Баҳори соли 1982. Ман баъди хатм намудани факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ (соли 1977) дар мактаби он замон ягонаи деҳаи Синтоби ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ ҳамчун омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, инчунин забони форсӣ, ки муддатҳо дар аксар маърифатгоҳҳои тоҷикии ноҳия ба сифати забони хориҷӣ омӯзонида мешуд, кор мекардам.
Яъне соли панҷуми корам дар мактаби мазкур буд. Ҳарчанд ҳанӯз аз солҳои донишомӯзӣ дар ҳамин мактаб ва баъдан айёми донишчуйӣ дар донишкада шеър машқ мекардам ва баъзан онҳо дар рӯзномаҳои «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик»), «Комсомоли Тоҷикистон», ки сонитар «Ҷавонони Тоҷикистон» ном гирифт, ё маҷаллаи «Машъал» (Тоҷикистон), ки дертар номаш ба «Чашма» иваз гардид, чоп мешуданд, ду соли охир ин шуғлро ҳам, бинобар он ки пас аз саъю кӯшиш ва талошҳои зиёд, дигар умеди ба ягон шаҳри маркази илму адаб, бахусус адабиёт, бигирем Душанбе – пойтахти Тоҷикистон ё ақаллан Тошканд – рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» рафтану кор кардан намонда буд, ба таъбири маъруф, ғун дошта монда, тамоми донишу иқтидори зеҳнии худро, ба қавле ба кори таълиму тарбияи насли наврас сафарбар менамудам.
Боре бегоҳирӯзӣ мотосиклсавор аз поёни деҳа, ки ёд надорам, бо чӣ коре рафта будам, баргашта, ҷониби хона мерафтам, ки муаллими фанҳои алгебраву геометрияи мактабамон Қурбон Ҷӯраев сари роҳ баромада, ба маънии «бозист» даст бардоштанд. Мотосиклро нигоҳ дошта, хомӯш кардам ва бо муаллим, ҳарчанд ҳамон рӯз дар мактаб вохӯрда будем, салому алейк намудам.
— Лаббай, устод, ҷое равонаед?
— Не-е, дар ин бемаҳалӣ куҷо меравам. Туро ба хона таклиф карданӣ будам.
— Барои чӣ? Зодрӯз доред ё ягон тадбири дигар?
— На ину на он. Фақат дилам хост, ки таоми тайёркардаи янгаатро бо ту ба ҳам бинам.
— Аҷиб-ку. Чаро маҳз бо ман?
— Гуфтам-ку. Дилам хост. Не нагӯй. Роҳ дур не. Мебинам, ки чароғҳои мотосиклат ҳам кор мекунанд, равшананд. Боз медонам, ки ту шаробхур не. Яъне, ба гуфтаи шумо, филологҳо — ҳамтабақ мешавем, ҳамқадаҳ не.
Ростӣ, муаллимро (Илоҳӣ, охираташон обод бошад!) дӯст медоштам, ҳурмат мекардам, умуман ӯро ҳамаи ҳамкорону тамоми мардуми деҳа ҳам ҳамчун инсону ҳам чун омӯзгори собиқадор ва босавод иззату эҳтиром менамуданд. Вай, дарвоқеъ инсони хуб буд ва дар ноҳия ба сифати риёзидон-математики беҳтарин шуҳрат дошт. Аз ин рӯ чанд сол муқаддам сазовори унвони ифтихории он замон хеле пуршарафи «Аълочии маорифи халқи Ӯзбекистон» (ҳоло «Аълочии таълими халқ») низ гардида буд.
Дигар ҷойи узру маъзаратхоҳӣ ва саркашӣ кардан набуд. Муаллим пеш-пешу ман аз пас мотосиклкашолакунон ба ҳавлии васеъ ва дилкаши ӯ даромадем. Даст шуста, дар атрофи дасторхони ороста нишастем ва то расидани таом аз ҳар дар суҳбат кардем. Ин ҷо ба маврид аст, таъкид кунам, ки Қурбон Ҷӯраев низ охири солҳои сиюм дар Самарқанд, дар омӯзишгоҳи муаллимтайёркунии воқеъ дар мавзеи Даҳбеди шаҳри бостонӣ таҳсил кардааст, ки баъдтар ба Омӯзишгоҳи педагогии тарбияи ҷисмонӣ табдил ёфт.
Хулоса, суҳбати мо то таом ва пас аз тановули он ҳам хеле давом кард. Баъди ин ҳангомаи тӯлкашида, дар сари ман дафъатан фикри доир ба саргузашти аҷиб ва кору фаъолияти пурсамари муаллим навиштани мақолае ё ақаллан лавҳае пайдо шуду онро ба ӯ иброз доштам:
— Муаллим, агар ман дар бораи ҳаёт ва фаъолияти шумо ягон чиз навишта, онро ба рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» фиристам, чӣ мегӯед?
— Чӣ мегуфтам, хурсанд мешавам, албатта, вале оё ту ин корро карда метавонӣ? Ман нағз медонам, ки пештар баъзан шеър менавиштию он дар рӯзномаи гуфтагиат чоп мешуд, хонда фахр мекардем, ки чунин шогирду ҳамин хел ҳамдиёр дорем, аммо мақола навиштанатро ёд надорам, шояд навишта бошӣ, вале ман надидаву нахондаам.
— Шумо дуруст мегӯед, ман шеър менавиштам ва ягон бор мақола, ҳатто хабари хурд ҳам нанавиштаам, вале русҳо як мақол доранд...
— Попытка, не пытка, – ҳозирҷавобӣ кард муаллим.
— Оре, аз карнайчӣ як пуф ё шавад обӣ, нашавад лалмӣ, – гуфтагӣ барин.
— Барои ин чӣ кор кардан даркор?,— бо суол ба ман муроҷиат кард муаллим.
— Ҳеҷ, шумо, аллакай ҳама корро кардед, агар хато накунам, собиқаи беш аз сисолаи корӣ доред, аз математикҳои номдору шуҳратманди ноҳия ҳастед, акнун фақат шарҳи ҳол бо иловаи ҷой ва солҳои кор, номгӯйи мукофот ва боз як дона акси хуби шумо кифоя аст.
— Барои кай?
— Аксу ҳуҷҷатҳои мукофот, агар имконият бошад, ҳоли ҳозир, шарҳи ҳолатонро имшаб ё ягон рӯзи дигар муфассал навишта ба мактаб мебаред, ман мегирам. Чӣ гуфтед?
— Хуб.
Пас аз таҳурӯйи ҳуҷҷату аксҳои муаллим ва сабту интихоб кардани онҳо бо ӯ хайрухуш намудам.
Ҳамин тариқ ман дар умри худ бори аввал хабару лавҳа ва мақолаи одӣ не, балки ба фармудаи Хоҷа Ҳофиз: — «Ҳиммат баланд дор, ки мардони рӯзгор, Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд», амал карда, яку якбора таҳти унвони «Панди падар» ба таври худ очерке навиштаму онро ба идораи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ирсол намудам.
Он замон миқдори обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳо хеле зиёд буд. Оилае набуд, ки ҳадди ақалл ба ду ё се номгӯйи нашрияҳои худӣ ва марказӣ, яъне маҷаллаву рӯзномаҳое, ки дар Маскав чоп мешуданд, обуна набошад. Аз ин лиҳоз почталионҳо дар деҳот барои осонтар шудани кори худ, анқариб 70-80 фоизи матбуоти расидаро дар мактабҳо тақсим мекарданд. Зеро дар ин ҷо аз ҳар оила нафаре буд ва, агар не, ақаллан ҳамсояву ҳамгузари ӯ мехонд.
Дар деҳаи Синтоб ҳам ин тарзи газеттақсимкунӣ, яъне ба обуначӣ расондадиҳии матбуоти даврӣ истифода мешуд ва хубу мунтазам амал мекард. Ҳар дафъа, ки хаткашони деҳа—акаи Набӣ мотосиклсавор бо халтаи пури рӯзномаву маҷаллаҳо ба мактаб меомад, пештар ва бештар аз ман муаллим Қурбон Ҷӯраев ҷониби вай мешитофт ва ҳарисона шумораи нави «Ҳақиқати Ӯзбекистон»-ро саҳифагардонӣ менамуд. Ва ҳар бор тарбузаш аз бағал афтода, ба ман шикоят мекард, ки аз навиштаам дараке нест. Ман дар ҷавоб барои он ки ӯро ором кунам, ба вай: «– Ин корро бори аввал кардам, шояд чандон мувофиқ ва муносиби ин рӯзномаи бонуфуз навишта натавониста бошам, узр, муаллим», – мегуфтам.
Бад-ин минвол тақрибан ду моҳ сипарӣ шуд. Боре, ҳангоми танаффус, вақте ки ҳамаи омӯзгорон дар хонаи муаллимон ҷамъулҷамъ будем, акаи Набии почталион даромада омаду бо овози баланд эълон кард, ки: — Дар газетаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» муаллими Қурбонбойро баровардаанд. Ғайр аз ману муаллим ҳама мутаҳаййир буданд. Зеро ба ҷуз ҳар дуи мо дигар касе аз нимкосаи таги коса огоҳ набуд.
Ман аз ҷо парида хестам ва рӯзномаро аз дасти хаткашон гирифта, ба он сарсарӣ чашм давондаму ба Қурбон Ҷӯраев, ки чун одат дар болотар аз ҳама менишаст, супурдам ва ӯро пештар аз дигар шогирдону ҳамкоронаш самимона табрик кардам.
Муаллим назаре ба очерк дӯхту чашмони аз ғояти хурсандӣ ашкгирифтаашро поккунон:
— О, ина ҷудо калон навишта будаӣ-дия. Ман гуфтам ин қадар дер чоп шуд. Раҳмат-е, шогирд, дастат дардро набинад, қаламат тезу бурротар шавад, – гӯён маро ба оғӯш кашид.
Ман ин шодиву хушҳолии ӯро дида, дафъатан дарк намудам, ки кори хайру савобе кардаам ва аз ин зиёдтар аз вай хурсанд шудам. Бояд гуфт, ки ӯ аввалин омӯзгор ва шояд нахустин шахс аз ин деҳаи кучак буд, ки дар рӯзномаи ноҳиявӣ ё вилоятӣ не, балки дар нашрияи ҷумҳуриявӣ – органи Кумитаи Марказии ҳизби «роҳбару раҳнамо»-и вақт — «Ҳақиқати Ӯзбекистон» таърифу тавсиф мешуд. Он замон ин гапи андак набуд...
Дере нагузашта, аниқтараш 12 майи соли 1982 аз идораи рӯзнома бо дастхати шахсан сармуҳаррири он Шавкат Ниёзов ба номи камина мактуб расид, ки ростӣ, бағоят хушнудкунанда ва ғайричашмдошт буд.
Баъд аз хонда баромадани мактуб аввалин коре, ки кардам, ин беистиҳола ва бидуни иҷозапурсӣ ба дафтари директори мактаб, устоди азизам Саломатулло Олибоев даромадан буд.
— Биё, – гуфт устод, оромона ва шояд аз ваҷоҳати ман чизеро пайхас намуд, ки дафъатан: — Чӣ гап? Ягон муаммо баромад? — гӯён саволборон кард.
Ман чизе нагуфта, мактубро ба ӯ дароз кардам. Устод: — Ӯҳӯ-ӯ, зӯр-ку, гуфта, номаро аз лифофа берун оварда хонду аз ҷояш хест ва дасти маро фишурда табрик кард.
— Ана инро муваффақият, омади кор, мегӯянд. Сабр талх аст, вале меваи ширин медиҳад, фармудаанд бузургонамон, ки ҳақ асту рост. Офарин! Акнун чӣ кор карданиӣ?
— Намедонам, дар хона бо падару модар маслиҳат карда, ба ягон қарор меомадагистем, – ҷавоб додам ба устод,
— Дуруст мекунӣ, ҷомаи бамаслиҳат кӯтоҳ наояд, гуфтаанд. Маслиҳати пиронро гирифтан шарт. Агар онҳо розигӣ диҳанд, то анҷоми хониш дар синфҳои ибтидоӣ як бор Тошканд рафта, бо вазъият, шароит ва аз ҳама муҳимаш масъалаи манзили зист шинос шуданат даркор. Давомашро баъд боз гапзанон мекунем...
Хуллас, ман баъд аз маслиҳату ризоияти падару модар ва роҳбари мактаб 20 май ба Тошканд рафтам. Сармуҳаррир маро хуш истиқбол карда, баъди шиносоӣ иброз дошт, ки очерки «Панди падар»-ро шахсан худаш хонда, пештар аз нашри он ба номи ман аз идора ба мазмуни даъват ба таҳририят телеграмма низ роҳӣ кардаанд, вале чун ҷавобе нашудааст, мақоларо дертар ба чоп супурдаанд.
Гуфтам, ки телеграммаро нагирифтаам. Мактуб бошад, ҳамин як ҳафта пеш дастрас гардид...
— Боке не, – гуфт Шавкат Ниёзов ва аз ҳолу аҳвол, падару модар, шароити зиндагии шахсии ман пурсон шуд. Дар навбати худ маро бо шароити кори рӯзнома, вазифа, маош ва имкониятҳои дигаре, ки дар ин идора мавҷуданд, ба тафсил шинос кард. Чун фаҳмид, ки оиладор ва падари ду фарзанд ҳастам, ваъда дод, ки барои ҳарчи зудтар соҳиби хонаи худӣ шудани ман саъй мекунад.
— Кай метавонед ба кор оед, — хулоса кард сармуҳаррир.
— Тавре ки гуфтам, ман омӯзгор, барилова роҳбари синфи даҳум, синфи хатмкунанда ҳам ҳастам. Шумо хуб медонед, ки баъди чанд фурсат дар синфҳои болоӣ имтиҳоноти давлатӣ сар мешаванд. Аз ин рӯ метавонам танҳо охирҳои июл ё аввали моҳи август ба Тошканд оям, зеро дар ҳамаи синфҳои тамомкунанда – ҳаштуму даҳум аз фанҳои забон ва адабиёт, ҳатто аз забони форсӣ низ, ки дар мактаби мо ҳамчун забони хориҷӣ таълим дода мешавад, имтиҳонҳои давлатӣ ҳастанд.
— Хуб, мо розӣ, имтиҳонҳоро бо хотири ҷамъ ва нағз қабул кунед, ба падару модар ва ҷамоаи мактабатон аз номи кормандони «Ҳақиқати Ӯзбекистон» саломҳои гарму ҷӯшон расонед. Мо шуморо моҳи август интизор мешавем. Гуфтагӣ барин, агар хато накунам, шумо шеър ҳам менавиштед-а? – саволи ногаҳонӣ дод, Шавкат Ниёзов аз ҷояш нимхез шуда.
— Бале, менавиштам, вале чанд соли охир нанавишта мондам, зеро шароит...
— Ба кори рӯзнома, ки гузаштед, навиштани шеърро аз ҷойи қатъшудааш давом медиҳед, ҳамааш хуб мешавад, шароит ҳам, бовар кунед,– гуфт ӯ ва барои хайрухуш даст дароз кард: — Хайр, то боздид, амон бошед!
Ман мувофиқи ваъда ва қарордод аввали августи соли 1982, ки он замон 27 сол доштам, ба идораи «Ҳақиқати Ӯзбекистон», «Овози тоҷик»-и кунунӣ ба кор омадам ва то имрӯз, ҳарчанд нафақахӯрам, дар ин даргоҳи бароям ба ҳар маънӣ азизу муқаддас кор мекунам.
Дар ин муддат, мувофиқи қавлу қарор, бо дастгирии ин роҳбар ва инсони яксухан соҳиби хонаи худӣ, дар тӯли ду соли кор ба узвияти Иттифоқи журналистони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ пазируфта ва баъдан бо дахолати бевоситаи ӯ узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон шудам, аз хабарнигори одии рӯзнома то ба вазифаи муҳаррири шуъбаи он расидам.
Муҳимтар аз ҳама, тавре муаллим илтифоту пешгӯӣ карда, «ҳамааш хуб мешавад» гуфта буд, бо тамоми шавқу иштиёқ, иқтидори табъу завқ ба кори эҷод пайвастам ва чандин баёзу китобҳои ашъорам аз тариқи нашриётҳои гуногуни Душанбеву Тошканд чоп шуданд.
Соли 1989 боз бо инояти ӯ ҳамсарам Идигул низ ба сифати мошиннавис ба идора ҷалб шуд ва то соли 2013 дар ин соҳа кор карда, ба нафақа баромад.
Соли 1996 журналисти беҳтарини соли Ӯзбекистон ва соли 1997 ба гирифтани мукофоти давлатӣ – медали «Шуҳрат» муваффақ шудам...
Аз ростӣ, ҳеҷ гумон надоштам, ки як очерки воқеан, тасодуфан, ба як маънӣ раҳораҳ навишташуда, роҳи ҳаёти баъдинаамро бад-ин дараҷа куллан дигаргун мекунаду маро ба идораи рӯзнома кашонда, бо инсонҳои самимиву бузурге чун сармуҳаррири он Шавкат Ниёзов рӯ ба рӯ ва қарибу қарин месозад. Барои ин ҳама месазад аз сарнавишти худ розӣ бошам, шукрона гӯям.
Дар урфият — тақдирро тақдирҷунбон мебояд, мегӯянд. Аз ин дидгоҳ, албатта, аввалан Худованди бахшояндаву меҳрубон, баъдан роҳбари пухтакору тавоно, устод Шавкат Ниёзов, ки, эътибор диҳед, беш аз сию панҷ сол!, сарварии ин рӯзномаи сиёсиву иҷтимоӣ ва боз маъруфу машҳурро дар уҳда дошт, як навъ тақдирҷунбони бандафақир ва на фақат камина, балки даҳҳо нафар, аз ҷумла шоир, Корманди шоистаи фарҳанги ҷумҳурӣ Ҷонибек Қувноқов, Журналистони шоистаи Ӯзбекистон Муайяна Хоҷаева, Маъруф Отахонов, Эсан Турдиқулов, нависандагони хушқалам Бекназар Тӯйназаров ва Хӯҷамурод Қӯлдошев, журналистони чиридасту тарҷумонҳои моҳир Ҳисомиддин Абдувалиев, Матлуба Шоалиева, Шоҳқаҳҳор Салимов ва дигарон будааст...
Дар бораи кору амалҳои неки мавсуф барои идораву нисбати кормандони он, ба хусус бандафақир метавон ёддошту хотираҳои бисёре нақл кард, вале суҳбатро дар ин мавзӯъ ба фурсати дигар вогузошта, ба маврид аст, мутазаккир шавам, ки маҳз дар даврони сармуҳарририи Шавкат Ниёзов рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» соли 1974 барои хидматҳои бузургаш бобати пойдориву таҳкими дӯстии халқҳо ва ба муносибати 50-солагиаш бо ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат»-и Иттиҳоди Шӯравии собиқ мукофотонида шуд, ҳамчунин соли 1991 пас аз соҳиби истиқлоли комил ба даст овардани Ҷумҳурии Ӯзбекистон дубора номи асливу таърихии худ —«Овози тоҷик»-ро касб кард, ки инак садсола мешавад.
***
Шавкат Ниёзов 8 сентябри соли 1931 дар шаҳри Ӯротепа, ҳоло Истаравшани Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1950 ба факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна дар Тошканд дохил шуда, онро соли 1955 хатм мекунад. Солҳои 1955-56 дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ»-и Тоҷикистон кор карда, бозпас ба Тошканд меояд ва дар идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ҳамчун мудири шуъба, муовини сармуҳаррир ва аз соли 1961 то соли 1997 ба сифати сармуҳаррир ифои вазифа менамояд.
Шавкат Ниёзов тӯли фаъолияти худ дар рӯзнома чаҳор навбат депутати Шӯрои Олии Ӯзбекистон, муддати мадид узви Комиссияи назоративу тафтишотии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии ҷумҳурӣ интихоб шудааст, ӯ узви Иттифоқи журналистони Иттиҳоди собиқ, узви раёсати Иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ, сазовори бисёр ордену медалҳои давлатӣ, аз ҷумла барандаи унвони Корманди шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон буд.
Шавкат Ниёзов 11-уми майи соли 2013 дар Тошканд аз олам даргузашт.
Ёди устод ба хайр ва охираташ обод бод!
Тӯхтамиш ТӮХТАЕВ,
муҳаррири бахши фарҳанги «Овози тоҷик».