ТАҚДИМОТИ КИТОБИ “ДӮСТИИ ХАЛҚҲО – ДӮСТИИ МИЛЛАТҲО”

Солҳои охир ба шарофати сиёсати дурандешонаи роҳбарони ду кишвари ҳамсоя – Ӯзбекистону Тоҷикистон – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон робитаҳои ҳамаҷонибаи дӯстона хеле мустаҳкам гардиданд.

Ин алоқаҳо дар соҳаи адабиёт ва санъат низ рушд карданд. 
Ба қирибӣ дар кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқи факултаи филологияи рус ва халқҳои бародари Донишгоҳи давлатии Тирмиз доир ба мавзӯи “Тараннуми дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек” маҳфили адабӣ гузаронида шуд. 
Декани факулта Поён Бакиров ба сухан баромада, муаллифони китоби «Дӯстии халқҳо–дӯстии миллатҳо» ва асарҳои муаллимони кафедраро муборакбод намуда, таъкид кард, ки онҳо барои пешрафти таълиму тарбия, илму маърифат, рейтинги донишгоҳ ва инчунин барои бозтоби сулҳу дӯстии халқҳои на фақат тоҷику ӯзбек, балки русу туркман ва миллатҳои дигар низ хидмат хоҳанд кард. Ӯ чандин нуктаи муҳими сиёсати сулҳпарваронаи роҳбарони кишварҳои Ӯзбекистону Тоҷикистонро зикр намуда, барои боз ҳам ривоҷу равнақ ёфтани фаъолияти кафедра ва Маркази миллию маданӣ муваффақиятҳои нав таманно кард.
Мудири кафедраи забоншиносии рус Нормат Панҷиев дар бораи фаъолияти кунунии Маркази тоҷикони Сурхондарё бо чандин далелҳо ҳарф зада, комёбиҳои онро алоҳида зикр намуд. 
Соҳибони нишони «30-солагии Конститутсияи Ӯзбекистон» Искандар Мирзоев ва Махфират Қурбоналиева низ ба Президент барои эътирофи хидматҳояшон изҳори миннатдорӣ намуданд. 

Рамазон АБДУЛЛОЕВ,
раиси Маркази миллию мадании тоҷикони вилояти Сурхондарё.
Ҷамшед ҶУМЪАҚУЛОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Тирмиз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: