ТАҚДИМОТИ ОСОРИ МУНТАХАБИ ТӮРА СУЛАЙМОН

Дар мактаби эҷодии ба номи Ҳалима Худойбердиева тақдимоти “Осори мунтахаб”-и Шоири халқии Ӯзбекистон Тӯра Сулаймон ва маҷмӯъҳои дастҷамъии эҷодкорони сирдарёӣ “Сайҳун саболари”, “Сирдарёнинг мавжлари” ва “Сирдарёда улуғвор ӯзгаришлар” баргузор гардид.

Дар мактаби эҷодии ба номи Ҳалима Худойбердиева тақдимоти “Осори мунтахаб”-и Шоири халқии Ӯзбекистон Тӯра Сулаймон ва маҷмӯъҳои дастҷамъии эҷодкорони сирдарёӣ “Сайҳун саболари”, “Сирдарёнинг мавжлари” ва “Сирдарёда улуғвор ӯзгаришлар” баргузор гардид.
Раиси Кумитаи Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Сайфуллоев, муовини раиси Иттиҳоди нависандагони ҷумҳурӣ Ғайрат Маҷид, сармуҳаррири нашриёти “Шарқ” — Аҳрор Аҳмедов, сармуҳаррири рӯзномаи “Ӯзбекистон адабиёти ва санъати» Салим Ашӯр ва дигарон иштирок карданд.
– Хонандагони ин мактаб, бешубҳа, ҷавонони хушбахтанд,– гуфт ҳини суханронӣ Бахтиёр Сайфуллоев,– зеро онҳо дар мактабе, ки бо ташаббуси сарвари кишварамон ташкил шудааст таҳсил мегиранд. Ташкил шудани мактабҳои эҷодии ба номҳои Ибрат, Абдулло Қодирӣ, Эркин Воҳидов, Абдулло Орипов, Муҳаммад Юсуф ва Ҳалима Худойбердиева далели он аст, ки ҷавонони Ӯзбекистон ояндаи дурахшон доранд.
Ғайрат Маҷид ва дигарон иброз доштанд, ки тадбири имрӯза як навъ посдории хотири Тӯра Сулаймон, Ҳалима Худойбердиева барин эҷодкорон аст, ки дар замини Сирдарё ба воя расидаанд ва ҳувайдост, ки кори онҳоро шогирдонашон давом медиҳанд.
Дар тадбир ба се нафар эҷодкори сирдарёӣ – Алиқул Хонимқулов, Аҳрор Байзо ва Абдуғанӣ Абдураҳмонов гувоҳномаи узвият ба Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон супорида шуд.

Тӯхтамиш БОҚИЕВ, 
хабарнигори “Овози тоҷик” дар вилояти Сирдарё. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: