ТАҚДИМОТИ КИТОБ

Ғиждувон на фақат диёри пири авлиё ва адибони шӯҳратманди ҷаҳон, балки зодгоҳи мақомхонону санъаткорони овозадор низ мебошад.

Устоди «Шашмақом» Бобоқул Файзуллоев ва писари ӯ —   Артисти халқии СССР Аҳмад Бобоқулов аз ҷумлаи онҳост. Шашмақомхонию шашмақомдонӣ дар Ғиждувон замоне мактаби худро дошт. Ҳофизи мардумии Ӯзбекистон Шодӣ Азизов ва фарзандони ӯ Муҳаммад ва Сулаймон Шодиевҳо шогирдони муносиби ҳамин мактаб будаанд. Байни мардум бо номи «Усто Шодӣ Азизов» машҳур шудани вай бесабаб нест. Соҳиби ордену нишонҳо, мураббии шоиста, мақомдону мақомхони ғиждувонӣ Раҷаб Авезов дар бораи иҷрокунандагони «Шашмақоми Бухоро» дар Ғиждувон таҳти унвони « Ғиждувон «Шашмақом» ижрочилик анъаналари» китоберо таълиф намуд. Ин самараи меҳнати 25-солаи устоди мусиқӣ аст. 
Ба қарибӣ дар мактаби «Баркамол авлод»-и бачагони ноҳияи Ғиждувон бахшида ба тақдимоти ин китоб чорабинии адабию маърифатӣ ба амал омад. 

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: