Президент Шавкат Мирзиёев 26 ноябр бо тақдимот дар бораи рафти ҷараёнҳои трансформатсионӣ дар ширкатҳои давлатии соҳаҳои роҳи оҳан ва авиатсия шинос гардид.
Дар соҳаи нақлиёт чӣ аз назари самаранокии иқтисодиёт ва чӣ аз назари мусоидат барои аҳолӣ бозсозиҳои доманфарох ба вуқӯъ мепайванданд. Дар таркиби ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари» 6 корхонаи мустақил таъсис ёфтааст. 1200 вагони нави боркаш харид гардида, вақти расондани бор дар самтҳои дохилии мамлакат ду баробар коҳиш ёфтааст.
Дар натиҷаи рақамисозӣ ҷараёни фармоиши вагон аз 7 то 3 марҳала кам карда шуда, барои иҷрои он вақт аз 72 соат то 12 соат ихтисор гардид. Иқтидори убури поездҳо дар атрофи Тошканд 30 фоиз афзуд. Ҷамъияти саҳҳомие, ки қаблан бар зарар кор мекард, соли ҷорӣ дар ҳудуди 30 миллиард сӯм фоида ба даст хоҳад овард.
Дар ширкатҳои ҳавопаймоӣ низ пешравӣ ба назар мерасад. Миқдори парвозҳо дар низоми «Uzbekistan Airways» 25 фоиз зиёд гардид. Ба хатсайрҳои дохилӣ 8 ҳавопаймои нав ҷудо гардида, миқдори парвозҳои дохилӣ то 2,5 маротиба афзуд. Саҳми ширкати миллии ҳавопаймоӣ дар боркашониҳои байналхалқии Осиёи Марказӣ ба 20 фоиз расид. Интизор меравад, ки мусофиркашонии солона аз 6 миллион нафар зиёд хоҳад шуд.
«Uzbekistan Airports» бо хидматрасонии ҳавопаймоҳо, бор ва мусофирон машғул мегардад. Ҷалб намудани сектори хусусӣ ба идора намудани аэропортҳо натиҷаҳои хуб медиҳад. Дар Ӯзбекистон 44 ширкати ҳавопаймоии ҷаҳон парвозҳо анҷом медиҳанд. Имсол ҳаҷми боркашонӣ аз тариқи аэропортҳо, интизор меравад, ки бо 22 фоизи афзоиш ҷамъбаст гардад.
Аммо вазифаҳо ҳанӯз зиёданд. Аҳамияти роҳҳои нақлиётӣ дар шароити мураккаби кунунии вазъияти ҷаҳон боз ҳам меафзояд.
Аз ин рӯ, диверсификатсияи хатсайрҳо, тезондани боркашонӣ ва коҳиш додани нархи аслии хидматрасонии нақлиётӣ муҳим ба шумор меравад.
Дар ҷамъомад масъалаҳои муҳими самти мазкур муҳокима гардиданд.
– Иқтисодиёт ва робитаҳои савдои хориҷии мамлакатамон сол то сол инкишоф ёфта, даромади аҳолӣ ва зарфияти сайёҳии минтақаҳо боло меравад. Мо дар назди худ мақсад гузоштаем, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то соли 2030 ба 200 миллиард доллар расонда шавад. Аз ин рӯ, бояд ба роҳҳои нақлиётӣ эътибори алоҳида нигаронем, – гуфт Президент.
Барои ин шароити ногузири ташкиливу ҳуқуқӣ фароҳам оварда мешавад. То ҳанӯз соҳаи роҳи оҳан бо қонуне танзим мегардид, ки ҳанӯз 25 сол пеш қабул шуда буд. Таъкид шуд, ки Қонуне, ки имрӯз ба имзо расид – «Дар бораи нақлиёти роҳи оҳан» дар таҳрири нав, барои ҷалби ширкат ва сармояҳои хусусӣ ва инчунин барои рушди инфрасохтор имконоти васеъ фароҳам меорад.
Акнун ба роҳбарони соҳаҳо зарур аст, ки усулҳои кор ва бархурдро барои даст ёфтан ба натиҷаҳо куллан тағйир диҳанд. Дар навбати аввал трансформатсияи соҳаро тезонда, лоиҳаҳои сохтмон ва такмилдиҳиро бо сифат ба амал татбиқ намоянд. Дар байни вазифаҳои муҳим – ба даст овардани рейтинги байналхалқии кредит, ҷалб намудани маблағ бидуни кафолати давлатӣ ва босамар истифода намудани сармоя низ ҳаст.
Роҳҳои ҳавоии Ӯзбекистон ҳанӯз ба дараҷае нарасидаанд, ки аҳолиро қонеъ созад. Ба даст овардани рейтинги байналхалқӣ ва баромадан ба бозори молияи хориҷӣ тӯл мекашад. Дар натиҷа нархи аслии баланди хидматрасонӣ имконият намедиҳад, ки нархи арзиши авиабилетҳо коҳиш ёбад. Чорабиниҳо дар заминаи коҳиш додани харҷҳо хеле суст татбиқ мегарданд. Бинобар ин вазифаи таҳияи барномаи мушаххас ва «нақшаи роҳ» оид ба трансформатсия бо ҷалб намудани ширкати консалтингӣ гузошта шуд.
Дар низоми «Uzbe-kistan Airports» аз ҳама муҳимаш зиёд намудани ҳаҷми хидматрасонии пешниҳодшаванда ва вусъат додани шарикии хусусӣ мебошад. Пас аз ба идораи хусусӣ додани аэропорти Самарқанд теъдоди парвозҳо ва мусофирон 5 маротиба афзуд. Акнун чунин вазифаҳо дар назди аэропортҳои Намангон, Андиҷон, Бухоро ва Урганҷ низ қарор доранд. То охири сол ду маротиба афзудани хидматрасониҳои иловагӣ дар аэропортҳо ва 25 фоиз афзудани даромад ба нақша гирифта шудааст.
Чорабиниҳо оид ба ҷалби захираҳои мустақил аз бозорҳои байналхалқӣ ва пурра истифода намудани терминали аэропорти Навоӣ муайян карда шуданд.
Роҳбари давлат оид ба тезондани рақамикунонӣ дар се ширкати дар ҷамъомад баррасишуда, таҷдиди назар намудани нақшаҳои инкишоф ва баланд бардоштани самарабахшии иқтисодиро супоришҳо дод.
ӮзА.