар қасри кинои пойтахт ба номи Алишер Навоӣ маросими муаррифии ҳамин филми ҳуҷҷатӣ баргузор гардид. Сардиректори Оҷонсии миллии «Ӯзбеккино» Фурқат Зокиров, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ ва дигарон қайд карда гузаштанд, дар ҳифз намудани арзишҳои умумиинсонӣ, қаробат ва ғановатмандии маданиятҳои миллӣ синамо низ саҳми муҳим гузошта метавонад. Аз ҷониби филмофарони ӯзбек ба сурат бардошта шудани филми ҳуҷҷатии «Дар зери осмони ягона», ки аз барқароршавии муносибатҳо байни ду бародархалқ ҳикоят мекунад, ба ин мисоли равшанест. Вақти он расида, ки риштаҳои гусаста аз нав пайванд, бутунӣ ва пуррагии ду қалб, ки аз аҳди қадим ҳамеша сӯи якдигар моил будааст, пурра таъмин гардад. Ин аст ғояи асосие, ки дар филми ҳуҷҷатии болоӣ талқин ёфта. Дар баромад ва фикррониҳои чеҳраҳои бароямон шинос ва қадрдони рӯзноманигорони тоҷик Ш.Эрматова ва М. Отахонзода дар филм, ки марказҳои фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ ва пойтахтро сарпарастӣ мекунанд, ҳамчунин, эҳсоси мамнуният аз зуҳуроти тозаи ҳамгароии миллӣ байни тоҷикону ӯзбекон ба мушоҳида мерасад. Оиди дӯстии адабии ду халқ, ки низ решаҳои қадимии таърихӣ дорад, доктори илмҳои филологӣ Ҳ.Ҳомидӣ андешаҳои ҷолиб баён дошта. Нависандаи барҷастаи ӯзбек Ғафур Ғулом, ки аз шогирд ва пайравони устод Айнӣ буд, воқеан бародарии ӯзбекону тоҷиконро ҳамеша таъкид мекард. Дар филми ҳуҷҷатии «Дар зери осмони ягона» духтари ӯ Алмосхонум дар бораи дӯстии халқҳо муҳаббатомез ҳарф зада, ӯзбекону тоҷиконро ба ду саҳифаи як китоб монанд кардааст.
Дар қасри кинои пойтахт ба номи Алишер Навоӣ ҳамзамон тақдимоти филми ҳуҷҷатии «Ҳаким-ат-Тирмизӣ» хотирмон сурат гирифт. Коргардони он Ш.Маҳмудов, муаллифи сенария Э.Шукур, оператор Р.Магадиев. Филми ҳуҷҷатии «Ҳаким-ат-Тирмизӣ» («Ҳамроҳи Ҷайҳун») 26 дақиқа давом карда, роҳи ибратбахши ҳаётию эҷодии алломаи бузургро пеши назари бинанда зинда гардондааст.

М. ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: