Дар маҷмӯи маънавӣ-маърифатии «Олами китоби Самарқанд»-и шаҳри Самарқанд тақдимоти китоби «Рассомони Самарқанд ва устодони санъати амалӣ» шуда гузашт.
Дар маҷмӯи маънавӣ-маърифатии «Олами китоби Самарқанд»-и шаҳри Самарқанд тақдимоти китоби «Рассомони Самарқанд ва устодони санъати амалӣ» шуда гузашт. Дар он рассомони самарқандӣ ва китобдӯстон иштирок намуданд.
Тадбирро роҳбари шӯъбаи маънавият ва маърифати шаҳри Самарқанд Хуршед Нуруллоев кушода, оид ба эҷодиёти рассомони самарқандӣ, аҳамияти китоб гап зад.
Дар китоб-каталоги мазкур намунаҳо аз асарҳои 41 нафар рассоми шинохта ҷамъоварӣ шудааст. Китоб моҳи гузашта аз ҷониби ҶММ «Relieble print»-и пойтахт чоп шуд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
Вилояти САМАРҚАНД.