ТАҚДИРИ РИСОЛАТ РАҲИМОВА,

ё худ зане, ки дар зиндагӣ нақши мардро бозидааст

Дер боз ният доштам, ки оид ба фаъолияти бонуи қавиирода апаи Рисолат, ки дар маҳаллаи Майдони деҳаи Варзик зиндагӣ мекунад, суҳбат карда маводе омода намоям.
Фурсат расиду мо ба ниятамон расидем. Моро Раҳимоваю писараш Баҳодур самимона истиқбол гирифтанд. 
Рисолат Раҳимова ҳанӯз дар давраи толибагӣ духтари ҷисмонан ва маънан фаъол буд. Фанҳоро пешу беш аз худ мекард, дар корҳои иҷтимоӣ низ чусту чолок буд, дар байни ҷамоаи мактаб ангуштнамо буд. Рӯзе аз Хуҷанд 2 нафар муаллима омаданд. Онҳо хоҳишмандонро барои таҳсил ба институти омӯзгорӣ бурданӣ шуданд. Дар байни доништалабон Рисолат Раҳимоваи аълохон ҳам буд. Ба таҳсилравии ӯро модаркалонаш Анорбибӣ Рӯзиматова шунида, пурсид:
– Ту чӣ кор карданӣ?
– Ба хондан меравам.
– Ба куҷо?
– Ба Хуҷанд. 
– Ҷойи дур будааст, намеравӣ. 
Кӯшишҳои Рисолат зоеъ рафтанд: модаркалон дар аҳдаш сахт истод.
Духтараки ғайратманд, ки бекор нишаста наметавонист, номаи камоли пур аз баҳои аълояшро бо ҷаҳл ба гӯшае ҳаво доду ба саҳро баромад. Аз овони мактабхонӣ ба корҳои саҳро одат карда буд, касби пахтакориро ба худ пеша карда, бо ғайрату шуҷоат ба меҳнат даромад. Ҳар  сол дар бобати хишоваи пахта ва то охирин нахҳо ғун кардани ҳосил пешқадаму зарбдор буд. Аз дилу дидаи ҳамкасбону ҷамоа ҷой гирифт.
Дар ин давр ба шавҳар расид. Як хешашон оилаи навро барои ободкунии заминҳои бекорхобида ба вилояти Сирдарё даъват намуд.
Дар ин ҷо ҳам Рисолат тамоми қувваашро ба кор андохта, пахтакори номдор шуд. Фарзандон таваллуд ёфтанд. 
Чӣ бояд кард? Шодию ғами ҳаёт боҳаманд. Ба болои шодиҳои хонадон ғам низ пеш омад. Шавҳари Раҳимова – Маҳмудҷон Рӯзиматов, ки муовини сарҳисобчии хоҷагӣ буд, ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, аз дасти чапаш ҷудо шуд. Масъулони идора ӯро хаткашон таъин карданд. Гарчи чунин аҳвол буд, оила шукр мекард, ки саробонаш зиндаю саломат аст. Раҳимова низ аз он азоби рӯҳӣ ба худ омаду боз ба зиндагӣ часпид. Пас аз 9 соли мусофирию дурӣ оилаи онҳо аз нав ба зодгоҳаш бозгашт.
Раиси хоҷагии варзикиён Ғаниҷон Ҳоҷиматов гуфт:
–  Ту зарбдорӣ, ту фаъолӣ, – ба Раҳимова манзили 2-хонагии аз ҷониби давлат сохташударо дод. 
Раҳимова бо арзи сипос манзилро бо қитъаи заминаш қабул кард. Манзили нав ба хонавода бахт овард.
Одатан ва ҷавобан ба ғамхориҳо барвақт ба саҳро мебаромад. Чинакчиён дар пахтазор дар миёни 2 қатор, вай бошад, бо равуо дар байни 4 қатор пахта мечинд. Ҳар дақиқаро ғанимат медонист. Пахтаи якчигита ва ба замин рехтаро низ зуд ба пешдоман меандохт ва рӯзе то 220 кг пахта ҷамъ меовард.
Ҳар сол дар аввали моҳи ноябр натиҷаи меҳнати пахтакорон ҷамъбаст мегардид. Хирмани пахтаи Раҳимоваи пешсаф дар 2 моҳ ба 9,3 тонна расид. 
Ҳамон вақт раиси хоҷагӣ ӯро бо зафари меҳнатиаш табрик гуфта, ба ӯ як либосворӣ атлас, чорсад сӯм пул ва орденеро супорид. Он айём чорсад сӯм пули калон – нархи як модагови дӯшоӣ буд.
Ҳанӯз синни Раҳимова ба 40 нарасида, шавҳараш Маҳмудҷон Рӯзиматов вафот кард. Ин зарбаи сахти тақдир бар дӯши Раҳимова  буд. Масъулияту таъминоти ҷигарбандонаш пурра ба зиммаи кадбону афтод. Ба ҳамааш сабру тоқат кард. Бо музди меҳнати ҳалол ва даромади модагову гӯсолаҳои парваришкардааш 4 фарзандро ба воя расонд. Онҳоро ба соҳибони хонадонҳои хушбахт табдил дод.
Фарзанди калонӣ Баҳриҷон дар фабрикаи дӯзандагии шаҳри Чуст фаъолият бурда, ба нафақа баромад. Дуюмаш, Шаҳриҷон, духтури бачагон, дар нафақа буд, вале бо дархости роҳбарон чун шифокори баландихтисос дар яке аз шифохонаҳои шаҳри Чуст меҳнат карда истодааст. Сеюмӣ, Лутфиҷон, соҳиби маълумоти олӣ, раиси кумитаи занону духтарони маҳаллаи Пилол аст. Писари ягонааш Баҳодур дар шуъбаи роҳсозии ноҳия машғули касбу кор аст.
Апаи Рисолат, ки омӯзгор шудан мехост, бахту иқболашро аз шуғли пахтакорӣ дарёфт. Момои 91-сола 43 соли умрашро ба кори саҳро бахшид. Имрӯз ӯ давлати пирӣ меронад. Ҳар сол барои истироҳату мустаҳкамсозии сиҳатиаш ба осоишгоҳҳо роҳ пеш мегирад. 
Ҳар гоҳ фарзандон бо абераю чабераҳо ҷамъ оянд, ҳавлии собиқадори меҳнат, бонуи насиҳатгару дуогуй ба тӯйхона – макони хушу хурсандӣ мубаддал мегардад.
Ба қарибӣ гувоҳ шудем, ки Рисолат Раҳимоваи бардаму солим чун хонуми ҷавон бе кӯмаки нафаре қоматашро рост карда, дар кӯчаашон қадам мезад. 

Ш. МИРЗОЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: